ЁДИ ОН СОЛҲО

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» тадбирҳои муфид баргузор мегарданд.

Дар Самарқанди бостонӣ дар рафти тайёрӣ ба ҷашн баргузор намудани чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва ватанпарвариро бинобар дар байни табақаи васеи аҳолӣ, хусусан ҷавонон, тавзеҳ додани аҳамияти матонат, ҷасорат ва қаҳрамонии собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷабҳаи меҳнат, инчунин хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.
Ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр дар назди ҳайкали Модари маҳзуни вилоят бо ташаббуси клуби варзишӣ-техникии «Афросиёб»-и ташкилоти «Ватанпарвар» дар мавзӯи «Вохӯрии се авлод» чорабинӣ ба амал омад. 
Дар он собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон Михаил Колмогоров, Очил Ҷабборов, Абдулло Каримов, ветеранҳои ифтихории Қувваҳои Мусаллаҳ Самад Солеҳов, Тӯра Аҳмадов ва Ӯлмас Шодиев, хидматчиёни ҳарбӣ, хонандагони литсейи академии назди Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ бо ветеранҳои ҷанг суҳбат баргузор гардид. Собиқадорони ҷанг оиди воқеаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷасорати халқамон суханронӣ карданд.
Хонандагони литсей дар васфи қаҳрамонон шеърҳо гуфтанд. 
Дар охири чорабинӣ ҷамъомадагон бо ветеранҳои ҷанг ба пойи ҳайкали Модари маҳзун гулдастаҳо гузоштанд. Ба собиқадорони ҷанг тӯҳфаҳо супорида шуд. 
–  Камина қариб ҳашт сол дар Ҷанги дуюми ҷаҳон будам, –  иброз дошт ветерани ҷанг Аҳадбобо Очилови 95-сола. –  Ман хеле сипосгузорам аз Президент, ки барои мо диққату эътибор медиҳад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: