ПЕШ АЗ МАНУ ТУ ЛАЙЛУ НАҲОРЕ БУДАСТ...

Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Хаймаҳои бар асоси тафаккури Хайём бофташуда» маҳфили адабӣ-бадеӣ баргузор намуд.

Дар он адибону олимон, намояндагони сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён, мухлисони шеъру адаби форсӣ  ширкат карданд.
– Шоир ва ҳакими маъруф Хайёми Нишопурӣ бо рубоиёти пуршавқу шӯр дар тамоми дунё машҳур гашт. Ҳарчанд теъдоди ин рубоиёт чандон зиёд нестанд, вале баёни мавзӯъ, мундариҷаи ғанӣ ва тавсифи рангоранг шӯҳрати рубоиҳои Хайёмро беш аз пеш афзудаанд,– изҳор кард раиси марказ Ҷаъфари Муҳаммад.
– Мо ин ҷо беҳуда аз Умари Хайём ёд намекунем. Вай ҳам шоир ва ҳамсон ҳакиму файласуфи барҷастаест, ки бо ашъор ва шахсияти худ дар дунё машҳур гаштааст. Хайёмро ҳамчун нигаҳбони ҷавҳари нубувват низ ёд мекунанд, ки Синоро дақиқ омӯхтааст ва ба шогирдон аз омӯхтаҳои худ сабақ додааст. Хайёми Нишопурӣ ҳамеша дур аз шаккокиятҳо қарор дошт, ба ҳайси орифу мутасаввиф ҳамвора фанҳои зиёдро низ омӯхт ва худро ташаккул дод,– дар ғояти ифтихор тавзеҳ дод ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Ӯзбекистон Муҳсин Пурмуҳсинӣ.
Тавре ки тазаккур шуд, ҷанбаи шоирии Ҳаким Хайём бештар ва олами образҳои ӯ хеле рангин аст. Аслан шеър шояд худ маъное касб намекунад, аммо агар кас ба он хеле мутаваҷҷеҳ шавад, маъниву мундариҷаҳои зиёдро дар он пайдо мекунад ва ин хусусият ба рубоиёти Хайём низ алоқаманд мебошад.
 Ногуфта намонад, ки рубоиёти Умари Хайёмро хонда, баъзе адибони маъруф низ вайро напазируфтаанд ва ӯро мутаассиб хондаанд. Вай аз зумраи шоирон  танҳост, ки дар даҳсолагӣ Қуръонро аз ёд кардааст ва баъд таърихи Наврӯзро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
– Ҳатто Президенти Русия ҷаноби Путин дар посух ба саволи хабарнигоре гуфт, ки бештар осори Хайёмро дӯст медорад ва онро пайваста мехонад,– гуфт устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд  Аслиддин Қамарзода ва ин рубоии Хайёмро замзама намуд:
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре,
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.
Номзади илмҳои филология Эргаш Очилов меҳнати шоистаи Шоислом Шомуҳаммедовро дар тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём дар меҳвари гуфтугӯйи худ қарор дод. Вай гуфт, ки олим таҳти унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти Умари Хайём» рисолае таълиф намудааст.
– Маҳз ин олими бузург  рубоиёти Хайёмро дар дили мардуми ӯзбекзабон маъво гирондааст. Бар ин асос аст, ки дар аксари базму маҳфилҳо мардуми ӯзбектабори мо намунаҳо аз рубоиёти ширини Умари Хайёмро бо ҳарорат қироат мекунанд,– зикр намуд Эргаш Очилов.  
Гар ман зи майи муғона мастам, ҳастам, 
В-ар ошиқу ринду бутпарастам, ҳастам. 
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад, 
Ман худ донам, ҳар он чӣ ҳастам, ҳacтам.
 Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ Марҳабо Собирова, шоир ва адиби рус Олег Боровский низ бар ин ақида устувор буданд, ки осори Хайём басо гаронбаҳост ва таваҷҷӯҳи тамоми мардуми оламро ба худ кашидааст. Баъд як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ намунаҳо аз рубоиёти Умари Хайёмро қироат карданд.  
Дар маҳфил баробари ба риштаи баҳсу баррасӣ кашидани ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ, боз маҳсули ҳунари яке аз хаттотони моҳир Илҳоми Кешӣ (Назаров) ба маърази тамошо гузошта шуд. Маълум шуд,  ки  Илҳоми Кешӣ аз мухлисони рубоиёти Хайём мебошад. Вай  намунаҳои зиёдеро аз ин рубоиёт рӯйи тахтаҳо бо шеваи зебо ба забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ ва русӣ хаттотӣ карда буд, ки мавриди ситоиш қарор гирифт. Илҳоми Кешӣ ҳамчунин ба се забон рубоиёти зиёди Умари Хайёмро аз ёд ба иштирокчиёни ин маҳфил тақдим намуд. 
Илҳоми Кешӣ  яке аз муассисони ин маҳфил мебошад ва аз Шаҳрисабз ба манзури баргузор кардани ин чорабинии фарҳангӣ омадааст. Дар хазинаи ӯ катибаҳои зиёде бо хати зебои форсӣ аз эҷодиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Навоӣ ва амсоли он хаттотӣ шуда буданд, ки иштирокчиёни маҳфил аз тамошои он ба ваҷд омаданд.
Дар поёни маҳфили адабӣ-бадеӣ овозхон Ғоибҷон Ашӯров сурудҳо бар матни рубоиҳои Умари Хайёмро ба самъи ҳозирон пешкаш намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: