ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТАЪЛИМИ ИНКЛЮЗИВ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Барои он ки қади дарахт баланд гардида, меваи ширин дода, серҳосил шавад, баъди ба замин коштани ниҳол онро алоҳида парвариш мекунанд.

Барои ин талаб карда мешавад, ки боғбон таҳаммулпазирона ба ҳар ниҳол бо меҳр  муносибат кунад. Ба дунё бо чашми ҳайрат нигариста, бачагонеро, ки ба ҳаёт қадам мегузоранд, низ ба ниҳол монанд мекунем. Тарбиятгаронро бошад, шабеҳи боғбон медонем.
Дар мамлакати мо, ки ба муассисаҳои таълими томактабӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад, низ ҳамин мақсад таҷассум ёфтааст. Фаъолияти муассисаҳо куллан такмил дода шуда, ба ҷойи биноҳое, ки ба талаб ҷавобгӯ нестанд, биноҳои нав қад рост мекунанд ва баъзеашон таъмири капиталӣ мешаванд. Пойгоҳи моддиву техникии кӯдакистонҳо нав гардида, тарбиядиҳандагон аз нав омӯзонда мешаванд.
Дар ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд айни замон 53 муассисаи таълими томактабӣ мавҷуд аст. Аз он 23-тоаш дар тасарруфи давлат мебошад.
Ба наздикӣ муассисаи таълими томактабии ихтисосонидашудаи бисёршабакаи рақами 369 таъмири капиталӣ карда, ба истифода супурда шуд. Фарқи ин кӯдакистон аз дигарҳояш дар он аст, ки дар муассиса натанҳо бачагони солим, балки онҳое ҳам, ки муҳтоҷи парвариш ҳастанд, низ тарбия карда мешаванд. Муассиса барои бачагони ба парвариши алоҳида эҳтиёҷманд ройгон аст. 
Маълум аст, ки амалисозии ҳамкории сектори давлативу хусусии шакли фаъолияташ хайрия мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 апрели соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд рағбатноккунӣ ва ривоҷдиҳии низоми таълими томактабӣ» татбиқ мегардад. Муассисаи таълими томактабии рақами 369-уми ноҳияи Яккасарой нахустин муассисаи таълими томактабие гардид, ки дорои чунин шакли ҳамкорӣ аст.
Муассисаи таълими томактабии мазкур соли 1985 сохта шудааст. Он айни замон бо пешбинии 280 нафар бача таъмири капиталӣ гардид. Майдончаи бачагон аз нав бунёд шуд. Дар ин ҷо майдончаи футбол ва ҳавзи оби тобистона низ ҷой гирифтааст. Боми муассиса нав карда шуд, дар қисми пешайвони бино дар, тиреза насб гардида, (аввал кушод будааст) низоми гармӣ тағйир дода шуд, ошхона бунёд гардид. Аввал бачаҳо дар гурӯҳҳо хӯрок мехӯрданд, акнун дар ошхонаи замонавӣ хӯрок мехӯранд.
Дар ҳудуди кӯдакистон ҳудуди махсус барои мошин, чароғакҳои роҳ ва аломатҳои роҳ ташкил карда шудаанд. Дар ин ҷо ба бачагон қоидаҳои роҳ ёд дода мешавад. 
– Таълими инклюзив ҳам барои бачагони солим, ҳам барои бачагони ба парвариши алоҳида эҳтиёҷманд зарур аст, – мегӯяд вазири таълими томактабӣ Агриппина Шин. – Мо мехоҳем, ки ба ҳар бача таҳаммулпазириро ёд диҳем. Дар ин ҷо мутобиқшавии иҷтимоии бачагони ба парвариши алоҳида эҳтиёҷманд осон мегардад. Бо бачагони солим натанҳо дар майдончаи бозӣ, балки дар ошхона низ вохӯрда, суҳбат мекунанд.
Айни замон дар кӯдакистон дар 4 гурӯҳ рӯихати 40 нафар бача ташкил карда шудааст. 10 нафар педагогҳо фаъолият доранд. Пешбинӣ шудааст, ки миқдори гурӯҳҳо ба 15-то расонда шавад.
Ба гурӯҳҳои махсус бачагон дар асоси хулосаи тиббӣ, равоншиносӣ ва педагогӣ қабул карда мешаванд. Омӯзондани онҳо дар асоси лоиҳаи Барномаи давлатии «Нахустин қадам» барои бачагони ба парвариши алоҳида муҳтоҷ амалӣ мегардад.
Дар муассисаи таълими томактабӣ барои ҳаматарафа ривоҷдиҳии шахс ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Хонаи физик-терапия, гимназияи ба гурӯҳҳои шахсӣ ва хурд пешбинишуда ва маркази терапияи нутқ мавҷуд аст. Барномаи таълимии мусиқӣ бошад, дар асоси ритмҳои ислоҳкунӣ пурра карда мешавад. Дар муассиса барои маслиҳат додан ба волидайн равоншинос низ ҳаст. 
– Таълими инклюзив дар ҳар як давлат ҳаст, – мегӯяд мудираи МТТ рақами 369 Гулчеҳра Маҳкамова.– Зеро бачаҳои муҳтоҷи парвариши алоҳидаро аз бачагони солим ҷудо кардан лозим нест. Ин амалиёт дар мо низ роҳандозӣ шуд. Барои ҳаматарафа баркамол шудани чунин бачагон бо якдилӣ ҳаракат мекунем. Барои ин дар онҳо профилактикаи табобаткунанда гузаронда шуда истодааст. Мо ба таълим эътибори калон медиҳем. Барои ақлан пешқадам ва ҷисмонан солим гардидани бачагон якдилона саъй мекунем.
Дар ошёнаи якуми бино 105 нафар бачагоне, ки ба парвариши алоҳида эҳтиёҷманданд, ҷойгир карда мешаванд, дар қабати дуюм 75 нафар бачагони солим тарбия мегиранд. Масалан, дар гурӯҳ дар байни 15 писари солим 5 нафар ҳамсолони солимшудаи онҳо мебошанд. Ба ин тариқа онҳо сол ба сол дар муҳити бачагони солим таҳсил мегиранд. Барои ин дефектолог ва волидайн дар ҳамкории тарафайн кор мебаранд.

Хуршед ҚОДИРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: