ЁДИ УСТОД

Ҳар сол 6-уми май мо – кормандони эҷодии рӯзномаи «Садои Сӯх» ва бархе аз қаламкашони ноҳия гирдиҳам омада, устод Нодир Нодириро ба ёд меорем.

Аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ӯ сухан ба миён меоварем, шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳояшро ба якдигар мехонем. Хуллас, маҳфили ёдбуде баргузор мешавад.
Шоирӣ ҳам ба масал рассомист,
Ки ба ранги ҳарфҳо,
Рӯи коғази сухан,
Мекашад расми зиндагониро.
Бале, 6 майи соли 1953 яке аз рассомони зиндагӣ устод Нодир Нодирӣ дар деҳаи Сарикандаи Сӯхи биҳиштосо дида ба олами рӯшноӣ боз намудааст. Донишгоҳро хатм карда, солҳо  дар мактаб, коллеҷи касбу ҳунар  ба фарзандони мардум аз забону адабиёти тоҷик сабақ дод, дарси ҳаёту зиндагиро омӯзонид.
Дертар барои кор ба рӯзномаи «Садои Сӯх» ҷалб шуд. Нодирӣ дар бораи пирони кору меҳнат, машъалони маориф, коргарону хидматчиён лавҳаву очерк ва мақолаҳои зиёд таълиф намудааст. Дар ин навиштаҳо ба ҳусни сухан ҳамеша таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, баҳри хоно шудани он заҳмат кашидааст. Басо сарфарозу хушбахтам, ки давоми 22 сол бо ӯ дар як утоқ ва рӯ ба рӯ нишаста кор кардам, сабақи сухану зиндагӣ омӯхтам. 
Ман аз рӯзи аввали ба идораи рӯзномаи «Садои Сӯх» ба кор омаданам (соли 1991) дар баробари мақоланависӣ, кам-кам дар иншои шеър қувва меозмудам. Аллакай ҳамон вақт баъзе «шеърҳоям»-ро ба ӯ нишон медодам. Аввалҳо мегуфтанд, ки қофияву радиф надорад. Баъдтар вазнаш нест мегуфтанд. Рафта-рафта вазну қофияву радифро аз худ кардам, гуфтанд, ки таносуби сухан вайрон, сухан образнок не, мавзӯъ обшуста, бозёфт нест...
Баъзан ба идора навқаламон «шеър» меоварданд. Устод таҳрир кардаву камашро пур ва ба он маънӣ «часпонда», ба дасти чоп медоданд. Ман ҳам мехостам, ки бароям «ёрӣ» расонанд, шеърамро дар саҳифаи рӯзнома чоп кунанд. Аммо ин тавр намешуд. Баъдтар фаҳмам, ки дар ин ҷода  аввал «устухон сахт карданамро» мехостаанд устод. 
Бале маро тарбия карданд устод Нодир Нодирӣ. Оҳиста  дастам рост шуд, устухон сахт кардам...
Давоми бист сол аз устод шеъру шоирӣ омӯхтам, баҳои муносиби устодро интизорӣ кашидам. Танҳо солҳои охир устод чанд шеърамро тан гирифтанд ва онро дар саҳифаи рӯзнома нашр карданд...
Соли 2013 дар муҳоҷират будам. Бо инояти Парвардигор мурғи илҳом сари китфам нишаст ва ман чанд рубоиву дубайтӣ эҷод намудам. Дар дил хурсанд будам, ки ин бор аз устод баҳои муносиб  хоҳам гирифт. 
Вале... тарбуз аз бағалам афтид.  Нодир Нодирӣ 3 июли соли 2013 чашм аз олами фонӣ пӯшиданд...
Он кас  дар ҳаёти маънавии ман ягона инсони ҳидоятгар буданд. Тӯли 22 соли бо ҳам буданамон ягон бор надидаму нашунидаам, ки  касеро носазо гуфта бошанд. Даҳонашон аз ҳарфҳои хубу гуворо ва раҳнамокунанда, таҳсину офарин ҳамеша саршор буд. 
Ин хислатҳо муҷиби омӯзишу пайравӣ мебошанд. «Дӯсти азиз», «бародари киромӣ» – шаҳд мерехт аз даҳонашон ҳамеша. 
Оре, устод Нодир Нодирӣ ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан шоир буданд.

Аҳрори МАҲМУДЗОД,
корманди рӯзномаи «Садои Сӯх».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: