МУНОСИБАТИ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КУРИЁ БА ДАРАҶАИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ МАХСУС БАРДОШТА ШУД

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 апрел Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин ба мамлакатамон бо ташрифи давлатӣ омад.

Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дуранд, аммо дилҳо наздик, дар роҳи сулҳ ва тараққиёт давлатҳои мақсадашон муштарак аст. Аз таърих маълум аст, ки мамлакатҳоямон аз замони Роҳи бузурги абрешим шурӯъ намуда, равуоро ба роҳ гузоштаанд. Аз деворнигораҳои осорхонаи «Афросиёб» дар Самарқанд маълум мегардад, ки дар нимаҳои асри VII ҳукмдори Самарқанд сафирони  Куриёро  қабул намудааст, ки ин маросим дар нигораҳои мазкур инъикос ёфтааст.
Шарикии стратегии мамлакатҳоямон аз санҷиши вақт гузаштааст. Самараи мулоқотҳои дараҷаи олӣ ва азми муштарак аст, ки ҳамкориҳои мамлакатҳоямон дар аксарияти соҳаҳо муттасил ривоҷ меёбад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22-25 ноябри соли 2017 бо ташрифи давлатӣ аз Ҷумҳурии Куриё боздид ба амал оварда, муносибати тарафайнро ба зинаи сифатан нав боло бурд.
Ин ташрифи таърихӣ барои ривоҷ додани алоқаҳои гуногунҷанба заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Дар доираи ташриф беш аз 20 ҳуҷҷати байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, инчунин ба қимати беш аз 10 миллиард доллари ИМА 64 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Куриё ба Ӯзбекистон дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистону Куриё ба сифати рӯйдоди муҳим барои боз ҳам қарин сохтани мамлакат ва халқҳоямон хидмат хоҳад намуд.
Воқеаҳои асосии ташриф 19 апрел дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омаданд. 
Баъд аз маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин дар доираи танг музокирот гузаронданд.
Сарвари давлатамон меҳмони олимартабаро бо ташрифаш ба мамлакатамон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ин ташрифи муҳим ва деринтизор мебошад.
– Куриёи Ҷанубӣ шарики боэътимод ва устувори Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ман вохӯриамонро дар соли 2017-ум бо мамнуният ба ёд меорам. Ҳамон вақт музокиротамон дар вазъияти самимӣ ва конструктивӣ гузашта, силсилаи ҳуҷҷатҳои бузург ба имзо расиданд. Ташрифи ҳолоинаи шумо ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ таҳрики нав хоҳад бахшид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Ҷумҳурии Куриё барои даъват ба Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намуд ва таъкид кард, ки муносибати байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар роҳи дӯстӣ ва ҳамкории муфид пайваста ривоҷ меёбад.
– Ӯзбекистон дар маркази Роҳи бузурги абрешим мамлакати таърихаш куҳан ва ғанӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз мамлакататон ба давраи нави рушди худ қадам мегузорад. Мо Ӯзбекистонро ба сифати шарике мебинем, ки дар «Сиёсати нави шимолӣ» нақши муҳим дошта, ба фаъол гардондани алоқаҳои тиҷоративу сармоягузории Куриёи Ҷанубӣ нигаронда шудааст. Имрӯз мо ният дорем ҳамкориро ба дараҷаи шарикии стратегии махсус барорем, – гуфт Мун Чжэ Ин.
Ӯзбекистон барои боз ҳам амиқсозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Куриё, ки молики салоҳияти пурзӯри иқтисодӣ, индустриалӣ ва интеллектуалӣ мебошад, чун ба яке аз масъалаҳои стратегӣ назар меафканад. Пас аз он ки соли 1992 дар байни мамлакатҳоямон муносибати дипломатӣ ба роҳ андохта шуд, дар бобати ривоҷ додани алоқаи тарафҳо натиҷаҳои назаррас ба даст омад.
Дар байни мамлакатҳоямон беш аз 170 ҳуҷҷати байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ қабул гаштааст. Ин пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ чун пойдевори мустаҳками ҳамкорӣ хидмат менамояд. Декларатсия дар бораи Шарикии стратегие, ки соли 2006 имзо гаштааст, Изҳороти муштарак дар бораи амиқсозии ҳамаҷонибаи муносибатҳои Шарикии стратегӣ, ки соли 2017 қабул гаштааст, аз садоқати ҷонибҳо ба ҳамкорӣ, дӯстӣ ва эътимоди ҳамдигар далолат медиҳад.
Мамлакатҳоямон дар доираи СММ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ якдигарро дастгирӣ менамоянд. Ӯзбекистон сиёсати сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Куриёро дар бобати мустаҳкам намудани ҳамбастагии байниҳамдигарӣ дар нимҷазираи Куриё, ки дар таъмини бехатарии глобалии Ҷумҳурии Куриё молики аҳамияти бузург аст, дастгирӣ менамояд.
Дар навбати худ Ҷумҳурии Куриё резолютсияи «Мустаҳкамсозии ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ барои таъмин сохтани  сулҳ, суботнокӣ ва тараққиёти муттасил дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва ҳам «Кушодадилии динӣ ва маърифат»-ро, ки соли 2018 бо ташаббуси Ӯзбекистон аз ҷониби Сарассамблеяи СММ қабул гардид, дастгирӣ намуд.
Робитаҳои байнипорлумонӣ, табодули ҳайатҳо байни ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳо фаъол гардида, дар байни идораҳои сиёсати хориҷӣ механизми машваратҳои сиёсӣ руҳияи босамар гирифт.
Дар вохӯрӣ пешомади рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи байни мамлакатҳоямон баррасӣ шуданд. Пешвоёни ду мамлакат бино бар масъалаҳои ҷустуҷӯ намудани самтҳои муфиди шарикӣ, фаъол идома додани мулоқоти сиёсӣ ва машваратҳо барои мунтазам «қиёс намудани соатҳо» ҳамақида мебошанд.
Ҷонибҳо аҳду паймон намуданд, ки муносибатҳои шарикии стратегиро барои васеъ гардондани ҳамкории дуҷониба ва мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо таҳким диҳанд.
Ба динамикаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки барои вусъати минбаъдаи он имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Зарурати ба ин мақсад  такмил додани пойгоҳи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, фаъол гардондани ташрифҳо дар дараҷаҳои гуногун ва алоқаҳои байни доираҳои корчаллон қайд гардид.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мебошанд, мубодилаи афкор ба амал омад. 
Президентҳо музокиротро бо иштироки ҳайати расмии ду мамлакат идома доданд. Дар онҳо ба масъалаҳои рушди ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявиву техникӣ, маданиву гуманитарӣ ва ғайра эътибори алоҳида дода шуд.
Ҳамкории Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ бино бар тамоми самтҳо пайваста ривоҷ меёбанд. Байни мамлакатҳоямон тартиби қулаиҳои зиёд фароҳам овардан амал мекунад.
Дар коркард ва татбиқи лоиҳаҳои ба ҳамдигар муфид Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нақши муҳим дорад. 4 марти соли ҷорӣ дар Тошканд ҷамъомади нӯҳуми он ба амал омад. Аз соли 2018 формати ҷамъомади муовинони сарвазирони ду мамлакат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шуд.
Дар тӯли соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни ду мамлакат аз 2,1 миллиард доллар гузашт, ки дар вақтҳои охир нишондиҳандаи баландтарин гардид.
Дар Ӯзбекистон 660 корхона бо иштироки сармоягузорони куриёӣ аз он ҷумла 354 корхона бо сармояи садфоизаи хориҷӣ фаъолият нишон медиҳад. Ин аз рушди пайвастаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии доираҳои корчаллони ду мамлакат далолат медиҳад.
Дар кишварамон 75 ширкати ин мамлакат аз рӯйхат гузаштааст. Дар соли 2018-ум дар шаҳри Инчеон «Хонаи савдои ӯзбеку корейс » кушода шуд. Он бобати ба бозори Куриё расонда додани маҳсулоти ба андозаҳои ҷаҳонӣ моси Ӯзбекистон нақши муҳим мебозад.
Ҷониби Куриёи Ҷанубӣ ислоҳотеро, ки дар Ӯзбекистон оид ба озодгардонии иқтисодиёт ва беҳдошти иқлими сармоягузорӣ татбиқ мегардад, маъқул медонад. Ин ба афзун гардондани сармояи куриёӣ ба Ӯзбекистон, зиёд шудани миқдори истеҳсолот бо арзиши баланди иловагӣ ва фаъол гардидани ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаи технология хидмат мекунад.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки Ӯзбекистон аз васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, саноати кӯҳкорӣ, нақлиёт ва логистика, татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок дар соҳаи мошинсозӣ, электротехника, саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ, рушди инфрасохтор манфиатдор мебошад. Сарвари давлатамон қайд намуд, ки ният дорад минбаъд низ  тиҷорати корейсро барои он ки онҳо дар Ӯзбекистон худро бо ҳузуру ҳаловат ва боэътимод ҳис кунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. 
Дар рафти гуфтушунид имкониятҳои нави шарикӣ дар соҳаҳои мазкур, пешниҳодҳо бино бар татбиқи онҳо баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо оид ба созмон додани корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои бонуфузи иқтисодиёт, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хурди саноатии мамлакатамон, рушди «ҳукумати электронӣ», тайёр намудани кадрҳо барои соҳаҳои инноватсионӣ ва иҷтимоӣ аҳду паймон намуданд.
Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ имрӯз ҳамкории самарабахшро дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, тибби рақамӣ,  таълим ва маданият дастгирӣ мекунанд. Ба низоми таълими томактабии мамлакатамон таҷрибаи Куриёи Ҷанубӣ васеъ ҷорӣ карда мешавад.
Ҷаҳонбинӣ ва урфу одатҳои мардумони Ӯзбекистон ва Куриё шабеҳи ҳаманд. Мамлакатҳоямон дар даврони душвортарин ҳамдигарро дастгирӣ намудаанд. Имрӯз дар Ӯзбекистон беш аз 180 ҳазор нафар шаҳрвандони мансуби миллати корейс ба қисми ҷудонопазири ҷамъияти сермиллатамон табдил ёфтааст. Иттиҳодияи марказҳои маданияти корейс вуҷуд дошта, дар вилоятҳо шуъбаҳои он фаъолият доранд. Иттиҳодия дар диёрамон ва хориҷ аз он дар бобати ҳифзи забони корейсӣ, маданият, урфу одат, анъана ва ривоҷ бахшидани онҳо фаъолона кор пеш мебарад.
Соли 2017 ба муносибати 80-солагии буду боши намояндагони миллати корейс дар Ӯзбекистон дар боғи «Дӯстлик»-и пойтахт муҷассамаи ёдгорӣ гузошта шуд. Ба яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Сеул гузошта шуд. Бо мақсади ҳифзи мероси маънавиву мадании халқи корейс ва равнақ бахшидани он аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Куриё дар шаҳри Тошканд Хонаи маданият ва санъати Куриё сохта ба итмом расонда шуд. Ин маскан боз як мисоли равшани дӯстии абадии халқҳоямон мегардад.
Муассисаҳои таълими олии мамлакатамон бо беш аз 45 муассисаи илмиву тадқиқотии Куриёи Ҷанубӣ ҳамкориро ба роҳ андохтааст. Дар пойтахтамон филиали чор донишгоҳи Ҷумҳурии Куриё кушода шудааст.
Соҳаи тиб низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ аст. Бо мадади молиявиву техникии Агентии байналхалқии ҳамкории Куриё (KOIKA) мутахассисони ӯзбекистонӣ дар клиника ва марказҳои маъруфи Куриёи Ҷанубӣ такмили малака намуда, шифокорони куриёӣ аҳолии мамлакатамонро беғаразона аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд.
Роҳбари мамлакатамон таъкид намуд, ки дар соҳаи мазкур аз ривоҷ додани ҳамкорӣ манфиатдор ҳастем. Президенти Куриёи Ҷанубӣ таъкид кард, ки аз таҷрибаҳои пешқадам истифода бурдан ва такмили малакаи кадрҳо ҳисса гузоштан омода аст.
Баъд аз музокироти самарабахш маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба амал омад. Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Мун Чжэ Ин ба Изҳороти муштарак дар бораи шарикии стратегии махсуси байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё имзо гузоштанд.
Байни ҳукуматҳо ва вазоратҳо оид ба рағбатноксозӣ ва ҳифзи тарафайни сармояҳо, омӯзиши тартиб додани созишномаи савдои озод, тадқиқоти кайҳонӣ ба мақсади сулҳу осоиш, ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология ва инноватсияҳо, созмон додани маркази ҳамкории Ӯзбекистону Куриё дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Дар доираи ташриф ба имзо расонда шудани як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои таълими томактабӣ, меҳнат ва шуғл, адлия, кишоварзӣ, рушди бозори сармоя, тиҷорати хурд ва миёна, карантини растанӣ, инчунин байни палатаҳои савдову саноати мамлакатҳоямон қайд шуданд. 
Дар брифинг барои воситаҳои ахбори оммавӣ Президентҳо аз натиҷаҳои музокирот, ки дар вазъияти анъанавии дӯстӣ, дар руҳи рӯшод ва ҳусни тафоҳум гузаштанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
– Гуфтушуниди мо нишон доданд, ки ҳамкории Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маданиву гуманитарӣ ва ғайраҳо ба манфиатҳои дарозмуҳлати халқҳоямон мувофиқат мекунанд, инчунин мавқеямон бино бар мушкилоти минтақавӣ ва байналхалқӣ, масъалаҳои таъмин кардани бехатарӣ ва устуворӣ қарин мебошанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Изҳороти муштарак дар бораи шарикии стратегии махсус, ки имрӯз ба имзо расид, аз ба дараҷаи комилан нав баромадани муносибатҳои байни мамлакатҳоямон далолат медиҳад.
– Ба Президенти Ӯзбекистон, ки дар маркази диққати ҷаҳон қарор дорад, эҳтироми амиқамро изҳор менамоям. Шавкат Мирзиёев бо ислоҳоташ дар тамоми соҳаҳо – сиёсат, иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ Ӯзбекистонро ба давраи нави рушд мебарорад. Имрӯз муносибатҳои дуҷонибаи байни мамлакатҳоямонро ба дараҷаи шарикии стратегии махсус бардоштем. Механизмҳои татбиқи он, самтҳои нави рушди ҳамкориро баррасӣ намуда, ба созишномаҳои пешомаднок муваффақ гардидем,– гуфт Мун Чжэ Ин.
Дар нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф фармуда, дар назди аъзои парлумони мамлакат нутқ эрод намуд.
Роҳбари Ҷумҳурии Куриё бо ҳамроҳии Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ба хиёбони Мустақиллик омад. Меҳмони олирутба ба пояи муҷассамаи Истиқлол ва инсонпарварӣ, ки рамзи ояндаи дурахшон ва ниятҳои некамон мебошад, гул гузошт.
Роҳбарони давлатҳо Шавкат Мирзиёев ва Мун Чжэ Ин дар маросими кушодани бизнес-форуми Ӯзбекистон – Куриёи Ҷанубӣ дар «Ӯзэкспомарказ» ширкат намуданд.
Дар анҷумани мазкур роҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, соҳибкорони саршинос  иштирок намуданд. Хусусан аз 150 ширкат ва ташкилоти Ҷумҳурии Куриё беш аз 350 намоянда иштирок дошт.
Ҳаҷми умумии сармояи Куриё дар иқтисодиёти мамлакатамон аз 7 миллиард доллар афзудааст. Корпоратсияи миллии нафти Куриё, Эксимбонк, «Kogas», «Lotte group», «Samsung», «Hundai», «Shindong resources» ва дигар ширкатҳои маъруф дар мамлакатамон дар бобати ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории босубот фаъол иштирок менамоянд.
Роҳбари давлат дар музокироте, ки дар Кӯксарой баргузор гардид, таъкид кард, ки ба дастгирии робитаҳои соҳибкорон, хусусан ба рушд додани тиҷорати миёна ва хурд эътибори алоҳида бояд дод.
– Ислоҳот ва дигаргуниҳои бузурге, ки имрӯз дар Ӯзбекистон ба амал ҷорӣ мегардад, барои собитқадамона ба ҳаёт татбиқ намудани ғоя ва лоиҳаҳои бузург имкониятҳои бузургро фароҳам меорад. Соли гузашта дар мамлакатамон теъдоди корхонаҳои муштарак се баробар афзуд. Мо пас аз ин низ барои дар мамлакатамон зиёд намудани иштироки тиҷорати Куриё омодаем, ки шароитҳои муносиб ба вуҷуд орем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин қайд намуд, ки Ӯзбекистон аз қадим маркази тиҷорат ва илм, маданият ба шумор рафта, имрӯз низ барои тиҷорат имконияти васеъ ба вуҷуд меояд. Куриёи Ҷанубӣ омодагии худро дар бораи ҳамдастӣ дар ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҷрибаҳои пешқадам дар Ӯзбекистон изҳор намуд.
Дар бизнес-форум масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар байни ширкат ва ташкилотҳои ду мамлакат, таҳияи лоиҳаҳои нав, ба амал татбиқ намудани онҳо, молрасонӣ ва хидматрасонӣ муҳокима гардиданд. Қайд гардид, ки аҳду паймон ба қимати умумии беш аз 12 миллиард доллар ҳосил гардид. Инҳо шомили соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё ва маъдани кӯҳ, мошинсозӣ ва электротехника, нақлиёт ва логистика, бофандагӣ ва саноати озуқаворӣ, инфрасохтор, ТИК, тиббиёти рақамӣ барин самтҳои муҳимро фаро мегиранд.
Ба ихтиёри минтақаи озоди иқтисодии «Инчхон» додани минтақаи иқтисодии «Ангрен», дар ҳудуди «Бӯстонлиқ-фарм» истеҳсол намудани дорувории хеле муҳим аҳду паймон ба амал омад, ки инҳо шоистаи эътибори алоҳидаанд.
Президентамон соҳибкорони Куриёи Ҷанубиро барои аз имкониятҳои иқтисодиёти мамлакатамон фаъолона истифода бурдан даъват намуд. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин якҷоя бо ҳамсарони худ дар консерти устодони санъати ду мамлакат иштирок намуданд.
Дар консерте, ки ба шарафи меҳмони олимартаба ташкил гардид, ҳунармандони ватанӣ, аъзои марказҳои маданияти корейс ва ҷамоаҳои эҷодии Куриёи Ҷанубӣ иштирок намуданд.
Дар консерт суруд ва мусиқии ду халқ иҷро гардид. Барномаи зебо таҷассуми навбатии дӯстӣ ва ҳамкории мадании мамлакатҳоямон гардид.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин ба мамлакатамон идома дорад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: