МАҚСАД – ОЯНДАИ ФАРОВОНУ ДУРАХШОН

Президент Шавкат Мирзиёев бобати барқарор намудани арзишҳои милливу динӣ, рушди маърифати исломӣ, алалхусус, амиқ омӯхтани саҳми бузурги аҷдодамон дар он эътибори зиёд медиҳад.

Суҳбати мо бо имом-хатиби вилояти Самарқанд Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов дар атрофи ин мавзӯъ буд.
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Шумо шояд хабардор ҳастед, ки дар оғози соли нав сарвари давлат сафари навбатии худро ба Самарқанд аз зиёрати мақбараи Имом Бухорӣ оғоз намуд. Пас аз он ки тиловати Қуръон кардем, Раисҷумҳур Маркази байналхалқии ҳадисшиносии Имом-ал-Бухориро аз назар гузаронданд. Президент зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид намуданд, ки дар харитаи дунё боз як маркази илмӣ пайдо шуд. Ин марказ ба кишвари мо илму маърифат ва барака меоварад. Ба ҷавонон дониш ва савод медиҳад. Аз он сабақомӯзон ва ба зиёрат омадагон маънавият ва маърифат мегиранд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси сарвари мамлакатамон дар тамоми соҳаҳо тағйироти оламшумул рух медиҳанд. Дар маҷмӯи Ҳазрати Имом барпо шудани Маркази тамаддуни исломӣ далели ин гуфтаҳост.
Бешубҳа, ин маскан, ки дар он мероси бебаҳои аҷдодамон доир ба қироат ва тафсири Қуръони карим, фиқҳ, ҳадис, илми балоғат, рушди забони арабӣ ҷамъ меоянд, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Мотурудӣ, Дорамӣ ва дигар алломаҳои бузургро муаррифӣ мекунад.
– Бобокалонамон Имом Бухорӣ ҳикмате доранд: «Ба ғайр аз илм наҷоте нест ва нахоҳад буд».
– Дар ҳадис омадааст: Аз гаҳвора то қабр илм омӯз. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Президент ислоҳоти соҳаи таълим ва тарбия аз ҳалқаи аввал – таълими томактабӣ оғоз ёфт. Бобати ислоҳоти низоми таълими миёна ва  олӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал татбиқ мегарданд. Охир илм аз хурдӣ – нақш дар санг аст, гуфтаанд. Агар пурсанд, ки: умр ба кадом шуғл сарф бояд кард? Ҷавоб: ба таҳсили улум. 
– Дини мубини ислом мардумро ба дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва бо меҳру оқибат зиндагӣ кардан даъват менамояд. Ин барои ривоҷу равнақи ҷамъият таъсири мусбат мерасонад. Яке аз омилҳои барқарории муҳити ахлоқӣ муносибати ҳамсоягарист...
– Оре, Пайғамбарамон (алайҳиссалом) чунин марҳамат кардаанд: «Ҳурмати ҳамсоя дар назди ҳамсоя чун ҳурмат ба модар аст»  (Ривояти Ибни Абӯ Дунё). Ҳасани Басрӣ (разияллоҳу анҳу) дар ривояти ҳадисашон аз Пайғамбарамон (с.а.в.) дар бораи ҳаққи ҳамсоя овардаанд: «Қарз пурсад, диҳед, агар шуморо таклиф намояд, равед, бемор шавад, аз аҳволаш хабар гиред, кӯмак пурсад, кӯмак кунед, мусибат расад, таъзия изҳор кунед, ягон хурсандӣ расад, муборакбод намоед, вафот кунад, дар ин бора гувоҳӣ диҳед, агар ба ягон ҷо равад, то омаданаш аз оила ва фарзандонаш хабар гиред, дар ҳавлиатон гӯшт пухта, ба онҳо озор нарасонед, баръакс, аз таоматон диҳед». Боз дар як ривоят гуфта мешавад: «Боми иморати худро аз боми ӯ баланд накунед, агар ризоият диҳад, баланд кардан мумкин» (Ривояти Имом Табаронӣ).
Дар урфият «Меҳр — дар чашм» мегӯянд. Агар кас бо наздикони худ зуд-зуд вохӯрӣ кунад, ҳолу аҳвол пурсад, ба дарду ғам ва хурсандиаш шарик шавад, аз атрофиён кӯмакашро дареғ надорад, муносибатҳоро бидуни ягон ғараз самимона бо розигии ҳақ таоло амалӣ намояд, дар ҷамъият меҳру оқибат, дӯстӣ мустаҳкам мешавад.
Ҳоло дар тамоми дунё аз сиёсати башардӯстонаи Президентамон ҳарф мезананд. Дар тӯли ду соли охир дару дарвозаҳо барои ҳамаи кишварҳои ҳамсоя боз шуданд. Шайх Саъдӣ фармудааст:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон 
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
– Шумо мақоли «гуфтаи муллоро куну кардаашро не»-ро чӣ хел шарҳ медиҳед?
– Шолӣ бе курмак намешавад. Дар байни пешвоёни дин низ ашхосе ҳастанд, ки «аввал хеш, баъд дарвеш» гуфта, боиси гапу калочаҳо мешаванд. Масалан, онҳо доир ба исрофгарӣ, тӯйҳои пурдабдаба ваъз мехонанд, аммо худашон «меҳмон»-и чунин маъракаҳо ҳастанд. «Даҳони хӯрда – шарманда» гуфтагӣ барин, баъди базмҳои пурдабдаба ҷомаю рӯмолча ё «кафакӣ»-ро гирифтан,  даст ба дуо мебардоранд: «Давлати маъракадор зиёд гардад, хайру эҳсон ба даргоҳи Худо қабул шавад!». Баъзан ба гӯши мо мерасад, ки муллоҳо ба домоду арӯси аз ақди никоҳи қонунӣ нагузашта, никоҳи шаръӣ мехонанд...
Президент соли 2017 бино бар таъмин кардани барқарории иҷтимоӣ, нигоҳ доштани покии дини муқаддасамон бо имом-хатибон вохӯрд. Дар он анҷуман ба бурду бохти фаъолияти пешвоёни дин баҳои холисона ва одилона дода шуд. 

Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: