МУЛОҚОТИ АЪЗОИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ ДУ КИШВАР

Дар шаҳри Фарғона аъзои гурӯҳҳои кории Ӯзбекистону Қирғизистон таҳти раёсати ҷонишини Нахуствазири Ӯзбекистон Элёр Ғаниев ва ноиби Нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов масъалаҳои марзиро таҳти баррасӣ қарор доданд.

 Дар ин бора ба хабарнигори “Овози тоҷик” дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод.
Зикр гардид, ки ҳайати гурӯҳҳои корӣ аз роҳбарон ва мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи  ду кишвар иборат буданд. Мундариҷаи ин гуфтушунидро номгӯи масъалаҳое ташкил дод, ки ба посгоҳҳои сарҳадии миёни ду кишвар алоқаманданд ва он дар Тавофуқномаи байни ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ аз 24 июли соли 2004 қайд гардидаанд. 
Ҳамчунин, дар ҷараёни баррасии масъалаҳо  байни аъзои гурӯҳҳои корӣ дар бораи посгоҳҳое низ муҳокимаронӣ сурат гирифт, ки қаблан дар Созишномаи мазкур аз он сарфи назар шудааст. Муайянкунии хати сарҳад ва кушодани гузаргоҳҳо аз масъалаҳои дигари ин музокира муаррифӣ гардид.
– Байни ду кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ беш аз пеш рушд мекунанд, амну осоиш низ ҳамеша барқарор аст. Табодули моли миёни кишварҳо ба 180 дарсад афзоиш ёфт, ки нишондиҳандаи баланд мебошад. Ҳамаи ин натиҷаи беҳбуди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо мебошад, – гуфт ҷонишини Нахуствазири Ӯзбекистон Элёр Ғаниев.
Ба таъкиди ӯ бояд ба он масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд, ки ба беҳтар намудани шароити мардуми ду самти марз ҳангоми убуру мурури марз нигаронида шудаанд. Элёр Ғаниев боз тазаккур дод, ки набояд мардум аз ҳал нашудани масъалаҳои муайянкунии сарҳади миёни ду кишвар азият кашанд, ки батакрор баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи ноиби Нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов робитаҳои байни ду кишвар ба сатҳи сифатан баланд баромадааст ва дар ин самт гурӯҳҳои корӣ як қатор корҳои васеъмиқёсро ба анҷом расонидаанд. 
Дар хотимаи вохӯрӣ аъзои гурӯҳҳои  корӣ роҷеъ ба натиҷаҳои он протоколро ба имзо расонданд.
Ҷои ёдоварист, ки дар беш аз ду соли охир ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар борҳо  паси мизи музокира нишастанд ва дар он масъалаҳои марзиро ба доираи баҳсу баррасӣ кашиданд. Интизор меравад, ки ин мулоқот низ якчанд масъалаҳои мубраму ҳаллашон ногузирро ба давраи ниҳоӣ наздиктар мекунад ва барои мардуми ду самти марз шароити беҳтари убуру мурурро фароҳам меоварад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: