ҶОНИБЕК ҚУВНОҚ – ПУЛИ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚ

Чаҳор нафар субҳи барвақт озими шаҳраки Фориш шудем.

Сари чанбари мошин адиб Юнуси Имомназар, ки зодаи ин кӯҳпоя аст, менишаст. Вай ғайр аз ронандагӣ барои мо вазифаи роҳбаладро низ бар дӯш дошт. Абдулло Субҳон, Асадуллоҳ Исмоилзода ва банда то расидан ба шаҳри Ҷиззах масъалаҳои гуногунро баррасӣ кардем, латифаҳои обдор моро ба гирдоби ханда ғӯтонд, аз китоби «Ширу шакар»-и устод Ҷонибек, ки ба маросими рӯнамоии он шитоб доштем, намунаҳо шунидем. 
Шаҳри Ҷиззах хеле ободу зебо шудааст. Бо истифода аз чанд лаҳза вақте ки дар ихтиёр доштем, аз хиёбонҳои зебои он боздид кардем. Мошинамон дар роҳи ду тарафаш дашти васеъ ҷониби шаҳраки Фориш ба пеш мехазид.
– Ин роҳ чаро то ҳол тармим нашудааст? – дилам аз тақ-тӯқ бархӯрдани мошин ба танг омада пурсидам аз Юнус.
– Бале. Шояд акнун ба ин кор даст зананд. Аммо роҳи байни Нурато – Навоӣ хеле ҳамвору равон шудааст, – посух дод вай.
Дар ду тарафи ин роҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо деҳаҳои хурду кӯчак менамуданд, ҳатто деҳаҳоеро дидем, ки аз панҷ-шашу ё даҳ-дувоздаҳ ҳавлӣ иборат буданд. Дар тааҷҷуб шудам, ки ин деҳаҳо аз ҳам дар масофаи дур қарор доштанд ва дар ягонтои ин деҳот бинои маъмурӣ ё мактабе ба чашм намехӯрд.
– Кӯдакони ин мардум чӣ тавр ба таҳсил фаро гирифта мешаванд?
– Онҳо ғайр аз он ки ба мактаби деҳаҳои дигар рафта таҳсил кунанд, чораи дигар надоранд, – гуфт бо таассуф Юнус.
Дар ду самти роҳ корхонаҳои оҳаку сементбарорӣ ва амсоли он низ маскан гузида буданд, ки дар таъмини бекорон ба ҷойи шуғл ва рушди иқтисодиёти ноҳияи Фориш хеле мусоидат менамоянд.
Ниҳоят мошин моро ба шаҳраки Фориш расонид. Дар саҳни мактаби мусиқӣ мардуми зиёд гирдиҳам омада буданд. Дилам  болид, ки шоҳиди як маҳфили бошукӯҳу хотирмоне  хоҳам шуд. 
Мизбонон меҳмононро бо нону намак ва рақсу сурудҳои ҷолиб истиқбол гирифтанд. Дар ин нишасти адабию фарҳангӣ, ки аз сӯйи Маркази мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах, ҳокимияти вилоят ва ноҳияи Фориш таъсис ёфта буд, меҳмонон ва алоқамандони каломи бадеъ аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Гулистон, Сирдарё, Ҷиззах, ҳамчунин аз деҳоти тоҷикнишини куҳпояи Нурато – Эҷ, Синтаб, Моҷарм, Ӯхм, Порашт  ва аъзои хонаводаи шоир даъват шуда буданд.
Маросими рӯнамоиро раиси Маркази фарҳанги тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов ҳусни оғоз бахшид ва ин маҳфилро иди дӯстии халқҳо ва адабиётҳо унвон кард. Ба гуфтаи ӯ Хазинаи пуштибонӣ аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон сармояи муайянеро барои чопи китоби «Ширу шакар» ихтисос дод ва бар ин асос нахустин бор дар Ӯзбекистон маҷмӯаи ашъори тоҷикӣ ва ӯзбекии шоир Ҷонибек Қувноқ бо номи «Ширу шакар» чоп шуд. 
–Дар гирдоварӣ ва нашри китоби мазкур адибон Юнуси Имомназар, Асадуллоҳ Исмоилзода ва Ҷаъфари Муҳаммад саҳми беандоза доранд, – гуфт Абдукарим  Шарифов. 
Баъд наворе намоиш дода шуд, ки як сафари Ҷонибекро ба Душанбе ва иштироку суханронии ӯро дар маҳфили шеъри бузургворони адаби тоҷик бозтоб мекард. Ҳамчунин дар навори дигар устод Ҷӯрабек Муродов табрикоти самимии худро нисбати баргузории ин ҷашнвора иброз намуда буд. Вай аз он ёдовар шуд, ки бо Ҷонибеки Қувнок дар як донишкада таҳсил кардааст ва баъдан бо ҳам солҳои дароз ҳамкории эҷодӣ доштааст. Устод Муродов тазаккур дод, ки вақте шеъри Ҷонибек бо матлаъи  «Модар сари қабрат омадам боз»-ро ба оҳанг даровард, он хеле зуд дар миёни мухлисони зиёд шӯҳратёр гашт.
 Дар ин ҷашнвора ҷонишини ҳокими вилоят Эштемир Исматов, ҷонишини ҳокими ноҳияи Фориш Ҷаҳонгир Ҷиянов аз хидматҳои устод Ҷонибек дар мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқати тоҷикону ӯзбекон ҳарф заданд. Ба дунболи онҳо дӯстону шогирдони устод Ҷонибек, аз ҷумла, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, шоир ва олим Ҷаъфари Муҳаммад, адабиётшинос Аслиддин Қамарзода, шоирон Абдулло Субҳону Салим Кенҷа, ҳамдарсу ҳамсабақи мактабиву донишгоҳии устод Ҷонибек – Толиб Қазоқов  аз умри кӯтоҳ, вале босамару пандомӯзи ӯ ёдовар шуданд.
Нотиқон дар бораи ҳаёт ва осори дилнишини ӯ, маҳорати мутарҷимӣ ва рӯзноманигорӣ ва аз ҳама муҳимтар, дар хусуси инсони дилнарму дилёб ва хоксору пурзаҳмат будани эшон ҳарф заданд. 
Ҷонибек Қувноқ дар байни эҷодкорони солҳои 70 ва 80-ум аз он ҷиҳат бартарӣ дошт, ки ӯ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекард. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳамзамон китобҳои шоир дар Душанбе, маҷмӯаи шеърҳои Ҷонибек Қувноқ дар Тошканд низ (ба забони ӯзбекӣ) чоп шудаанд. Чунончи, китобҳои «Юрак тӯлқинлари» ва «Сенга интиламан» (бо ҳаммуаллифӣ) далели онанд, ки вай дар майдони адабиёти ду халқ ба ҳайси «Шоири зуллисонайн» низ шӯҳрат баровардааст. 
 Саҳми устод Ҷонибек дар тарғиби адабиёти тоҷик дар байни мардуми ӯзбектабор низ таъкид гардид. Ӯ достону шеърҳои устоди назм – Мирзо Турсунзодаро ба ӯзбекӣ баргардонда, соли 1981 бо номи «Оташ посбони» ба дасти ҳаводорони каломи мавзун расондааст. Ашъори шоира Мавҷуда Ҳакимова низ тарҷума шудаву бо номи «Қуёш зарраси» пешкаши хонандагон шудааст. 
Маҳорати тарҷумонии шоир низ беш аз пеш доман фарох намудааст. Ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои ӯзбекӣ, ба хусус, дар маҷаллаи «Адабий мерос» пайваста ашъори ноби классикони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ баргардон кардаву ба чоп мерасонидааст. Намунаи ғазалҳо аз ашъори Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Биноӣ, Сайидои Насафӣ, Маъдан, Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Аҳмади Дониш, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ аз зумраи тарҷумаҳои устод Ҷонибек муаррифӣ шуданд, ки дар ин росто хеле бо маҳорату сайқали хос анҷом додааст.
Ҷонибек Қувноқ ҳамчунин тарғибгари фаъоли адабиёти ӯзбек дар байни халқи тоҷик арзёбӣ шуд.  Яке аз хидматҳои бузургаш дар моҳҳои охири умраш тарҷумаи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мир Алишери Навоӣ муаррифӣ шудааст. Гузашта аз ин, маҳз бо кӯшиши ӯ ду романи адибони яҳудиёни Бухоро Ёқуб Хайимов ва Малик Раҳмон бо исмҳои «Ду тақдир» ва «Дарбадар» ба тоҷикӣ баргардонда шудаанд. Тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткур Ҳошим бо номи «Нур ва соя» (Душанбе, 1982), достони Абдулло Орифов «Ҳаким ва аҷал», бисёр ашъори Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Нормурод  Нарзуллоев, Назармат аз сӯйи Ҷонибек сурат гирифтааст.
Азбаски дар чаҳорчӯби мулоқоту нишастҳои адибони тоҷику ӯзбек дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд китобҳои муштарак ва намунаҳои адабиёти ҳар ду халқ ба табъ мерасид, дар Ӯзбекистон сару сарвари чунин иқдомҳо Ҷонибек  буд. Соли 1981 дар Тошканд чоп шудани китоби «Дӯсти мо, бародари мо» ба такопӯйи шоир бастагӣ дорад. Ӯ яке аз мураттибони ин китоб аст, ки бахшида ба баргузории даҳаи адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон фароҳам омада буд.
Хидматҳои дигари устод Ҷонибек дар рушду ривоҷи публитсистика мебошад. Барои ин хидматҳо ӯ ба унвони «Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон» қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин ӯ асосгузори барномаи тоҷикии телевизионии «Рангинкамон» ва нахустин раиси собиқ Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошад. 
Бисёр овозхонҳо дилдодаи ашъори Ҷонибек Қувноқ ҳастанд. Чандин нафар, аз ҷумла, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Ортиқ Отаҷонов, Даврон Алиматов, бародарон Муҳаббатовҳо ба шеърҳои ӯ оҳанг бастаанду сурудаанд.
Китоби дастҷамъии шоирон бо номи «Гулдастаи Самарқанд» низ маҳсули давутози бевоситаи Ҷонибек Қувноқ мебошад, ки бо ҳамкории Аслиддин Қамарзода ба табъ расидааст. Ҷонибек Қувноқ аз соли 1966 то дами охирини зиндагӣ дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» кор карда, барои сайқали маҳорати қаламкашони ҷавон бисёр хидмат намудааст. Ӯ нахустин касест, ки таърихи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба қалам дода, дар ин робита пажӯҳишҳои муфидро низ анҷом додааст. Осори ӯ дар китобҳои дарсӣ фаровон истифода шудаанд.
Хонандагони мактабҳои Порашту Синтаб аз ашъори шоир қироат карданд, оҳангу навоҳои Ҳасан Нуралиев, аъзои дастаи ҳунарии «Мавригӣ»-и Бухоро ба ҷашн шукӯҳи тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Тошканд – Фориш – Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: