ҶАНГОВАРЕ АЗ БУХОРОИ ШАРИФ

Медонистам, ки дар ҳудуди маҳаллаи «Хоҷа Ғунҷорӣ»-и шаҳри Бухоро иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳабиб Валиев зиндагӣ дорад, вале намедонистам, ки манзили ӯ дар куҷост.

Аз ин рӯ, ба идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи номбурда рафта, суроғ кардам ва зуд ёфтам. Рӯйи дарвозаи мунаққаши ҳавлии бо хишти пухта сайқалёфтаи №95-и кӯчаи «Мирдӯстим», ки дар лаби роҳи калони автомобилгард воқеъ гардидааст, лавҳае бо навиштаҷоти «Дар ин ҳавлӣ иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳабиб Валиев истиқомат мекунад», насб шудааст.
Ниҳоят писари хурдии собиқадори ҷангу меҳнат Мурод аз мақсадамон огоҳ гардида, моро ба даруни ҳавлӣ таклиф кард. Вохӯрии мо бо Ҳабиббобо, ки рӯйи кресло менишаст, самимона сурат гирифт. Вай аз сабаби гаронии гӯши росташ маро дар паҳлӯи чапаш шинонд.
Яке аз рӯзҳои соли 1925 дар хонадони Ҷамилхон Валиеви косиб ва Мусаббиҳа Маҳмудоваи гузари Чорманори шаҳри Бухоро хурсандӣ рух дод: фаррухписар ба дунё омад. Волидон бо орзую умедҳои зиёд ба вай Ҳабиб ном ниҳоданд. Даври бачагии ӯ ба солҳои сахтию қаҳтӣ (бо ибораи мардум: солҳои муромурӣ) рост омад. Соли 1933 Ҳабибро мактаби гузар ба оғӯш гирифт. Вай он гоҳ чун дигар таълимгоҳҳои шаҳр тоҷикӣ буд. Ҳабиб синфи ҳаштумро хатм карду ҷанг сар шуд. Онҳое, ки аз дасташон кор меомад, ба фронт сафарбар гардиданд. Қисми зиёди омӯзгорон низ ба ҷанг рафтанд. Ҳабиб ва рафиқони ӯро ба шуъбаи ҳарбӣ даъват намуда, чанд муддат аз яроқҳои гуногун тирпаррониро омӯхтанд. Ҳамин тариқа онҳо таппонча, автомат, пулемётро озодона кор фармуда метавонистагӣ шуданд. Барои ҳаждаҳсолашавии Ҳабиб ҳафт моҳ намерасид, бо вуҷуди он ӯро ба фронт фиристоданд. 23 феврали соли 1943 вай ҳамчун снайпери қисми ҳарбии дивизияи 175-уми Орловски фронти «1-Белоруссия» ба ҷанг даромад. Дар полки 277-Ковел хидмат кард. Дар ҷангҳои шадид иштирок намуд. Дар Украинаи ғарбӣ ба муқобили бендерҳо, ки либоси фашистӣ ба бар карда, бо халқи худ хоинона меҷангиданд, мубориза бурд. Ҳангоми ҳарбу зарб ду бор ярадор шуд. Бори дуюм дар госпитали шаҳри Харков як муддат хобид. Сипас хидмати ҳарбиро дар қисми махфӣ идома дод. Бо тақозои вазифа ба мамлакатҳои Руминия, Венгрия, Чехословакия, Полша сафар кард. Сарҳадбон шуд. Ниҳоят баъди иштирок дар набардҳои хонумонсӯз (шаш моҳ) ва хидмати махсуси ҳарбӣ бо маризии захми меъда моҳи  марти соли 1948 ба зодгоҳ баргашт. Падар, амак, бародар, додар ва дигар хешовандон низ ба фронт рафта буданд. Вазъи оила ҳузновар буд. Рӯзгор файзе надошт. Зиндагии сангин ба хурду калон фишор меовард. Пайдо кардани кори хуб аз имкон берун буд. Ҳабиб чанд муддат бо посбонӣ машғул шуд. Соли 1953 вай ба фабрикаи пойафзор ба кор даромад ва 33 сол дар он ҷо кор карда, соли 1985 ба нафақа баромад.
Солҳои осоишта бо духтари ҳунарманд (дӯзанда) Мухлисахон ҳамхона шуд ва соҳиби ҳашт фарзанд гардид. Фарзандон ба воя расида соҳиби дару хона, оила ва писарону духтар шуданд. Ҳоло Ҳабиббобо Валиеви 95-сола шаст нафар набераю абера дорад.
– Солҳои қаҳтиву гуруснагӣ шӯра хӯрда худро аз чанголи марг раҳонида будем, – мегӯяд соҳиби медали «Ҷасорат» ва нишонҳои зиёди дигар Ҳабиббобо. – Худои меҳрубон солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон низ бандаро аз гирдоби аҷал наҷот дод. Шукри беҳад, ки дидани соҳибистиқлолию ободии мамлакат, рӯзгори осоиштаю фаровони мардум насибам гашт. Соли гузашта дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр ба пойтахт даъват карданд. Мулоқоти банда шахсан бо худи роҳбари оқили мо Ш.Мирзиёев сурат гирифт. Ғамхории сарвари давлат нисбати мо — иштироккунандагони ҷанги дуюми ҷаҳон беандоза аст. Имсол низ Фармони Президент аз 23 апрели соли ҷорӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон» мо – мӯйсафедонро хеле рӯҳбаланд кард. Илоҳо Парвардигор давлат ва халқамонро аз чашми бад нигоҳ дорад. Ҳеҷ кас ҷангро набинад, ҷавонон чун мо пиру бадавлат шаванд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: