ХАБАРҲО АЗ ҶИЗЗАХ

САЙР БО ВЕЛОСИПЕД

Бо ташаббуси Садорати тандурустии вилояти Ҷиззах ҳар рӯзи шанбе «Тарғиби тарзи солими ҳаёт» гузаронда мешавад. Ин дафъа дар «Шаҳраки ҷавонон»-и Ҷиззах сайр бо велосипедҳо баргузор гардид.
Велосипедронӣ барои мустаҳкам намудани саломатии инсон аҳамияти калон дорад. Он ҳаракати якнавохти мушакҳо ва дилро таъмин намуда, гардиши хунро ба танзим медарорад. Аз сӯйи дигар баҳри тозагии муҳити атроф хидмат мекунад. Ба ҷойи нақлиёти дудбарор истифода аз велосипедҳо ифлосшавии ҳавои шаҳрҳо пешгирӣ карда мешавад.
МАРАФОНИ ПИЁДАГАРДӢ
Дар ин пойга қариб ҳазор нафар иштирок карданд. Онҳо ба масофаи панҷ километр пиёда рафта, дар боғи ба номи Шароф Рашидов таваққуф намуданд.
Тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, дар аксар кишварҳои мутараққии олам аҳолӣ ҳар рӯз якчанд километр масофаро пиёда тай мекунанд. Назар ба маълумоти шифокорон 20-30 дақиқа пиёда гаштан ба беҳшавии саломатии мо хидмат менамояд. Қувваи ҳофизаро мустаҳкам мекунад, фишори хунро муътадил мегардонад. Бояд гуфт, ки ин чорабинӣ дар миқёси вилоят бори аввал гузаронда мешавад.
МО ЗИДДИ СӮХТОР ҲАСТЕМ
Садорати бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати корҳои дохилии вилоят якҷоя бо як қатор муассисаву ташкилотҳо миёни муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академӣ чорабинӣ таҳти унвони «Мо зидди сӯхтор ҳастем» гузаронд. 
Дар ин чорабинӣ хонандагон машқҳои гуногунро, ки зимни ҳодисаҳои фавқулодда ва нохуш, ба монанди сӯхтор рӯй медиҳанд, ба ҷо оварданд. Онҳо аз деворҳои сунъӣ гузаштанд, ба баландӣ тавассути зинаҳо баромаданд. Ё худ аз ҷойи ҳодиса халос кардани ҷабрдидагонро бо ҳаракатҳои ҷисмонӣ ва чусту чолокии ба худ хос намоиш доданд. Натиҷаҳои ниҳоӣ собит намуд, ки ҳангоми давидан ба масофаи 400 метр ва ба баландӣ баромадан муҳассилини литсейи академии назди Донишкадаи давлатии политехникии Ҷиззах ва мактаби рақами 18-уми шаҳри Ҷиззах дастболо гардиданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: