ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

29 апрел мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков баргузор шуд.

Роҳбарони давлатҳо анъанаи устувору мусбати мунтазам вусъатёбӣ ва мустаҳкамшавии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки бисёрасринаи байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон, рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба дар соҳаҳои мухталифро бо қаноатмандии амиқ таъкид намуданд. 
Афзоиши муттасили мубодилаи мол ва миқёси кооператсияи истеҳсолӣ мушоҳида мегардад, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқ ҳамкориҳои муфиди тарафайн амалӣ мешаванд. 
Ҷамъомади Шӯрои ҳокимони вилоятҳои наздисарҳадӣ ва Комиссияҳои оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ мавҷуд будани имкониятҳои бузург ва қатъиятро барои минбаъд вусъат додани шарикӣ нишон доданд. 
Дар ҷараёни суҳбат муҳимияти мустақимона иҷро кардани муоҳидаҳои пештар имзошуда, куллан ба роҳ мондани имкониятҳои ҳамкории байниминтақавӣ, ҳамчунин амиқсозии робитаҳои маданиву инсонпарварӣ махсус таъкид гардид. 
Президентҳо ба баррасии лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ эътибори махсус доданд. Ба хусус муҳимият ва зарурати иқтисодии татбиқсозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон таъкид шуд. 
Ҷонибҳо ҳусни тафоҳуми байни тамоми иштирокдорони лоиҳаҳои мазкур ва тайёр будани онҳоро ба ҳамкориҳои минбаъда бо қаноатмандӣ зикр намуданд. 
Ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад. 
Дар анҷоми мулоқоти телефонӣ сарони давлатҳо қатъияташонро бобати ҳамаҷониба инкишоф додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн, мустаҳкам намудани муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву қирғизистонӣ ба манфиати ду халқи бародар таъкид сохтанд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: