ҲАРАКАТҲОИ МУШТАРАК БАРОИ ОЯНДАИ КИШВАРҲО ВА ХАЛҚҲО ИСТИҚБОЛҲОИ НАВРО БОЗ МЕКУНАНД

Дувумин анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ» рӯзи 27 апрел бо вохӯриҳо дар «мизи мудаввар»-и сарони ҳайатҳо дар конфронс- маркази байналхалқии «Янси» идома ёфт.

Дувумин анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ» рӯзи 27 апрел бо вохӯриҳо дар «мизи мудаввар»-и 
сарони ҳайатҳо дар конфронс- маркази байналхалқии «Янси» идома ёфт.

Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баромад кард.
Масъалаи робитаҳои тарафайни байналхалқӣ ва минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои кишвари мо, ки роҳи бевоситаи ба бандарҳои баҳрӣ баромадан надорад, ҳамеша рӯзмарра буд ва чунин боқӣ мемонад. Ӯзбекистон ташаббуси «Як макон, як роҳ»-ро, ки татбиқ намудани он омили муҳими рушди устувори кишварҳои мо ба шумор меравад, аз ибтидо дастгирӣ мекунад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлати мо қабул шудани Коммюникеи муштараки «мизи мудаввар»-и анҷуманро ҷонибдорӣ намуд ва изҳори бовар кард, ки он ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, муваффақ шудан ба ҳадафҳои умумӣ, боз гардидани манбаъҳои нави пешравии иқтисодӣ ва дар ниҳояти кор – таъмин гардидани беҳшавии дараҷаи ҳаёти мардумони кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Президенти кишвари мо бобати баланд бардоштани иқтидори нақлиётиву логистикии Осиёи Марказӣ, муваффақ шудан ба амнияти хӯрокворӣ аз тариқи иқтисодиёти «сабз», рушди сайёҳӣ, ҳаллу фасли муштараконаи мушкилоти экологӣ ва масъалаҳои дигари рӯзмарра як қатор ташаббусҳоро пеш гузошт.
Моҳияти муҳими боз намудани иқтидори транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ ва ташаккул додани гузаргоҳи иқтисодии Чин – Осиёи Марказӣ – Осиёи Ғарбӣ таъкид шуд. Дар ин ҷо баъд аз ба роҳ мондани лоиҳаи сохтмони гузаргоҳи автомобилии Тошканд – Андиҷон – Ӯш – Иркештам – Қашқар ва роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин ва Мазори  Шариф – Кобул – Пешовар пешомадҳои бузург фароҳам меоянд.  Ба роҳ мондани тарифи маъқул барои боркашониҳои роҳи оҳан бинобар хатсайри бандаргоҳи баҳри Зард – Осиёи Марказӣ – Аврупо низ аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Президент эътибори ҳозиронро ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти «сабз», дар хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавитарин ва қарорҳои пешқадам, ки барои муваффақ шудан ба амнияти хӯрокворӣ нигаронида шудаанд, ҷалб намуд.
Бо зикри он ки аз байн бардоштани оқибатҳои ҳалокатовари экологии хушкшавии баҳри Арал вазифаи умум ба шумор меравад, Шавкат Мирзиёев шариконро даъват намуд ба фаъолияти Бунёди бисёршарики трастӣ барои минтақаи Наздиарал таҳти васояти СММ, ҳамчунин бобати ташкил намудани минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар Наздиарал иштирок кунанд.
Бино бар рушди табодулоти сайёҳӣ, пешбурди барнома ва маҳсулоти муштарак таҳти тамғаи «Шоҳроҳи абрешим» таклифҳои рӯзмарра иброз гардиданд.
Роҳбари давлати мо мушкилоти Афғонистонро низ қайд намуд ва таъкид кард, ки истиқрори сулҳ дар кишвари мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ манбаъҳои нави пешрафти иқтисодиро фароҳам хоҳад овард. Шавкат Мирзиёев хабар дод, ки ин ва дигар масъалаҳои рӯзмарра дар Конфронси навбатии минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA) тирамоҳи ҳамин сол дар Тошканд муҳокима хоҳанд шуд.
Шабоҳати мероси таърихӣ ва фарҳангии мо, ҳадаф ва вазифаҳое, ки дар назди мо истодаанд, ҳамчунин ягонагии саъю кӯшишҳоямон имкон медиҳанд, ба оянда бо рӯҳбаландӣ назар дӯзем. Халқҳои мо бояд натиҷаҳои мусбати саъю кӯшишҳои муштараки моро воқеан эҳсос намоянд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Фикру ақида ва ташаббусҳои роҳбари давлати мо бо рағбати зиёд шунида ва қабул карда шуданд.
Дар анҷуман масъалаҳои инкишоф додани роҳҳои хушкигард ва баҳрӣ, боз намудани гузаргоҳҳои бузурги иқтисодӣ, ки ба вусъат додани робитаҳои тиҷоратӣ ва механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ нигаронида шудаанд, муҳокима гардиданд.
Зикр шуд, ки барои ин инфрасохтори босуръати нақлиётиву логистикӣ, энергетикӣ ва телекоммуникатсияҳо, ҳамоҳанг сохтани сиёсати макроиқтисодӣ, аз байн бардоштани монеа дар соҳаҳои савдо ва сармояҳо, пурзӯр намудани кооператсияи саноатӣ зарур мебошанд.
Тавре ки дар лоиҳаи «Як макон, як роҳ» қайд гардид, шакли машваратҳои муштарак, сохтмони муштарак ва истифодаи муштарак дар роҳи бунёди масоҳати ягонаи иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. Асоси ташаббуси мазкурро рӯшодии дарёфти манбаъҳои нави рушди дарозмуҳлат бо истифода аз иқтисодиёти «сабз» ва инноватсияҳо, татбиқи муштараки лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ташкил медиҳанд.
Таъкид гардид, ки вусъат додани роҳҳои баромадан ба бозорҳои хориҷӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ, афзудани содироти молҳо ва хидматҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангии сиёсати макроиқтисодӣ ба тезонидани ҷараёнҳои ҷаҳонии иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Аз Авроосиё то Африқо, Амрико ва Океания ба роҳ мондани кори муштараки «Як макон, як роҳ» соҳати навро барои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ боз намуд, барои савдои байналхалқӣ ва фаъолияти сармоявӣ роҳи нав кушод, бино бар такмил додани идораи ҷаҳонии иқтисодиёт фаъолияти нави амалиро вусъат бахшид, дар беҳтар шудани некӯҳолии халқи кишварҳои мухталиф саҳм гузошт. «Як макон, як роҳ» барои имкониятҳои нав ва шукуфоӣ роҳи умумӣ гардид.
Дар брифинг барои расонаҳои ахбори оммавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин таъкид намуд, ки роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, ки дар анҷуман иштирок доранд, бино бар масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо, ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ ва таҳкими робитаҳои мавҷуда, татбиқ намудани Барномаи СММ оид ба рушди устувор дар давраи то соли 2030-юм гуфтушунидҳо баргузор карданд.
Мо бобати мустақимона дар амал ҷорӣ намудани ташаббуси «Як макон, як роҳ» ба бисёр муоҳидаҳо муваффақ шудем. Нуқтаи назари сарони ҳайатҳо дар коммюникеи муштарак, ки бино бар натиҷаи «мизи мудаввар» қабул гардид, инъикос ёфт. Дар он як қатор лоиҳаҳое, ки дар доираи ташаббуси «Як макон, як роҳ» муштаракона татбиқ мегарданд, фаро гирифта шуданд. Тамоми иштирокдорон махсус таъкид карданд, ки ин ташаббуси бузург ба рушди кишварҳои аъзои он мусоидат мекунад. Мо консепсияи лоиҳаи «Як макон, як роҳ»-ро ғанӣ кардем ва барои рушди минбаъдаи он ба мувофиқа расидем. Мо давлатҳоеро, ки ба лоиҳаи мазкур рағбат зоҳир мекунанд, дастгирӣ мекунем, гуфт Си Сзинпин.
Таъкид гардид, ки роҳбарони давлатҳо бино бар таҳкими минбаъдаи робитаҳои бисёрҷанбаи муфиди тарафайн, инкишофи онҳо аз тариқи роҳҳои автомобилгард, баҳрӣ ва ҳавоӣ ба муоҳида расиданд. Ба рушди инфрасохтори баландсифат, муттасил, баландсуръат ва васеъмиқёс, фаъолияти гузаргоҳҳо ва минтақаҳои иқтисодӣ эътибори махсус дода шуд. Дар ин ҷараён корхонаҳо аҳамияти бузург доранд. Зеро он эътидоли лоиҳаҳо, муҳити  одилонаро барои сармоягузорон таъмин менамояд.
Дар доираи анҷуман ҷонибҳо ба 263 натиҷаи амалӣ, муоҳидаҳои байнидавлатӣ ва лоиҳаҳо бино бар ҳамкорӣ муваффақ шуданд. Дар ҷараёни анҷуман соҳибкорон ба муоҳидаҳои арзишашон  беш аз 64 миллиард доллари амрикоӣ имзо гузоштанд. Ҳамаи ин шаҳодати он мебошад, ки ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «Як макон, як роҳ» ҷиҳати  муфиди тарафайн ва васеъмиқёс касб менамояд.
Бо ҳамин дувумин анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ» кори худро ба охир расонд.
Президент Шавкат Мирзиёев сафари кории худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода, ба Ӯзбекистон баргашт.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: