ТАРАҚҚИЁТИ СУРХОНДАРЁ АЗ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ БОИГАРИҲОИ ТАБИӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ҲУДУД ВОБАСТ МЕБОШАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо, корҳои бунёдкории ҷорӣ ва иҷрои супоришҳои пешин ва муайян намудани нақшаҳои оянда 30 апрел ба вилояти Сурхондарё омад.

Роҳбари давлат 19-20 январи соли 2018 зимни ташрифи худ ба вилояти Сурхондарё бо бисёр лоиҳаҳои истиқболнок шинос гардида, дар бобати васеъ намудани ҳаҷми корҳои сохтмону бунёдкорӣ дар ноҳияву шаҳрҳо бо суръат ривоҷ додани соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ, хидматрасонӣ ва сервис, ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаёт барои аҳолӣ вазифаҳои дахлдорро мушаххас намуда буд.
Дар тӯли даври гузашта дар бобати иҷрои супоришҳои мазкур корҳои муайян ба амал татбиқ гардиданд. Дар самтҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва хидматрасониву сервис ба қимати умумии 3 триллиону 12 миллиард сӯм 423 лоиҳа ба амал татбиқ гардида, қариб 7 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Бино бар иҷрои вазифаҳое, ки роҳбари давлат муайян намудааст, дар вилоят истеҳсоли симон азхуд карда шуд. Ҳосил намудани сангҳои хоро ва габбро ва азнавкоркарди онҳо барпо гардид. Гармхонаҳои замонавӣ бунёд гардида, зироати гуногун парвариш ёфт, дар бобати рушд додани чорводорӣ ва паррандапарварӣ, соҳаҳои таълиму тиббиёт, бо манзили арзон  ва сифатнок таъмин намудани аҳолӣ эътибор пурзӯр гардид. Дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар вилоят ба амал татбиқ гардид, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар чоряки якуми соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти ҳудуд 3,4, саноат 2, сохтмон 25,5, хитматрасонӣ 4,2 фоиз зиёд гардид.
Бевосита ҷалб намудани сармояи хориҷӣ чун вазифаи муҳим муайян гардид. Аз он ҷумла, дар поёни чоряки якуми соли ҷорӣ дар саросари вилоят 42 сармояи бевоситаи хориҷӣ ба қимати 23,6 миллион доллар ҷалб карда шуд. Дар соҳаи саноат 16,2 миллион доллар, хоҷагии қишлоқ 3,62 миллион ва ҳам дар соҳаҳои хидматрасонӣ ва сервис 3,16 миллион доллар сармояи хориҷӣ азхуд карда шуд.
Дар бобати ба кор андохтани лоиҳаҳои нав ва ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ корҳои баамалтатбиқшаванда дар масъалаи афзудани салоҳияти содироти ҳудуд ҷойгоҳи муҳимро молик аст. Хусусан, дар чоряки якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти ҳудуд ба 131,5 фоиз иҷро гардид. 
Ташрифи Президентамон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё аз шиносоӣ бо нерӯгоҳи гидроэлектрии Тӯпаланги ноҳияи Сариосиё оғоз ёфт.
Дар мамлакатамон барои рушди гидроэнергетика ҷойҳои дорои шароити табиӣ зиёд аст. Истифодаи самарабахши имкониятҳои мазкур ва вусъат додани иқтидорҳои ҳосилкунии энергия ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёт табдил ёфт.
Мувофиқи қарори Президент аз 2 майи соли 2017 бинобар рушди минбаъдаи гидроэнергетика дар солҳои 2017-2021 барномаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Мувофиқи фармон аз 18 майи  ҳамон сол Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» ташкил карда шуд. Бинобар татбиқи сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳа, васеъ гардондани азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, азнавҷиҳозонии НГЭ ва созмон додани иқтидорҳои нав дар асоси технологияҳои замонавӣ вазифаҳо муайян шуданд.
Мувофиқи ин НГЭ Тупаланг модернизатсия карда мешавад. Пештар дар ин ҷо ду агрегати иқтидори ҳар якаш 15 мегаватт кор мекард. Бинобар супориши Президент баландии сарбанди обанбори Тӯпаланг 20 метр бардошта шуд. Дар натиҷаи он гунҷоиш аз 380 миллион то 500 миллион метри мукааб расонда шуд. Ҳоло дар ин ҷо бинобар васли боз ду агрегати иқтидори умумиашон 145 мегаватт кор бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, нирӯгоҳҳои хурди гидроэлектрии Зарчоб-1 ва Зарчоб-2, ки иқтидори ҳар яки онҳо қариб 38 мегаваттро ташкил медиҳад, сохта мешавад. Ҳамин тариқ иқтидори умумии ҳосил кардани энергия то 250 мегаватт расонда хоҳад шуд.
Захираҳои гидроэнергетикӣ бо он  аҳамиятнок аст, ки манбаи ягона ва барқароршавандаи энергия ба ҳисоб мераванд. НГЭ метавонад ба экология ҳеҷ гуна зарар нарасонда, энергияи барқарор ҳосил намояд ва онро ба корхонаҳои саноатӣ, идораҳои гуногун ва аҳолӣ расонда диҳад.
Сарвари давлатамон сарбанди нав ва нерӯгоҳи гидроэлектриро аз назар гузаронд.
– Ин воқеаи таърихӣ мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Корҳои мазкур баҳри оянда, фарзандонамон амалӣ гардонда мешаванд. Дар оянда Сурхондарё ба туфайли гидроэнергетика метавонад иқтисодиёти худро пурра таъмин намояд.
Дар ин ҷо маросими тақдимоти низоми техникӣ барои мониторинги ҳолати обанборҳо ва нерӯгоҳҳои гидроэлектрӣ ба амал омад.
Президент, бинобар мустаҳкам намудани сарбанд ва назорати доимии он, таъмин кардани бехатарӣ, баланд бардоштани самарабахшии истифодаи обанборҳо дар асоси коркардҳои илмӣ супоришот дод.
Президентамон бо корҳое, ки дар кони ангишти Шарғуни назди ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» дар ноҳияи Сариосиё татбиқ мегарданд, шинос шуд.
Имрӯз дар мамлакатамон бинобар пайваста ривоҷ додани соҳаи энергетика, диверсификатсия намудани манбаъҳои энергия, ба аҳолӣ ва ташкилотҳо расонда додани якчанд намуди энергия чораҳо андешида мешаванд.
Дар айни ҳол дар ин ҷо якҷоя бо шарикони чиноӣ лоиҳаи арзишаш 105,5 миллион доллар, ки барои солҳои 2017-2020 пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад. Аз он 15,7 миллион доллараш маблағи ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир», 89,8 миллион доллараш бошад, маблағи воми Эксимбонки Чин мебошад. Баробари пурра баҳрабардорӣ шудани лоиҳа аз соли 2021 сар карда, соле 900 ҳазор тонна ангиштсанг ба даст оварда хоҳад шуд. 600 ҷойи корӣ созмон дода мешавад. Ҳаҷми расонда додани ангиштсанг ба нирӯгоҳҳои гармиву электрии Янги-Ангрен ва Ангрен, заводҳои симон, аҳолӣ ва истеъмолгарони дигар меафзояд.
Дар байни маъданҳои фоиданоки мамлакатамон ангишт нақши алоҳида дорад. Дар як қатор ноҳияҳои вилояти Сурхондарё хелҳои мухталифи маҳсулоти мазкур канда мешавад. Ангишти кони Шарғун бо сифати баланд, зиёд будани захираҳояш аз конҳои дигари ангишт тафовут дорад. Дар ин ҷо айни ҳол бо назардошти захираи асосии кон аз зери кӯҳ нақб канда мешавад. Алакай ба масофаи 2 километр нақб канда шудааст, баъди боз 1,5 километр баромад ба захираи асосии кон таъмин карда мешавад, ки ҳаҷми он 33 миллион тонна арзёбӣ мегардад.
Ба роҳбари давлатамон бино бар самтҳои асосии рушди ангиштканӣ дар вилояти Сурхондарё маълумот дода шуд.
Дар худи ҳамон ҷо тақдимоти лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба навсозии ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир», ташкил кардани ангиштканӣ дар конҳои Куҳитанги ноҳияҳои Бойсун ва Шеробод, рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сариосиё ва шаҳрчаи Шарғун дар солҳои 2019-2020 баргузор гардид.
– Чунин ангишти хушсифат дар ҳеҷ куҷо нест. Мо ба ин гуна лоиҳаҳо эҳтиёҷ дорем.  Боигариҳои зеризаминиамонро бояд ба манфиати халқамон истифода барем,–  гуфт роҳбари давлатамон. 
Бинобар дар муддати кӯтоҳ ва хушсифат татбиқ намудани лоиҳаи мазкур, рушди минбаъдаи саноати кон, зарурати тайёр намудани мутахассисон барои соҳа, куллан тағйир додани инфрасохтори иҷтимоии шаҳрчаи Шарғун, барпо намудани муассисаҳои замонавии таълим, тибб, меҳмонхонаҳо ва биноҳои нави истиқоматӣ, сохтани обанбор ва рушди чорводорӣ ба шахсони мутасаддӣ супоришот дода шуд.
Дар рафти ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Русия моҳи апрели соли 2017 бо сармоягузорони русиягӣ оид ба иктишофи аввалин ва коркарди он дар кони «Мустақилликнинг 25-йиллиги»-и ноҳияи Бойсун бо сохтмони минбаъдаи маҷмӯи газу кимё бобати тақсимоти маҳсулот созишнома ба имзо расида буд.
Дар ду зина татбиқ намудани лоиҳаи арзиши умумиаш 5,2 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Дар зинаи якум дар солҳои 2018-2022 сохтмони заводи азнавкоркарди иқтидори солонааш соле 5 миллиард метри мукааб пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар доираи барномаи «Эрта газ» аз соли 2020-ум сар карда аз қишри гази чуқуриаш 2 ҳазору 800 метр соле то 1 миллиард метри мукааб газ истихроҷ карда хоҳад шуд. Дар соли 2023 боз 15 чоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, хати дувуми заводи азнавкоркарди газ ба кор дароварда шуда, дар натиҷа истихроҷи газ соле ба 5 миллиард метри мукааб расонда мешавад. 
Дар айни ҳол дар кони газ аз ҷониби ширкати «BJP»-и Чин ҷустуҷӯи 3D-и сейсмикӣ гузаронда шуд. Аз ҷониби ширкати «Эриелл» 7 чоҳи баҳодиҳӣ канда мешавад. Дар объект ҷамъ 1125 коргар, аз он ҷумла мутахассисони ширкатҳои хориҷии «Baker-Hughes», «Halliburton» ва «Schlum-berger» меҳнат мекунанд.
Сарвари давлатамон дар рафти ташриф ба вилоят бо рафти корҳо дар доираи ин созишнома шинос шуд. Бо ҳамкори лоиҳа, таъсисгари ширкати «Altmax Holding LTD» сармоягузори русиягӣ Андрей Филатов дар бораи натиҷаи корҳои ибтидоии геологиву ҷусту-ҷӯӣ, лоиҳакашии маҷмӯаи азнавкоркарди газ ва сохтмони он суҳбат орост. Ин сармоягузор дар таҷдиди муассисаи таълими томактабии 10-уми ноҳияи Бойсун низ иштирок кардааст.
Солҳои охир дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаи сӯзишвориву энергетикӣ маҷмӯаҳои газу кимёи Устюрт, азнавкоркарди гази Қандим барпо гардида, номгӯйи маҳсулоти рақобатпазир ва ҳаҷми истеҳсолот вусъат ёфт. Лоиҳае, ки дар Бойсун татбиқ мегардад, имкони рушди маҷмӯгии минтақаҳои ҷанубии мамлакатро фароҳам оварда, барои рушди соҳаҳои сӯзишворию энергетикӣ, кимё, саноати сохтмон ва инфрасохтори нақлиёт таҳрики навбатӣ хоҳад гардид.
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар мамлакатамон бино бар бунёд намудани маҷмӯи газу кимё таҷрибаи зиёд ғанӣ гардида, лоиҳаи мазкур дар азхудкунӣ ва азнавкоркарди захираҳои карбогидриди замини Сурхондарё имконияти бузург фароҳам меорад. Бино бар тезондани татбиқи лоиҳа ба шахсони мутасаддӣ супоришот дод.
Дар ноҳияи Тирмиз барпо намудани нерӯгоҳи барқии гармии 900 мегават, дар вилоят ривоҷ додани саноат, такомул додани шабакаҳои муҳандисӣ, дар ноҳияи Бойсун бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, дар ноҳияи Сариосиё корҳое, ки дар бобати ривоҷ додани ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудаанд, тақдим гардиданд.
Президент таъкид намуд, ки дар ноҳияҳои Сариосиё ва Бойсун парвариши меваву сабзавотро зиёд намуда, дар хонаводаҳо чорводориро ташкил карда, оилаҳо барои худро таъмин намудан бояд қодир бошанд.
– Ҳокимони ноҳияҳо лоиҳаҳои хурд-хурдро ҷалб намуда, саҳми содирот ва андозро барои зиёд намудан фикр бояд кунанд. Дар ҳамин ҳолат дар бобати ривоҷ додани иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо муваффақият ва натиҷаҳои ноилгардидаамон аз имрӯза 10 баробар зиёд хоҳад гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат дар ҳамин ҷо бо оқсақолони вилоят суҳбат намуд. Дар бобати сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва тамоилҳои асосии он, ҳимоя намудани манфиати халқ, бо дониш тарбия намудани ҷавонон сухан ба миён омад. Сохтмони маҷмӯаи нави азнавкоркарди газ ва нерӯгоҳи барқии гармӣ барои истеҳсоли босифати маҳсулот, сарватманд намудани одамон роҳ боз менамоянд. 
– Дар наздамон роҳи душвору мураккаб, аммо ягона дуруст ҳаст, ки ин ба манфиати халқ аз сидқи дил хидмат кардан аст. Барои ин ҳама аз як гиребон сар бароварда, ҳамҷиҳатона саъй кунанд, одамон низ аз имрӯза барои беҳтар меҳнат намудан кӯшиш бояд намоянд. Ҳоло халқамон бо ин фикру андеша зиндагӣ намуда, бояд тағйир ёбад. Мардуми Сурхондарё хислату фели ба худ хос дорад. Аз ҳама муҳимаш, одамон ҳалолу поквиҷдон, ғамхорони ояндаи диёр ҳастанд. Аз имконияти чунин одамон босамар истифода бурда, камарро мустаҳкам баста, ба мардум бояд хидмат намоем, – гуфт Президент.
Дар мамлакат таъмин намудани бехатарии озуқаворӣ, ба бозори дохилӣ расонда додани маҳсулоти босифат ва арзон дар маркази эътибори доимӣ қарор дорад. Барои ин дар маҳалҳо ташкил гардидани корхонаҳои паррандапарварӣ ҷойгоҳи худро дорад. Яке аз онҳо корхонаи хусусии «Янгиобод инвест сервис»-и ноҳияи Музработ мебошад.
Президент зимни ташрифи Сурхондарё бо фаъолияти ин корхона шинос шуд.
Қимати лоиҳаи корхонаи мазкур, ки ба қарибӣ корро шурӯъ намудааст, 53,127 миллиард сӯм мебошад. Барои корхона аз маҳалле, ки нафъи зиёд надошт, 230 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин дар 220 гектар барои хӯрокаи паррандаҳо кишт карда шуда, дар 10 гектари боқимонда биноҳо ҷойгир карда шудаанд. Хусусан 7 бинои паррандапарварӣ ва 2 бинои чуҷабарорӣ мавҷуд. Дар корхонаи хусусӣ имконияти парвариши 500 ҳазор сар мурғ мавҷуд аст. Инчунин барои парвариши 1 миллиону 735 ҳазор сар чуҷа инкубатор низ вуҷуд дорад. Дар ин ҷо соле 168 миллион дона тухм ба даст омад. Моҳи июни соли ҷорӣ хати нави истеҳсоли хӯрокаи парранда насб гардида, бо ҳамин корхона пурра бо ем таъмин мегардад. Дар айни ҳол ба андозаи гунҷоиши ҳазор тонна анбори яхдон сохта мешавад.
Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаҳое, ки дар корхонаи хусусии «Янгиобод инвест сервис» дар оянда татбиқ хоҳад гардид, маълумот дода шуд. Бино бар он, дар корхона аз паррандаҳои корхона омода намудани сосис, аз пари мурғ болин ва курпа, аз устухон озуқаворӣ истеҳсол намудан ба нақша гирифта шудааст.
Боз як лоиҳае, ки дар оянда ба амал татбиқ мегардад, ин истеҳсол намудани биогаз ва биопоруро дар назар дорад. Якҷоя бо соҳибкорони Чин интизорӣ меравад, ки лоиҳаи мазкур ба қимати умумии 1 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА сохта мешавад. Аз ин 500 ҳазор доллар маблағи худи корхона буда, 1 миллиону 200 ҳазор доллар аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ аст. Дар натиҷаи ба кор даромадани лоиҳа 50 ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда мешавад. 
Худи дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳои бармаҳал расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар вилояти Сурхондарё ва содироти он, аз заминҳои аҳолӣ босамар истифода намудан, ташкил намудани кластери агросаноат ва дигар лоиҳаҳо баргузор гардид.
Президент ба корҳое, ки дар бобати ҳавлидорӣ бурда мешавад, эътибори алоҳида дод.
Дар вилояти Сурхондарё дар 400 ҳазор хонавода 48 ҳазор гектар замин мавҷуд аст. Соли ҷорӣ аз ҳосили аввал 644 ҳазор тонна ҳосил ба даст омад. Дар шароити иқлими вилоят бо ташкил намудани гармхонаҳои хурд бевосита се маротиба ҳосил ба даст оварда, онро содир намудан мумкин аст. Ин қариб бо истифодаи 150 ҳазор гектар замин баробар аст. Масалан, имсол бори аввал дар таърихи мамлакатамон содир намудани картошка ба роҳ гузошта шуд. Дар вилоят беш аз 270 ҳазор тонна картошка парвариш гардид. 100 ҳазор тоннаи онро ба хориҷ фурӯхтан ба нақша гирифта шудааст.
– Ҳавлидорӣ дар бобати арзон намудани маҳсулоти озуқаворӣ, паст намудани дараҷаи инфлятсия аз нуқтаҳои такягоҳӣ аст. Ба туфайли ин одамони зиёд соҳиби кор мешаванд, оилаҳо соҳиби даромад ва барака мешаванд. Онҳое, ки аз ҳавлӣ босамар истифода менамоянд, дастнигари каси дигар намешавад, бой мегардад. Барои ин низом ба вуҷуд оварда шудааст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат бо тақдимоти корхонаи мобилие, ки аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба маҳалҳо рафта, доир ба истеҳсоли ем аз дони ҷав, гандум, сулӣ ва ҷуворимакка сохта мешавад, шинос гардид.
Дар бораи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаи чорво, ки дар низоми хоҷагиҳои ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», заводи мобили истеҳсоли еми омехта, фаъолияти хоҷагии фермерии «Қорабоир»-и ноҳияи Қумқӯрғон, парвариши шутурмурғ, уштурпарварӣ, харгӯшпарварӣ, бузи зотӣ маълумот дода шуд.
Ба тариқи мисол, қимати лоиҳаи заводи мобили истеҳсоли еми омехтаи аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» тақдимгардида, 280 ҳазор евро аст. Ин заводи сайёр, ки ба мошини «МАЗ» пайваст гаштааст, дар якҷоягии мамлакатҳои Белорусу Австрия истеҳсол гаштааст. Аз ҷав, гандум, сулӣ, ҷуворимакка, кунҷола, иловаҳои маданӣ ва равғани растанӣ еми омехта истеҳсол мегардад. Иқтидори он соате ба истеҳсоли беш аз 16 тонна еми омехта муқаррар гаштааст. Тамоми ҷараёни кор ба тартиби компутер ба амал ҷорӣ гаштааст. Агар маҳсулот аз бозор харид гардад, заводи сайёр дар тӯли як сол харҷи худро мебарорад. Агар аз маҳсулоти корхонаҳои низоми ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» харид гардад, дар панҷ моҳ харҷи худро мебарорад.
Барои аз сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии ҷануби мамлакатамон, аз имкониятҳои ҳанӯз роҳандозинашуда оқилона истифода намудан барои мардуми меҳнаткашу ҷӯянда ва фидоии вилоят тамоми шароит муҳайё мегардад. Дар ин бобат эътиборе, ки дар дараҷаи давлат зоҳир мегардад, онҳоро рӯҳбаланд гардонда, бо ғояҳои нав қадамҳои боварибахш гузоштан илқо менамояд. Лоиҳаҳои истиқболноке, ки дар маҳалҳо аз нав тақдим мегарданд, далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Ташрифи Президент ба вилояти Сурхондарё идома дорад.

Умар АСРОРОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: