ДАР МАКТАБҲО ДУЗДӢ АЗ МАБЛАҒИ БУҶА ОШКОР ГАРДИД

Аз ҷониби Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мактабҳои таълими ҳамагонии кишвар корҳо оиди пешгирии ғорати молу мулк ва маблағи буҷаи давлатӣ ба амал татбиқ карда мешаванд.

Барои ин дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳамаи мактабҳои таълими ҳамагонии Ӯзбекистон санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар рафти санҷишҳо ба миқдори 11, 4 миллиард сӯм қонуншикании молиявӣ ошкор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ходимони Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии вазорат факти банақшагирии зиёдатии маблағ дар сметаҳои хароҷот ба миқдори 4,2 миллиард сӯм (37,5 фоизи маблағи умумӣ), пардохти беасоси маош, ҳақдиҳӣ ба корҳои анҷомдоданашударо ба миқдори 2 миллиард сӯм ошкор намуданд. Ба ин фактҳои пардохт оиди сертификатҳои қалбакии категорияҳои квалификатсионӣ ва мукофоту иловапулиҳои зиёдатӣ  ба миқдори бештар аз 2 миллиард сӯм низ дохил мешаванд.
Аз ин рӯ, аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии вазорат ва шуъбаҳои минтақавии он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 190 парвандае, ки дар таркибашон ба миқдори  3,8 миллиард сӯм  корҳои ҷиноӣ доранд, супурда шуданд. Тибқи қонунгузории кишвар  279 нафар шахси мансабдор  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Чорабиниҳо имкон доданд, ки беш аз 3 миллиард сӯми маблағи ғайриқонунӣ масрафгардида ба буҷа баргардонда шавад.

Роман БОНДАРЧУК,
мухбири ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: