БАДЕҲАСАРОЕ АЗ ДАРАИ НИҲОН

Ваҳҳоби Хӯҷасиддиқӣ аз зумраи он шоирони мардумист.

Соли таваллуд ва вафоти ӯ маълум нест. Аз рӯйи маълумотҳои бадастомада вай дар охирҳои қарни нуздаҳ вафот намудааст. Бино ба гуфтаҳои ҳамдеҳагонаш вай қобилияти баланди шоирӣ доштааст. Вале азбаски хату саводи кофӣ надошт, бештар бо шева шеър мегуфт. Ашъораш ба сабки халқӣ эҷод гардида, ба воқеоту ҳодисоти он рӯзгор пайваста буд. Мегӯянд, ки Ваҳҳоб бештар дар маъракаву тӯй ва нишастҳои ҳамдеҳагон ва деҳоти гирду атрофи Дараи Ниҳон аз рӯйи хоҳиши мардум шеър мегуфтааст. Бар замми ин, вай овози баланду ширадор дошта, ашъорашро ба тарзи бахшиёна месароидааст. Аз ин сабаб, мардум шеърашро меписандидаанд ва ба қавле гули сари сабади тӯю маъракаҳои мардумони гирду атрофи Дараи Ниҳон ба шумор мерафтааст.
Чунончи, дар атрофи деҳаи Хӯҷасиддиқ макони хушбоду ҳавое бо номи Ваҷҷак мавҷуд будааст. Боре дар кадом як нишаст нафаре хоҳиш менамояд, ки дар васфи ин макони обод чизе бигӯяд. Ваҳҳоб, ки қобилияти ноёбу нотакроре дошт, бе ҳеҷ дудилагӣ, ин мисраъҳоро ба забон меорад:

Ваҷҷак дубара, сарҳади Ваҷҷак дубара,
Кӯҳҳои баланду ағбаҳояш дубара.
Обаш мусафо бувад, ҳавояш тоза,
Эй кош, Худо маро ба Ваҷҷак бубара!

Ё ин ки боре дар деҳаи шоир духтараки резапайкаре ба меҳмонӣ меояд, ки дар ҳусну ҷамол ҳамтое надошт. Мувофиқи хоҳиши як ҷавони ҳамдеҳааш Ваҳҳоб ин дубайтиро бадоҳатан месарояд, ки хеле писандида мебошад:

Шунидам номи некат Турсунойтош,
Парирӯ чеҳрахандону қаламқош.
Ба рӯйи ҳабдаҳу ҳаждаҳ, худаш ёш,
Мурам бар гардану бар тори зулфош.

Овозаи шоирии Ваҳҳоб торафт ба гирду атроф паҳн мегардид. Дар ҳамон замон шоире бо номи Оқил арзи ҳастӣ намудааст. Вай ҳам гоҳ-гоҳ шеър мегуфтаасту соҳиби хату савод будааст. Боре ба хотири мулзам намудани Ваҳҳоб ба деҳааш меояд ва худро шинос нанамуда аз ӯ сурудани шеъри навашро хоҳиш мекунад. Ваҳҳоб дар як муддати кӯтоҳ бадоҳатан чунин мегӯяд:

Назар кардам, ки дилбар менамояд,
Нишаста паҳлуи дар менамояд.
Бидидам қомати зебои вайро,
Ба қаддаш гул баробар менамояд.
Сару гардан мисоли нуқраи хом,
Ду абрӯ химчаи тар менамояд. 
Баёзи гарданаш қаймоқу ширай,
Ба гӯшаш ҳалқа аз зар менамояд.
Танашда рахти кимхо меравад сайл,
Ваҳобро шӯр бар сар менамояд.

Ба андешаи мо, ҳоло паҳлуҳои тадқиқнаёфтаи ин шоири дар сабки бахшиёна ва ё қаландарона эҷоднамуда вуҷуд доранд. Мо ният дорем, ҳоло ба ин мавзӯъ баргашта аз ашъори сараи ӯ намунаҳоро пешкаши хонандагон бигардонем.

Солеҳ МУҲАММАДҶОН, 
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: