ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ДОИР БА РУШДИ ШАРИКИИ ДАВЛАТИВУ ХУСУСӢ ДАР СОҲАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

Дар натиҷаи андешидани чораҳои маҷмӯӣ бино бар дастгирӣ кардани сектори хусусии нигаҳдории тандурустӣ барои минбаъд зиёд намудани миқдори созмонҳои ғайридавлатии тиббӣ ва вусъат додани хелҳои хидматрасонии онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.

Баробари ин масъалаҳои зиёд кардани саҳми созмонҳои хусусии тиббӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба роҳ мондани механизмҳои идоравӣ ва ҳуқуқии ҷорикунии шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ рӯзмарра боқӣ мемонанд.
Ба мақсади минбаъд инкишоф додани нигаҳдории тандурустии хусусӣ, ба роҳ мондани асосҳои ҳуқуқии шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи мазкур, вусъат додани ҷалби сармояҳо, бахусус  сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии иштироки сектори ғайридавлатӣ дар кори беҳтар намудани дастёбии аҳолӣ ба хидматҳо ва таҷҳизоти баландтехнологии тиббӣ:
1. Дастур дар бораи шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
2. Муайян карда шавад, ки:
а) лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар пояи муоҳидаи байни шарикони давлатӣ ва хусусӣ аз тариқи интихоби як ё худ шаклҳои зерини маҷмӯӣ:
лоиҳасозӣ, сохтмон, таҷдид, бунёдкунӣ, муҷаҳҳазсозӣ, бозсозӣ, бо маблағ таъминкунӣ, истифода ва хидматрасонии инфрасохтори ҷамъиятӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ;
пешниҳоди молҳо, иҷрои корҳо ва хидматрасонӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мешаванд;
б) интихоби шарикии хусусӣ дар асоси тендер ё худ баргузор намудани гуфтушунидҳои бевосита, ғайр аз мавридҳое, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ мешаванд;
в) муҳлати амали муоҳида аз ҷониби шарикони давлатӣ ва хусусӣ муайян карда мешавад. Дар ин маврид вай наметавонад аз се сол кам ва набояд аз 49 сол зиёд бошад;
г) ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шарикони хусусӣ, хариди таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра, ҳамчунин иншооте, ки онҳо дар доираи татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ бунёд мекунанд, баъд аз анҷоми муҳлати амали муоҳида ба шарикии давлатӣ дода мешавад.
3. Ба таклифи Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Бунёди таҷдиду рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёд) дар бораи  пешниҳоди дастгирии давлатӣ ба сармоягузороне, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар доираи татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, дар шакли вомгузории имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои Бунёд (минбаъд – вомгузории имтиёзнок) сармоягузорӣ мекунанд, ризоият дода шавад.
Ба Бунёд супурда шавад, ки дар бонкҳои ваколатдори тиҷоратӣ дар ҳаҷми умумии то 200 миллион доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои гирифтанашуда бинобар хатҳои вомгузорӣ, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 январи соли 2017-ум №ҚП-2718 «Дар бораи чораҳо доир ба вусъат додани манбаъҳои бо маблағтаъминкунии лоиҳаҳои сармоявӣ дар саноати хӯрокворӣ, пӯсту пойафзор ва доруворӣ» кушода шудаанд, ба муҳлати то 10 сол, аз ҷумла, 3 соли давраи имтиёзнок, дар ҳаҷми фоизи баробари миқдори 6 моҳаи ЛИБОР ҷамъи 2 фоизи солона, барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии созмонҳои тиббӣ, ки бо шартҳои шарикии давлативу хусусӣ сохта мешаванд, хатҳои вомгузорӣ кушояд.
4. Муқаррар карда шавад, ки вомгузории имтиёзнок дар доираи татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ татбиқ карда мешавад:
танҳо барои хариди таҷҳизот ва инвентарҳои замонавии воридотии тиббӣ – дар ҳаҷми на беш аз 20 фоиз аз миқдори умумии сармояҳое, ки бо асъори хориҷӣ ворид карда мешаванд;
ба муҳлати то 8 сол, аз ҷумла, 3 соли давраи имтиёзнок, бо маржи бонки ислоҳгар дар ҳаҷми 1,0 фоизи солона;
дар мавриди аз ҷониби сармоягузорони хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ ворид намудани сармояҳо дар ҳаҷми на камтар аз 80 фоизи миқдори умумии сармояҳои воридшуда.
5. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Оҷонсии оид ба рушди шарикии давлативу хусусии назди Вазорати молия ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд, ҳамчунин марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ дар муҳлати як моҳ ва минбаъд ҳар сол тартиб додани рӯйхати қитъаҳои замин, биноҳо ё худ қисмҳои онҳо, биноҳои созмонҳои давлатии тиббӣ, ки аз ҷониби ташкилоти давлатии тиббӣ самарабахш истифода намешаванд, ҳамчунин самтҳои бартариноки хидматҳои тиббӣ ва иловагӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳо мувофиқи шартҳои шарикии давлативу хусусӣ бо минбаъд ҷойгузин кардани маълумот дар бораи онҳо бино бар мувофиқаташон ба тахассус дар веб-сайтҳо;
дар муҳлати ду моҳ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ шаклҳои намунавии муоҳидаҳоро дар бораи шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд;
дар муҳлати се моҳ консепсияи лоиҳаҳои аввалиндараҷаи шарикии давлативу хусусиро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла, консепсияҳоеро, ки бо иштироки марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ татбиқ мегарданд, кор карда бароянд ва тасдиқ намоянд;
дар муҳлати то 15 августи соли 2019 барои ҳуқуқи шартномабандӣ оид ба шарикии давлативу хусусӣ тендерҳо эълон кунанд.
6. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Оҷонсии оид ба рушди шарикии давлативу хусусии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ коркарди консепсияҳо, муоҳидаҳо ва ҳуҷҷатҳои тендерии лоиҳаҳои мушаххаси шарикии давлативу хусусӣ, аз ҷумла бо ҷалби коршиносон ва мушовирон аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ, воситаҳои кӯмакрасонии техникӣ ва манбаъҳои дигареро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин кунад;

якҷо бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ то ба сармоягузорони хориҷӣ расондани маълумот дар бораи лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, аз ҷумла аз тариқи дар веб-сайтҳои расмии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва «Портали сармоягузорӣ» чоп кардани онро таъмин кунад;
якҷо бо Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муассисаҳои дигари таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ дар муҳлати як моҳ дар пояи Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд дар асоси шартнома курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро барои роҳбарони ташкилотҳои давлатии тиббӣ оид ба масъалаҳои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва идораи фаъолияти сармоявӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустиро аз ҳисоби  маблағҳои ғайрибуҷавии созмонҳои зикршуда созмон диҳад;
дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйиротҳо ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
7. Масъулияти шахсии:
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов – барои ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо дар доираи тайёр кардан ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ҳамчунин мунтазам баррасӣ намудани ҷараёни иҷрои қарори мазкур;
муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.А.Қучқоров – барои сари вақт муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷавие, ки барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ заруранд;
вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.К.Шодмонов – барои сари  вақт ва бо сифат тайёр кардани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ ва татбиқ намудани онҳо, кӯмакрасонӣ ба ташаббускорони лоиҳаҳо бобати дастрас намудани ҳисобу китобҳои зарурии молиявиву иқтисодӣ, маълумоти оморӣ ва ғайра дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ;
директори Оҷонсии  оид ба рушди шарикии давлативу хусусии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Г.А.Холҷигитов – барои кӯмакрасонӣ ба лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ, аз ҷумла коркарди консепсияҳо, муоҳидаҳо ва ҳуҷҷатҳои тендерии лоиҳаҳои муайян муқаррар карда шавад.
8. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов, Э.М.Ғаниев ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
16 апрели соли 2019.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: