АВВАЛИН МАКТАБИ МУСИҚИИ ОСИЁИ МИЁНА

Бухорои шариф яке аз марказҳои тамаддуни олам ба шумор рафта, зиёда аз ҳазор сол ин ҷониб ҳамчун маскани илму маърифат, сиёсату фарҳанг, тиҷорату ҳунармандӣ, дину тариқат дар масири таърих эътибори ба худ хос дошту дорад.

Ин шаҳри куҳан ҳамчун гаҳвораи ҳунарҳои зебо низ диққати оламиёнро сӯи худ мекашад. Дар ин ҷо бисёр ҳунармандон, ҳофизон, арбобони намоёни санъат умр ба сар бурда, баҳри ташаккул ва рушди мусиқии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми арзанда гузоштаанд.
Солҳои истиқлол бобати ба воя расондани ворисони муносиби онҳо ва рушди соҳа ғамхориҳо зоҳир мегардад. Фармону қарорҳои дахлдори сарвари давлат, ки солҳои охир қабул гардиданд, ба ин мақсад хидмат мекунанд.
Мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақа деринатарин даргоҳи ҳунаре аст, ки дастпарварони он кайҳост, ки бо  хидматҳои худ соҳиби обрӯю эътибор гардидаанд.
Мо аз директори ин таълимгоҳ Дониёр НЕЪМАТОВ хоҳиш намудем, ки бо таърих ва имрӯзи мактаб шинос кунад.

– Савту сурудҳои мардумӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ аз таърихи қадимӣ ва маданияти баланди халқи мо гувоҳӣ медиҳанд. Бухорои куҳан диёрест, ки ба шоҳи табибони олам Абӯалӣ ибни Сино гаҳвора, ба муҳаддиси бузург Имом ал-Бухорӣ пушту паноҳ буду хоки пойи валии бузургаш Баҳоуддин Нақшбандро тӯтиёи чашм кардааст. Ин сарзамин зодгоҳи ситорагони осмони мусиқӣ, истеъдодҳои нотакрор Отаҷалол Носир, Отағиёс Абдуғанӣ, Левӣ Бобохонов, Абдураҳмон Умаров, Домулло Ҳалим Ибодов, Устошодӣ Адизов, Маъруфҷон Тошпӯлодов, Наҷмиддин Насриддинов, Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов барин санъаткорон мебошад. Онҳо фидоиёнеанд, ки баҳри дастраси авлоди имрӯза гаштани дурдонаҳои санъат ҳаёти худро бахшидаанд. Мактаби санъати мусиқии Бухоро таърихи қариб садсола дорад. Ин даргоҳ 16 июли соли 1921 ташкил ёфтааст. Омӯзгорони аввалини он Отаҷалол Носир, Отағиёс Абдуғанӣ, Домулло Ҳалим Ибодов, Маъруфҷон Тошпӯлодов ва нахустин роҳбари вай Раҷабзода Ниёзӣ будаанд.
Бо шарофати истиқлол барои омӯзиш ва азхудкунии анъанаҳои мусиқии классикӣ, арзишҳои миллиамон шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам омад. Ин пеш аз ҳама дар ташкилёбии шуъбаҳои навозандагии анъанавӣ ва сарояндагии анъанавӣ зоҳир гардид. Инчунин дарсҳои фанҳои назарияи мусиқӣ ба забони ӯзбекӣ сурат гирифт.
Соли 2010 дар маркази шаҳри Бухоро бинои нави коллеҷи санъат бо ҷиҳозҳои замонавӣ бунёд ёфта, ба кор даромад.
Бо онҳое, ки дар ҳамин даргоҳ таълим гирифта, мактаби олиро хатм карда, баҳри равнақи мусиқӣ ва санъати Ӯзбекистон саҳми арзанда гузоштаанд, ҳамеша ифтихор дорем. Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, оҳангсоз, дирижёр, профессор, муаллифи аввалин операи ӯзбекӣ Мухтор Ашрафӣ, Артисти халқии Ӯзбекистон, муаллифи мадҳияи давлатии Ӯзбекистон Мутаваккил Бурҳонов, Ҳофизони мардумии Ӯзбекистон Бобоқул Файзуллоев, Моше Бобохонов, Артисти халқии Ӯзбекистон Олимҷон Ҳалимов, Фазлиддин Шамсиддинов, Иброҳим Ҳамроев, Айюб Қодиров, артистони хизматнишондодаи Ӯзбекистон Аҳмад Ихтиёров, Эргаш Шукруллоев, арбобони хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Шоҳназар Соҳибов, Товур Ҷумъаев, Хайрӣ Изомов, Амин Каримов, ходимони хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Борух Зиркиев, Аминҷон Исматов, Клара Ким, Арбоби хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон Файзулло Кароматов ва дигарон аз ҳамин ҷумлаанд. Омӯзишгоҳи санъати Бухоро ба номи Мухтор Ашрафӣ ҳазорҳо санъатдӯстонро ба олами пурасрори мусиқӣ раҳнамун сохт. Шогирдони собиқи ин даргоҳ бо маҳорати иҷро ва эҷоди худ анъанаҳои маданияти мусиқии Ӯзбекистонро ба аҳли олам муаррифӣ месозанд. Дар давраи гузашта талабагони мо бо иқтидори худ ҳам дар давраи таҳсили коллеҷ, ҳам дар давраи донишҷӯии таълимгоҳи олӣ дар бештар аз 100 озмуни ҷумҳуриявӣ ва зиёдтар аз 30 конкурси байналхалқӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои олӣ ва ифтихорӣ мегарданд. Инҳо арбобони санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев, Отаназар Матёқубов, Ҷӯра Шукуров, Артисти халқии Ӯзбекистон Ӯлмас Расулов, Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Соҳибҷон Ниёзов, Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Саломат Раҳмонова, устоди мақом Арӣ Бобохонов, артистони хидматнишондодаи Ӯзбекистон Юнус Тӯраев, Ориф Атоев ва дигарон ҳамоно дар ҷараёни ҷӯшу хурӯши эҷодианд.
Соли ҷорӣ муассисаи таълимии мо ба Мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро табдил ёфт ва он ба тасарруфи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузашт. Имрӯз дар ин ҷо 14-то шуъба фаъолият дорад. Дар онҳо 500 нафар шогирдон қариб аз 200 нафар омӯзгорони пуртаҷриба сабақ меомӯзанд. Барои рушди истеъдодҳо дар таълимгоҳ тамоми шароитҳо муҳайёст. Онҳо дар давоми ду соли таҳсил дар ин ҷо ҳаматарафа нашъунамо ёфта, ба таҳсили мактаби олӣ омода мегарданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки иштироки талабагони мактабамон чун анъана ба озмуну тадбирҳои ватанию байналхалқӣ ҳамоно идома дорад. Онҳо бо сафарҳои эҷодӣ ба Олмон, Фаронса, ҷумҳуриҳои  Балтика, Русия, Хитой, Туркия рафта, бо натиҷаҳои назаррас баргаштанд. Ба қарибӣ бо дастгирии ҳокимияти шаҳри Бухоро ду нафар талабаи мо бо омӯзгоронашон ба Озарбойҷон рафта дар ҷашнвораи санъати мусиқӣ иштирок карда, бо сертификат баргаштанд.
Боиси хушнудист, ки ҷамоаи мактабамон дар ҳар як тадбири оммавии идонаи вилоят иштирок намуда, баҳри ҷозибанок гардидани саҳнаҳо саҳм мегузорад.
Банда аз соли 2015 ин ҷониб ҳамчун сарвари ҷамоа кӯшиш дорам, ки ба анъанаҳои неки устодони собиқи ин ҷо содиқ бошам ва 100-солагии ин даргоҳи муборакро бо комёбиҳои арзандатар пешвоз гирем.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: