ЭҲТИРОМ БА ПЕШВОИ НАҚШБАНДИЯ

Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ (1404-1490) аз намояндагони машҳури тариқати Нақшбандия буд ва дар олами ислом нуфузу эҳтироми дошт.

Ҳукмдорони ҳамон замон Абӯсаид Мирзо ва Султон Аҳмад, мутафаккирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ӯро пири маънавии худ медонистанд. Бо фатвои вай бисёр корҳои савобу нек ба фарҷом расидаанд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессори донишгоҳи Карочӣ (Покистон)  Ориф Навшоҳӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин ҳамдиёри мо қариб даҳ номгӯй китобро ба забони форсӣ ва урду навиштааст ва корҳои илмиашро дар риштаи мазкур пайваста идома медиҳад. Ӯ ба қарибӣ ба Самарқанд омада, асари тозанашри худро ба имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳоҷӣ  Баҳодур Шарипов тақдим кард.
– Камина бори дуюм аст, ки меҳмони Самарқанд мешавам, – гуфт дар суҳбат Ориф Навшоҳӣ. – Маро ба чанд зиёратгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ бурданд, ки аз ин меҳмондӯстии самарқандиён бағоят сипосгузорам. Деҳаи Камонгарони ноҳияи Ургут, масҷиди Азизони шаҳри бостонӣ, мақбараи Хоҷа Саиди Обрез, ки бо Хоҷа Аҳрор алоқа доранд, ба ман таассуроти хуб гузоштанд. Ният дорам, пас аз бозгашт ба Ватан сафарномае нависам.
– Ҷаноби Ориф Навшоҳӣ, аз чӣ сабаб шумо ба ҳамдиёри мо таваҷҷуҳ доред?
– Соли 1987 дар китобхонаи қадими Панҷоб асари Хоҷа Аҳрори Валӣ ба дастам афтод ва он эътибори маро ба худ ҷалб кард. Баъд ин эҷодиёти пурмуҳтавои эшон ба кори илмии камина табдил ёфт. Дар Донишгоҳи давлатии Теҳрон чор сол доир ба Хоҷа Аҳрори Валӣ рисолаи докторӣ навиштам ва ба ҳимояи он шарафёб гардидам. Воқеан, барои ҷамъ намудани дастхат ва маводи зарурӣ ба Ҳиндустон, Англия, Туркия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон сафар кардам.
Дар дил орзу доштам қабри Хоҷа Аҳрори Валиро зиёрат намоям. Соли сипарӣ ба ин нияти худ расидам. Имсол дар шаҳри Урганҷ анҷумани бонуфузи байналхалқӣ баргузор хоҳад шуд, ки ман низ даъватӣ мебошам. Аз ин имконияти хуб истифода бурда, сафари худро аз зиёрати қабри  Хоҷа Аҳрори Валӣ оғоз намудам.
– Нақшаҳои ояндаи шумо?
– Ният дорам, баъди бозгашт ба Покистон дар асоси маводи ҷамъкарда ва таассурот аз Самарқанд боз китобе нависам.
– Ин дафъа шаҳри моро чӣ хел дидед?
– Таваҷҷуҳи мардум ба адабиёт бештар шудааст, Ӯзбекистон рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад. Ин ҳама натиҷаи кӯшиш ва ташаббусҳои неки раисҷумҳур – мӯҳтарам ҷаноби олӣ Шавкат Мирзиёев аст.
– Ниҳоят таманнои шумо?
– Ҳар як ваҷаби замини Ӯзбекистон муқаддас ва азиз аст. Ба халқи кишвари мустақили Ӯзбекистони ҷаннатмакон комёбиҳои нав ба нав орзумандам. Бигзор дӯстии мо поянда бошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: