КОРҲОИ ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТИ МАҲАЛЛӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Моҳи оянда интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ва мушовирони онҳо баргузор мегардад.

Ин интихобот бар асоси таҳрири нави Қонун «Дар бораи интихоботи раисон (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон» ва қарори Сенати Олий Маҷлис «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи раисон (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон» аз 15 феврали соли 2019 сурат мегирад.
Зимнан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои баргузор намудани ин маъракаи муҳим тайёрӣ беш аз пеш вусъат пайдо кардааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки интихоботи раисон (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар фазои ошкоро ва принсипҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд. Барои ин аъзои шӯроҳои мувофиқсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои худидоракунӣ талош ба харҷ медиҳанд. 
– Дар як семинари доманфарох Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои такмил додани мавқеи ниҳоди маҳалла ҳангоми кор бо муаммоҳои аҳолӣ» аз 2 апрели соли 2019, ба раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят тафсиру ташреҳ карда шуд. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки аҳамият ва обрӯву нуфузи ниҳоди маҳалла дар байни мардум боло равад, самараи кори ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо беҳтар гардад, одамони салоҳиятнок дар ин ниҳод машғули фаъолият бошанд ва бо садоқат ба мардуми худ хизмат кунанд, – мегӯяд ҷонишини якуми раиси шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандон, раиси хазинаи хайрияи «Маҳалла»-и вилояти Фарғона Шавкат Эрматов.
 Ба гуфтаи мавсуф баъзан ҳолатҳое низ ба вуқӯъ мепайванданд, ки як қишри аҳолӣ аз баргузории интихобот, вақту ҷои он бехабар мемонанд. Маҳз, барои ҳамин фаъолони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ба ин нукта бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, дар миёни мардуми ҳарчи бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пиёда кунанд ва онҳо дар пешбарии номзадҳо аз ваколати шаҳрвандии худ истифода намоянд.
 Тавре ки ба мушоҳида мерасад, ба мақоми раиси як қатор ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо шахсоне интихоб шудаанд, ки соҳиби маълумоти олӣ нестанд, ё донишу маҳорат ва салоҳияти кории онҳо ба ин мақом мувофиқат намекунад. 
– Ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳрвандон бояд шахсоне интихоб шаванд, ки дар байни аҳолӣ  соҳибэҳтиром ҳастанд, пастиву баландии зиндагиро хуб дарк кардаанд, бо мардум кор карданро медонанд ва дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо ҳиссаи арзанда мегузоранд, – гуфт сокини деҳаи Дамкӯли ноҳияи Фарғона Қурбоналӣ Мирзоев. – Солҳои дароз дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо садоқату амри виҷдон  ба нафъи давлату мардум кор кардам. Ҳоло бо ҳамсарам ба нафақа баромадаем ва даври пирӣ меронем. Мехостам дастандаркорони ниҳодҳои маҳалла ба пешбарии номзадҳои раисон(оқсақолҳо) аз паси панҷа нанигаранд. Зеро раиси маҳалла бо мардум сару кор дорад, дарду доғи онҳоро мешунавад. Дар акси ҳол ҳамон маҳалла обод нахоҳад шуд, – изофа намуд ин мӯйсафеди рӯзгордида.  
– Мо дар ин рӯзҳо хеле серкору сертараддуд ҳастем. Зеро дар арафаи интихоботи раисон  (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо қарор дорем. Дар ноҳияи мо 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла мавҷуд аст. Дар айни ҳол мо бо фаъолони маҳаллаҳо даст ба он кор задаем, ки мардум дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат кунанд ва ба тарафдории номзадҳое, ки худашон пешбарӣ кардаанд, овоз диҳанд, – иброз дошт раиси хазинаи «Маҳалла»-и ноҳияи Сӯх Фазлиддин Додокаримов.
Ӯ қайд намуд, ки тибқи таҳрири нави Қонун «Дар бораи интихоботи раисон (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон» дар айни ҳол раиси маҳалла аз тариқи додани раъйи пинҳонӣ ба муддати се сол интихоб карда мешавад. 
– Ҳамеша ба шаффофияти интихобот эътибори ҷиддӣ бояд дод. Агар раъйдиҳанда эътимод ҳосил кунад, ки овози вай барои маҳаллаву кӯчае, ки ӯ зиндагӣ дорад,  тақдирсоз аст, бо шавқу завқ дар ин маърака иштирок мекунад. Мо ба ана ҳамин ҷиҳати масъала бояд таваҷҷуҳи хоса диҳем ва корҳои тарғиботиро низ бар ҳамин асос пиёда кунем, – мегӯяд сокини шаҳри Фарғона Камолат Раҳмонова. 
 Қаблан аз роҳи овоздиҳии ошкоро ба мақоми раиси маҳалла барои дуним сол номзадҳое интихоб мешуданд, ки баъзе аз онҳо хоҳишу иродаи кор карданро надоштанд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё бори сангинеро иҷборан ба дӯши онҳо мегузоранд. Камолат Раҳмонова мегӯяд, ки ин ҳолатро борҳо дар таҷрибаи зиндагӣ мушоҳида кардааст ва аксарияти он бесамар анҷомидааст. Барои ҳамин дар бобати пешбарии номзадҳо ва баргузор кардани маъракаи овоздиҳӣ ҷиддан машғул шудан лозим аст.
 Ба ин тартиб дар 1035 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоят тайёрӣ ба интихобот вусъат пайдо мекунад. Бино ба маълумоти идораи Хазинаи иҷтимоии хайрияи «Маҳалла»-и вилоят дар айни ҳол ба мақоми раисон (оқсақолҳо) дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо  ду-се нафарӣ ва баъзан аз он ҳам бештар номзадҳо пешбарӣ шудаанд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо аъзои гурӯҳҳои корӣ машғули пиёда кардани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебошанд. 
Интизор меравад, ки интихоботи навбатии раисон (оқсақолҳо)-и ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар савияи баланд ва шаффофу демократӣ баргузор мегардад.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: