ЯК СОЛИ ДИДОРУ ОРМОНШИКАНИҲО

Аз ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон каме бештар аз як сол сипарӣ гардид ва ҳоло дар муддати начандон зиёд қарорҳои барои ҷамъияти ду мамлакат фавқулодда муҳим ва сарнавиштсоз қабулгардида бо суръати баланд татбиқ мегарданд.

Барои сарҳисоби корҳои як соли охир ва нақши онҳо дар ҳаёти мардумонамон хабарнигори «Овози тоҷик» ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ ИМОМӣ бо чанд савол муроҷиат намуд.
– Муҳтарам Содиқ Ашурбойзода, ҳоло бо мурури вақти начандон зиёд метавон гуфт, ки ташрифи сарони давлатҳоямон ба кишвари ҳамдигар бидуни муболиға воқеаи таърихӣ буд. Шахсан барои Шумо, ки бевосита дар меҳвари ин ташрифот қарор доштед, як соли пасисаргашта дар иртибот бо ин воқеаҳои таърихӣ чӣ соле буд?
– Соли сипаригашта дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари дӯст бидуни шак соли таърихӣ буд. Дар ин бобат мехоҳам ба суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26.12.2018 садо доданд, истинод орам: 
“Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем”.
Зиёда аз ин, ин дастоварди муштаракро ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи мо баҳогузорӣ карданд. Аз ин зиёд сухан гуфтан чандон ҷоиз нест, зеро ки Сарвари Тоҷикистон на танҳо ба дигаргун шудани робитаҳои дуҷониба баҳои сиёсӣ доданд, балки таъсири сиёсати нави Ӯзбекистонро ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карда, дар паёми номбурда чунин қайд карданд: 
“Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад”.
Гузашта аз ҳамаи  ин соли 2018 ба 90 фоиз афзуда, то 389 млн. доллар расидани табодули мол байни ҷумҳуриҳоямон падидаи хушҳолкунанда аст.
– Нақшаву лоиҳаҳое, ки барои муддати сипаригардида ба кор гирифта шуда буданд, то чӣ андоза ба амал татбиқ гардиданд?
– Дар ҷараёни сафарҳои давлатии президентҳои ҳарду кишвар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз панҷоҳ аҳдномаю созишномаҳо дар теъдоди зиёди соҳаҳо ба имзо расонида шуданд. Имрӯз вазифаи аввалиндараҷа ин татбиқи амалии онҳо ба манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад, ки дар ин самт фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таҳти роҳбарии сарвазирони ҳар ду кишвар махсус  бояд таъкид сохт. Дар ҷаласаи ниҳоии ин комиссия, ки ба қарибӣ дар шаҳри Тирмиз баргузор шуд, тамоми масоили мубрами ҳамкориҳо, минҷумла иҷрои дастуру муоҳидаҳои байни сарони давлатҳо ҳосилшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, чораҳои мушаххаси вусъат додани робитаҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо арзёбӣ гаштанд.
– Ба далели муштаракоти зиёд дар гузаштаву имрӯз ва ҳамсоягии наздик табиист, ки ҳамкориҳо дар заминаҳои гуманитарӣ бартарият доранд. Равуои ҳайатҳои зинаҳои мухталифи фарҳангиву адабӣ ва таълимӣ хеле зиёд буданд. Аммо магар равобити мардуми тақрибан ҳамфарҳангу молики мушобеҳоти зиёд аз ин бештарро тақозо надорад?
– Ҳамкориҳои гуманитарӣ бешубҳа яке аз рукнҳои муҳимтарини робитаҳои байнидавлатӣ ба шумор мераванд ва дар ин ҷода низ таҳаввулоти ҷиддӣ ба назар мерасад. Дар ин бобат сафарҳои зиёди доираҳои фарҳангӣ, адабӣ ва таълимӣ ба назар мерасад ва чун мисоли он метавон сафари зиёиёни ҳарду кишвар, ҳайати баландпояи намояндагони аҳли фарҳанги вилояти Суғд ба шаҳри Самарқанд, сафари ҳунармандону адибони шаҳри Бекободи Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҷашнгирии иди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, иштироки намояндагони адабу фарҳанг дар иди Наврӯз, фестивалҳои “Мақом” ва “Бахшӣ”, конфронсҳои зиёди илмию амалӣ, мубодилаи сафарҳои дастаҳои варзиширо метавон номбар кард. Наврӯзи соли 2019 дар шаҳри Норак ҷашн гирифта шуд ва дар он инчунин меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон низ иштирок карданд. Дар чорабиниҳои идонаи Наврӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бошад, ҳайати баландпояи ҳокимияти шаҳри Тошканд низ ҳузур дошт. Чунин рӯйдодҳо ҳамарӯза ба назар мерасанд, вале бо назардошти он ки равобити фарҳангии ду мардуми бародар таърихи ниҳоят дерину ғанӣ дошта, ин равобит ба самтҳои дигари ҳамкориҳо таъсири амиқ мерасонад, рушди ин самт мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти ду кишвар қарор дорад. Дар ин ҷода амалисозии як зумра тадбирҳои иловагӣ, аз қабили баргузории муштараки рӯзҳои фарҳанг, намоиши филмҳо, тадқиқотҳои илмӣ, афзоиши миқдори донишҷӯёни мактабҳои олӣ, торафт зиёд шудани нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар байни ду кишвар ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд. Татбиқи амалии онҳо ба боз ҳам тақвият бахшидан ба анъанаҳои таърихии робитаҳои ду мардуми бародар равона гаштаанд. 
Ҳоло метавон гуфт, ки аз вақти аз байн бурдани виза (моҳи апрели соли 2018) то охири сол аз Тоҷикистон 1,2 млн. нафар ба Ӯзбекистон омадааст, ки ин дар байни хориҷиёне, ки аз Ӯзбекистон боздид менамоянд, пас аз Қазоқистон (2 млн. нафар) дар ҷойи дуюм аст. Аз ин миқдор як миллион нафар ба сифати сайёҳ ба Ӯзбекистон омадаанд. Дар ҳамин муддат аз ӯзбекистониҳо 900 ҳазор аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
– Табиист, ки уқдаву гиреҳҳои тайи даҳсолаҳои охирро ба якборагӣ ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ кушодан ғайриимкон аст. Ба назари  Шумо ҳоло ҳалли кадом вазифаҳои байни ду ҷумҳурӣ дар навбати авваланд?
– Бо ҳисси қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи мушкилоти умдае, ки тайи беш аз бист сол монеаи ҷиддии ҳамсоягӣ буданд, бо кӯшишу талошҳои пайвастаи роҳбарони ҳар ду давлат, иродаи қавии сиёсии онҳо ҳалли худро ба манфиати тарафайн пайдо карданд. Ин фазои куллан нави робитаҳоро ба миён овард, ки он имкон медиҳад дар сатҳи коршиносон ва комиссияҳои байниҳукуматӣ масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳоро муҳокима ва бартараф созанд. Дар ин ҷода, чуноне ки қайд кардем, таҳкими ҳамкориҳои маданӣ, васеъ гардонидани ҳаҷми табодули молу хидматрасонӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва дигар ҷодаҳои муҳим вазифаҳои рӯзмаррае маҳсуб меёбанд, ки кӯшишҳои муштараки ҳар ду ҷониб ба он равона карда шудаанд.
– Тибқи анъана, дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳамеша теъдоди зиёди ҷавонони ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд. Дар партави он, манзараи солҳои охир чӣ гуна аст?
– Дар давоми соли 2018 теъдоди довталабони Ӯзбекистон барои таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон хеле зиёд буданд.
Муассисаҳои олии Тоҷикистон барои довталабони Ӯзбекистон шароити хуби таҳсил ва истиқомат дар хобгоҳҳоро ташкил намудааст. 
Бояд қайд намуд, ки довталабони тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон низ таҳсил мекунанд. Дар айни ҳол 1824 нафар ҷавонони ӯзбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Вале теъдоди имрӯзаи донишҷӯён боиси қаноатмандӣ шуда наметавонад, зеро ки ҳар ду кишвар дар ин ҷода дорои имкониятҳои бештари қонеъгардонии талаботи ҷавонон ба касбу ихтисос мебошанд.
Созишномаҳое, ки байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба имзо расонида шудааст, аксарияти онҳо ба соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм бахшида шудаанд ва ҷиҳати иҷрои ин созишномаҳо вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар ҷидду ҷаҳд доранд. 
Бояд он нуктаро низ ба эътибор гирифт, ки насли навраси мардумони мо бояд давомдиҳандагони анъанаҳои таърихии робитаҳо бошанд ва дар ин самт шиносоии онҳо бо кишварҳои ҳамдигар ва ҳамсолони худ ҳамкориҳои моро боз ҳам ғанӣ хоҳад гардонид.

Суҳбаторо
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: