ПИСАРАК ВА АРӮСАК

Воҳаеро, ки дар он ба дунё омада ва камол ёфтаам, дарё ба ду тақсим мекунад.

Кӯпрукҳои мустаҳкам ва замонавӣ ҳоло болои дарё устувор. Вале солҳое, ки бачаи хурдсол будам, аз ин соҳил ба соҳили дигар гузаштан, аз ҳам хабар гирифтани аҳолии деҳоти ду тараф, бинобар масъалаи кӯпрук, ниҳоят душвор буд.
Модарам зодаи он тарафи дарё, духтариаш ҳамон ҷо гузашта ва ба ин тараф келин шудааст. Ман бачаи чор-панҷсола. Модарам дар тараддуди ба «деҳаи духтарӣ» рафта, қарибони худ хабар гирифтан. Кӯпрукро сел бурдааст.
Боз як кӯпрук ҳаст дар Паррак ном мавзеи дурдаст, ки амонат ва троссист. Ба гузаштан на ҳама ҷуръат мекунад. Вале илоҷи дигар, ки нест, падарам ману модарамро ба Паррак бурд, бо илоҷе аз «пули ларзон» гузаронд ва очаю бачаро ба яке аз мошинҳое, ки мегузашт, савор карда, хотирҷамъ пас гашт.
Аз мошин фуромадем. Кӯча танг ва ноҳамвор, дар ду ҷониб кулбаҳои оддии лойӣ. Деҳа хароб... вале модаракам чӣ қадар хурсанд, чӣ қадар хушбахт! Чашми одамоне, ки ба ӯ меафтад, барқ мезанад. Мебинанд ва бо ҳаяҷони гулӯгир мисле ба чашмашон бовар накарда нидо дармедиҳанд: «Рисолат?!»
Ба яке духтар, ба дуввумӣ хоҳар ё апа, инак, модарам дар иҳотаи меҳри ёру қарибон.
Мепурсам: «Ҳамаи инҳо хеши мо?»
Модарам механдад: «Наҳамаашон, лекин дар ин ҷо ҳама баоқибат».
Хурдсолам, вале воқеан бақувват будани меҳру оқибати мардуми ин деҳаро дарк мекунам. Чӣ қадар одамони хуб ва меҳмондӯст. Шояд бо азоб аробаи рӯзгор мекашанд, вале барои меҳмон чизеро дареғ намедоранд. Аз пеши пои модарам гузаронда, серка мекушанд, хурӯс мекушанд. Таомул ҳамин.
Гӯё аз осмон афтидем, онҳо бардоштанд. Талош карда, ба хонаашон мебаранд, навбатпоӣ...
Арӯс фуроварда будааст яке аз хешон. Рафтем. Арӯсак, ӯе, ки бори аввал модарамро мебинад, сар намедиҳад: «Хуш омадед, апаҷон, хуш омадед!»
Баъд маро ба оғӯш мекашад, мебӯсад, навозишу дӯстдорӣ мекунад: «Канӣ, боло гузаред, пеши апаҷон. Додарҷони худам!»
Вай аз паи оростани дастархон ва таомпазист.
– Келини хуба аз куҷо ёфтед? Ҳар доим ҳамин хел меҳрубон ва чеҳрахандон?
– Напурсед, Рисолатҷон, Худо дод. Барноҷона Худо расонд.
Арӯсак ҳар дафъае хона даромад, ба ман наздик шуда ва бо навозиш мӯямро тит карда чизе мегӯяд меҳрангезу хандаомез.
– Бачанағзбин, – лаб мекушояд модаршӯяш.
– Аз бачанағзбин ҳар чизи некро умедвор шудан мумкин, – модарам мамнун. 
Дафъаи дигари ин чиз-он чиз бардошта «ин қадар ширин!» гӯён даромаданаш арӯсак:
– Зиқ нашудед? – меҳрубонона менигарад сӯям, – як чиз хӯрда гиред, баъд ҳарду бозӣ мекунем.
– Ҳой, вақти бозӣ не, ба дег нигар, ҳозир меоянд барои бурдани Рисолатҷон.
– Хавотир накашед, модарҷон, оша дам кардам.
Ошро хӯрдем. Хестанием. Арӯсак кисаҳои маро бо конфет пур кард. Аз рӯяш чашм намеканам. Чӣ қадар зебо!
– Боз биёед-а?
Бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам ва гуфтам:
– Шумо ҳам равед.
Вай хандид ва: – Боақлаки худам! – гӯён маро ба бағал кашид. – Додараки худам...
Бӯи меҳру самимият омехта бо роиҳае, ки аз «қаламфурмунчоқ»-и пешобағалаш меомад, маро маст намуд. Чӣ қадар хушрӯ ва хушбӯ, болои ин чӣ қадар хушзабон ва меҳрубон!
Дилкашол дур мешавем аз хонаи хеше, ки арӯс фуроварда. Навозишу дӯстдории арӯси нозанин аз пеши назари бачаи хурдсол, ки бори аввал гӯё ба чизи зебо, ба як чизи бағоят зебо ва дилоро дучор шудааст, дур намешавад.
Калон шудам. Хондан. Аскарӣ. Мусофират ва муҳоҷират.
Аснои ба зодгоҳ омадан чанд бор ба деҳаи духтарии модари раҳматиам рафтам. 
Асосан ба фотиҳахонӣ. Саросема мерафтам ва бармегаштам. Аз хоҳарам хабари вафот кардани писари ягонаи Барноапаро шунида, хафа шудам. Бояд фотиҳахонӣ рафт.
Инак, ман боз дар деҳаи духтарии модар. Кӯчаҳо тахт ва равон, мошинҳои замонавӣ дар равуо, манзилҳо обод. Пиёдаҳо ҳар ҷониб мешитобанд, касеро намешиносам. Бо модар як вақтҳо дар ин кӯчаҳо қадам задан, «бардор-бардор» шудан ба хотирам мерасад. Он солҳо автомобилҳо не, меҳру оқибат равона буд дар ин кӯчаҳо. Шавқи дидор дилҳоро мешукуфонд. Ҳоло-чӣ? Касе ба касе кордор не. Салом ва алейк ба номаш. Туро касе намепурсад. «Модарҷон, ман дар деҳаи духтарии шумо не, балки... дар шаҳри бегона!»
Пурсида-пурсида, ба гузаре, ки Барноапаам зиндагӣ мекунад, наздик мешавам. Аз ҷавони раҳгузар хонаашро пурсидам. Бе он ки истад, бо ишораи даст «он сӯ» гуфту ба роҳаш давом намуд. Ин қадар саросема аст?
Пеш рафтам ва... касе нест, ки аз ӯ дарвозаашро аниқ кунам. Ноилоҷ дареро панҷа задам. Марде, ки дар остона пайдо шуд, шубҳаомез сӯям нигаристу бе он ки то охир суханамро шунавад, «намедонам», гуфта дарро пӯшид. Худоё, чӣ шуда ба мардум? Сарам чарх зад. Ба канори роҳ нишастам. Рӯзҳое, ки бо модаракам «азизи азизҳо» будем дар ин деҳ, пеши назарам зинда шуд ва хориам омад. «Кунун замона дигар гашту...» Бобои Рӯдакӣ!
Вақт зиқ. Бояд баргардам. Ҷоеро, ки бояд равам, намеёбам. Дил хала мезанад. Пеши назарам торик.
– Ҳа, додар, мазетон гурехт? – кампире бо рӯймоли сиёҳ ва мӯйҳои сафед, дар даст асо, сӯям менигарад.
Худро ба даст гирифта ва «ман дуруст» гӯён хестаму сар боз чарх зад. Бо азобе худро «шиносондам», фотиҳахонӣ омаданамро гуфтам. Ба ҳаяҷон омад ва:
– Шумо писари апаи Рисолатам? – пурсид.
– Ҳа. Модари маро мешинохтед?
– Як бор дида будам.
– Як бор мо ҳам... ману модарам, ба ҳамин тарафҳо омада ва... меҳмон шуда будем ба апаи Барном. Келинчак буданд. Ман чор ё панҷсола. Ҳоло... чанд наберадор шудаам. Аз байн... панҷоҳу чанд сол гузашт. Омада натавонистам. Шунавам... мусибат. Сахт хафа шудам. Омадам, хонешона ёфта наметавонам.
– Муҳиддинҷон, медароем. Хона медароем.
– Узр, холаҷон, бояд баргардам. Ба шаҳр. Ман...
– Медонам, шумо дар Тошканд.
– Вой, аз куҷо... медонед? Дарвоқеъ, Муҳиддинҷон гуфтед? Номамро нагуфтам, ба назарам. Ё гуфтам?
– Нагуфтед. Лекин Муҳиддинҷон омада буд бо апаи Рисолатам, – пиразан хандид. Асои худ партофт ва маро ба бар кашид.
– Додарҷон, маро нашинохтед? Ман ҳамон ... келинчак.
– Наход!?... – бовариам намеояд.
Пиразан аз шиддати гиря, ки сахт хурӯҷ мекунад, меларзад. Саропои ман низ дар оғӯши ӯ ларзхӯрда. Замин низ меларзад дар пиндорам.
Мегӯям:
– Аз келинчак, ки зеботарин гули ҷаҳон аст ба назарам, бӯи модарам меояд.
Вай маро сар дода, ба чашмонам менигарад.
– Ростӣ?
– Ҳа.
Дубора ба бар мекашад пиразан ва пичиррос мезанад:
– Аз шумо – бӯи писарам меояд. Бӯи писарам!

Ш. МУҲАММАД.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: