ТАЙЁРӢ ХУБ АСТ

Аз якуми май интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон оғоз хоҳад ёфт.

 Ба ин маъракаи муҳим дар вилояти Самарқанд тайёрӣ чӣ хел аст? Барои ба ин пурсиш ҷавоб гирифтан ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ дар Хонаи матбуоти вилоят ҷамъ омаданд.
Раиси комиссияи ёрирасони вилоят доир ба гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон, депутати Олий Маҷлис Нигора Раббимова ахборот дод.
– Ҳоло дар вилоят 1094 ҷамоати шаҳрвандон мавҷуд буда, ду миллиону 435 ҳазору 931 нафарро интихоботчиёни синнашон аз 18-сола боло ташкил мекунанд, – гуфт Нигора Исоевна. – Барои дар савияи баланд гузаштани интихобот тамоми чораҳо андешида шудаанд. Имсол манзилҳои интихобот дар 783 бинои мактаб, 169 ҷамоати шаҳрвандӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Рӯзи интихобот 5470 кабинаи интихобот ва 1094 қуттичаҳои махсус тайёр карда шудааст.
Вакилони мо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят азми сафар намуда, бо аъзоёни гурӯҳҳои ёрирасон сӯҳбату машваратҳо гузарониданд. Дар ноҳияҳои Оқдарё, Иштихон, Пайариқ, Ҷомбой, Булунғур, Қӯшработ, Ургут, Тайлоқ ва ғайра вохӯрии хотирнишин ба вуқӯъ пайваст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: