СУХАНИ ШИРИН ВА ЧЕҲРАИ НУРОНӢ ДОШТ

Ҷонибек Қувноқ. Бо ин ном аҳли адаби Ӯзбекистону Тоҷикистон ва алоқамандони каломи бадеъ ошноянд. Шоири бузурги садаи ХХ тоҷик, яке аз дӯстони ӯ — Лоиқ Шералӣ фармудааст: Аҷал чун чашми шоирро бипӯшад, Шумо девони шеърашро кушоед.

Аз ӯ  ба насли имрӯз чанд маҷмӯаи шеърӣ: «Қарз», «Ифтихор», «Розҳо», «Зангӯла», «Чароғи сухан», «Юрак тӯлқинлари» ба ёдгор монд. Ин китобҳоро имрӯзиён кушода, бо шебу фарози дунёи маънавии шоир ошно мешаванд. Наср агар шири афкору андешаи суханвар бошад, шеър саршири ҳиссу андешаҳои ӯст. Аз устод, агар мақолаву гузориш ва тарҷумаҳои насрии ӯро ба назари эътибор гирем, ба имрӯзиён ҳам ширу ҳам саршири маънавӣ боқӣ монд. Одамони қаторӣ дар омади гап мегӯянд, ки ноаҳлӣ сабаби ғаму ташвиш ва нобасомониҳост. Бубинед, шоир ин маъниро дар чор сатри  пурбадеъ чӣ хел ифода кардааст: 
Зи ноаҳлӣ гули манзил бихушкад,
Ниҳоле дар бари соҳил бихушкад.
Агарчӣ ашк ҳам обаст, аммо
Зи шӯри ашк боғи дил бихушкад. 
Модар ва меҳру муҳаббати модарро шоирон ба сад шева сурудаанд. Вале дар чор сатр гунҷондани заҳматҳои зиёди модар ва сипосгузории фарзанди намакшинос кори саҳл нест:
Тифл то ки рӯз бинад пурсамар,
Мекунад модар ҳаёташ мухтасар.
Дар диле, ки меҳри модар ҷо наёфт,
Ҷо намеёбад дар он меҳри дигар.
Воқеан, модар сарчашмаву сарманшаи меҳр асту дили фарзанди асил аз ин меҳр саршор...
Мегӯянд, ки неконро ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Вақте дар гирдиҳамоиҳо сухан аз устод ба миён меояд, ҳолдонон ба забон меоваранд, ки «Ҷонибек ҷони одам буд. Чеҳраи нуронӣ, сухани ширин дошт, зуд ба дили мусоҳиб роҳ пайдо мекард». Чӣ натиҷагирии дақиқ! 
Нашри китоби нахустини устод — «Қарз» (соли 1973) дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ рӯйдоде буд. Он солҳо китоби нахустини шоиру нависандагон ба осонӣ рӯйи чопро намедид, аз назари чанд шоиру нависанда мегузашт... Ҳоло ҳар кӣ китобе тартиб диҳад, сарфи назар аз сифати қаламиҳояш, рӯйи чопро мебинад...
Мо вақте навмашқ будем, орзу мекардем, ки бо ӯ боре вохӯрем. Машқҳои нахустинамон бо таҳрири устод дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») чоп мешуд. Гоҳо ба мо нома ирсол дошта, сабаби ба дасти чоп нарасидани машқҳоямонро мефаҳмонд. Кӯри худ бинои кас гуфтагӣ барин, он солҳо баъзе машқҳоямон ба назар пухта метофт. Биноан, аз чоп нашуданашон дилтанг мешудем. Аммо ҳоло мебинем, ки он машқҳо ҳама хом будаанду устод ғами ояндаи адабиёти ҳавзаро мехӯрдааст.
— Шояд бисёр корҳо шитобкориро тақозо кунанд, аммо на шеъру ҳикоянависӣ, — панд медод устод.
Дар ибтидои садаи ХХ, баъди марзбандиҳои сиёсӣ ва ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ иттиҳодияҳои гуногуни адабӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо таъсис ёфтанд. Дигар бори маҳфилҳои адабиро иттиҳодияҳои гуногун бар дӯш доштанд ва осори шоирону нависандагон тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ба мардум пешниҳод мегардид.
Дар ин аҳд ҷараёни ташаккулёбии доираи адабии тоҷик дар пойтахти навтаъсиси тоҷикон — Душанбе оғоз ёфт. Шоиру нависандагон ва олимон аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ин шаҳр рӯй оварданд. Поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ, шоиру нависандагони саршинос Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҳошим, Абдусалом Деҳотӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва даҳҳо тани дигар фаъолияти илмиву адабиашонро дар ин шаҳр, ки асосашро як деҳаи бузург ташкил медод, идома доданд. Бо мурури вақт дар Душанбе доираи адабии муқтадире ташаккул ёфт. Вақте аз қудрати созандагӣ, бунёдкорӣ ва тамаддунофариҳои миллати заҳматписанди тоҷик вуҷудамро ҳисси ифтихор фаро мегирад, як дубайтии мондагори устод Гулназар Келдӣ ба ёд меояд, ки санҷидаву баркашида рӯйи коғаз рехтааст:
Душанбе тахти Сино шуд, муборак,
Зи нав манзури дунё шуд, муборак.
Агарчанде дилам доғи Бухорост,
Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!
Бо вуҷуди он ки аҳли илму адаби тоҷик, аз рӯйи зарурат, роҳи Душанберо пеш гирифтанд, аммо нафароне буданд, ки дар кишварамон — Ӯзбекистон чароғи сухани форсии тоҷикиро фурӯзон нигоҳ доштанд. Яке аз онҳо устод Ҷонибек Қувноқ буд. Дар ҳавзае, ки рӯди сухани форсӣ - тоҷикӣ ҷӯшише надошт, як ӯ буд, ки мисли чашмаҳои беолоиши кӯҳистон шодоб месуруд. Ба уммеде, ки ба ҷӯйи хушкида боз об меояд, шабу рӯз дилашро об мекард. Ӯ нек дарк карда буд, ки ҳар он чи собиқа дорад, оянда низ дорад. Ӯ медонист, ки дар ин марзу бум поягузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шавкати Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Сайидои Насафӣ, Бадри Чочӣ, Шоҳину Савдо ва поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ доди суханро додаанд... Агар давру замон тоҷикро ба ихтиёри худ гузорад, зуд гирди ҳам меояд ва ба бунёдкориву тамаддунсозӣ шурӯъ мекунад, роҳи баромад аз вартаҳои муҳликро пайдо мекунад... 
Орзуҳои устод дар замони  истиқлолият пиёда гардиданд. Ҳоло дар кишварамон беш аз 200 нафар бо забони форсии тоҷикӣ адабиёти хоси ҳавзаро меофаранд. Дар байни онҳо қаламфарсоёне ҳастанд, ки по ба пойи шоиру нависандагони  пештози дигар ҳавзаҳои адаби форсӣ гом мебардоранд. Китобҳояшон дар нашриёти Ӯзбекистон бе ягон монеа рӯйи табъу нашрро мебинад. Дар сари зиндагии устод Ҷонибек дар Ӯзбекистони Шуравӣ китоби тоҷикӣ ба осонӣ чоп намешуд. Инҷониб итминони комил дорам, ки агар ба ҳар баҳона дари мактабҳои тоҷикӣ пӯшида нашаванд, рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷикӣ арзи вуҷуд карда истанд, тибқи Қонуни Асосӣ ба рушди фарҳанги тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда шавад, дар кишварамон адабиёти тоҷик низ беш аз пеш ривоҷ хоҳад ёфт.   
Вақте ду нафар муноқиша мекунанд, мардум ба нафари ҳушманду батамкинтар мегӯянд, ки ту кӯпрук шав. Бале, пул ё кӯпрук василаи рафту омади дар ду соҳил будагон аст. Дарёи адабиёт низ пули худро дорад, ки он пул тарҷумонҳоянд. Устод як муддати тӯлонӣ дар байни ду соҳил — адабиёти тоҷику ӯзбек вазифаи пулро иҷро кард. Беҳтарин намунаҳои насру назми адабиёти ӯзбекро ба забони тоҷикӣ ва хонданитарин намунаҳои назму насри адабиёти тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Устод Лоиқ Шералӣ, ба ин маънӣ, дар аввалсухани китоби «Чароғи сухан», ки дӯсти устод Ҷонибек — Давлати Даврон соли 2010 аз тариқи нашриёти «Адиб» - и Душанбе ба дасти чоп додааст, фармуда: «Ҷонибек... шаҳпуле буд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, миёни тоҷикону ӯзбекон. Осори тоҷикиро ба ӯзбекӣ, осори ӯзбекиро  ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Миёни тоҷикону ӯзбекон ҳамеша тор метанид ба хотири  дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ, ҳақиқат, адолат, садоқат, самимият, ғуруру ифтихор, нангу номус ва якпорчагии миллати тоҷик ҷон меканд, метапид, мекоҳид, месӯхт». Охирин шоҳкории  устод дар боби тарҷума достони  «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Алишери Навоӣ буд, ки аз ҷониби аҳли илму адаб баҳои сазовор гирифтааст. 
Наққоши саҳифа хома дар даст,      
Нақши нави ин фасона ораст.
Бо гардиши чархи ин замона,   
Маҷнун шуда буд чун фасона.
Мекард калону хурд мазкур,
Дар мулки Араб бигашт машҳур.   
Бо волиди Лайлӣ ҳам ниҳонӣ,
Кард арз яке ба меҳрубонӣ...
(Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»).
Басе олӣ, гумон мекунед, ки ин абётро худи Навоӣ ба тоҷикӣ навиштааст.
Устод дар минтақа аз зумраи шоироне буд, ки анъанаи зуллисонайнии пешинагонро сарбаландона идома додааст. Шоирони зуллисонайни қадиму ҷадид: Алишери Навоӣ, Фурқат, Нодирабегим, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдурауф Фитрат, Садриддин Айнӣ дар ин ҷода роҳбалади ӯ буданд. Имрӯз  ин кори устодро чанде аз шогирдони зуллисонайнаш  давом медиҳанд. Бузургвор Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бешоире анбори гил. 
Он сухан поя надорад, ки мегӯянд: «Адабиёт ба як забон офарида мешавад». Шоирону нависандагони  зуллисонайн як дилеянд, ки дар синаи ду миллат метапад, онҳо дар ҳар ду аудитория ба сомеон ғизои маънавӣ дода метавонанд... Вале ба қавли устод Лоиқ Шералӣ:
Шоири дузабон чӣ кампайдост,
Шоирони дурӯя бисёранд.
Шоири нозукбаён, тарҷумони чирадаст ва рӯзноманигори моҳир — Ҷонибек Қувноқ дар синни 49 аз олами суғро ба олами кубро рафт. Дар чашми қарибон, дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон сурати 49-и ӯ мондааст, аммо сирати шоиронаи ӯ дар сатрҳои нотакрораш ва чашми дили алоқамандони каломи бадеъ ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. 

А. СУБҲОН,
муҳаррири бахши адабиёт 
ва ҳунари «Овози тоҷик».

Ҷонибек ҚУВНОҚ

Модарам

Хоҳам аз ҷон ҷон фишонам пеши пои модарам,
Лек ин гавҳар бувад худ аз атои модарам.
Гавҳари ҷонро нисори халқи ҷонпарвар кунам,
То шавад ҳосил муроду муддаои модарам.
Шеърҳои шаккарин иншо намудан орзуст,
То шавад боре баробар бо дуои модарам.
Ҳайкали меҳру муҳаббат сохтан азми ман аст,
То ки монад ҷовидон дар даҳр ҷои модарам.
Амри модарро нидои рӯзгорам бишмарам,
Як нишон дар роҳи умрам ҳар имои модарам.
Ҳар кӣ хоҳад қадри умрам оварад пеши назар,
Баҳри ӯ оина бошад ҳар баҳои модарам.
Номи некӯ дод модар, то бимонам некном,
Баҳри ин номи накӯ ҷонам фидои модарам.

Падар

Давлати ноёб ҳастед, эй падар,
Маҷмаи одоб ҳастед, эй падар.

Ҳарфатон дилро ба дил пайваст боз,
Ҷавҳари камёб ҳастед, эй падар.

Чун китоби панд бошад умратон,
Пири ҳар устод ҳастед, эй падар.

Умри ман бошад агар як сафҳае,
Матлаи ҳар боб ҳастед, эй падар.

Давлати дунё ба мо ноёб не,
Давлати ноёб ҳастед, эй падар.

Дуо

Кош рӯзи вопасин ман пеши поят ҷон диҳам,
Ё бароят ҷон диҳам, ё ки ба ҷоят ҷон диҳам.

Он қадар нозукадоӣ, ман адои нози ту,
Боз нозе кун, ба ҳар нозу адоят ҷон диҳам.

Гар расад дарду балое, ман балогардони ту,
Садқаи дарду бало, пеши балоят ҷон диҳам.

Кош бар гӯшам наояд аз забонат алвидоъ,
Алвидоъ ногуфта пеш аз алвидоят ҷон диҳам.

Нест ширинтар зи ҷон, эй ҷони ҷони Ҷонибек,
Ҷони ман аз ту атое, бар атоят ҷон диҳам.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: