ДАР БОРАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Ба муносибати дар мамлакат таҷлил намудани иди умумихалқӣ 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр, абадӣ гардондани хотираи қурбониёни Ҷанги дувуми ҷаҳон, эҳтиром зоҳир намудан ба собиқадороне, ки имрӯз низ дар сафи мо қарор дошта, ба баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватан, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон ҳисса мегузоранд, инчунин ба мақсади ҳавасмандгардонии моддии иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба бар фашизм:

1. Ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба миқдори 7 500 000 (ҳафт миллиону панҷсад ҳазор) сӯм мукофоти якдафъаинаи пулӣ муқаррар карда шавад.
2.  Хароҷотҳои вобаста ба иҷрои Фармони мазкур, аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал бароварда шавад.
3. Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ якҷоя бо Вазорати молия ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ ва идона ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супурдани мукофоти мазкурро таъмин намоянд.
4. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати маданият, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи бонувони Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Академияи бадеии Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Бунёди «Нуронӣ» ва Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла» ва созмонҳои дигари ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ бахшида ба муҳофизони озодӣ ва шарафи Ватани мо вохӯриҳои махсус ва шабҳои маърифатию бадеӣ гузаронанд. 
5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
23 апрели соли 2019.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: