ГУЗАРИ ҶАВОНОН ТАШКИЛ ШУД

Дар чаҳорчӯбаи панҷ ташаббуси Президент дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Тӯли ноҳияи Сӯх маросими кушодашавии “Гузари меҳнатии ҷавонон” баргузор гардид.

Ин ташаббусҳои сарвари давлат таваҷҷӯҳ ба ҷавонон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба фарҳанг, санъат ва варзишро дар меҳвари худ қарор додааст.
Дар маросими ифтитоҳи гузари мазкур ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров изҳор кард, ки ифтитоҳи он дар бобати таъмин намудани ҷавонон ба шуғл, роҳандозии фаъолияти меҳнатӣ, машғулшавӣ ба  истироҳат ва баланд бурдани дараҷаи фарҳангу маънавияти онҳо хеле мусоидат хоҳад кард.
– Президенти мамлакат ҳамеша аз шумо, ҷавонон пуштибонӣ мекунанд. Ҷавобан ба ин меҳру мурувват ва ташаббусҳои сарвари давлат шумо бояд аъло хонед, донишу маърифат омӯзед, дар оянда соҳиби касбу кор шуда, ба манфиати халқу мамлакат хизмат кунед, – гуфт Фаррух Ӯсаров.
– Дар ин ҷо гузари ҷавононро бунёд кардем ва он дар пайравӣ ба ҳамон панҷ ташаббуси сарвари давлатамон анҷом пазируфт. Минбаъд низ дар фароҳам овардани шароити хубу беҳтар барои ҷавонони деҳ ҳиссаи бештар хоҳам гузошт, – мегӯяд соҳибкори саховатпеша Ҳомиталӣ Ҳайдаров.
– Таваҷҷӯҳ аз ин зиёд намешавад. Дар гузар зимнан дар баробари ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба кор, ҳамчунин роҳандозии маҳфилҳои гуногун низ мадди назар дошта шудааст, ки дар он метавонанд наврасон низ фаъолона иштирок кунанд, – гуфт яке аз собиқадорони соҳаи маориф Бурҳонҷон Расулов.  
 “Гузари меҳнатии ҷавонон”  аз зумраи бинои зеботарин ва хеле муҷаҳҳаз дар ноҳия ба шумор меравад. Дар сехи дӯзандагӣ дастгоҳҳои замонавӣ насб шудаанд ва  занону духтарон дар ин сех ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Ҳамзамон сокинони деҳоти атроф аз якчанд намуди хизмати маишӣ низ баҳраманд буда метавонанд. Дар толори варзишии барҳаво ҷавонону наврасон аз тариқи ширкат дар сексияҳо ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд.

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: