БА РАИСОНИ МУНОСИБ ОВОЗ ДОДАНД

Ҳоло дар вилояти Ҷиззах интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон муташаккилона ҷараён дорад.

Дар ин маъракаи муҳим зиёда аз ҳафтсад ҳазор нафар ҳуқуқи овоз додан доранд. Тибқи қонун дувоздаҳ фоизи аҳолӣ бояд дар интихоби раис (оқсақол)-и маҳалла иштирок намояд. Сад ҳазор нафар намояндагон аз ҷониби комиссияҳои ба интихобот кумакрасон фаъолият мекунанд.
Дар маҳаллаи «Нурафшон»-и ноҳияи Бахмал 315 нафар шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуданд ва ба номзадҳои муносиб овоз доданд. Сокинони маҳаллаи «Манас»-и ноҳияи Дӯстлик ҳам ин маъракаро хотирҷамъона гузарониданд. 591 нафари бошандагони маҳалла барои  раиси арзанда ва муносиб овоз доданд. Боварӣ ҳосил намуданд, ки раиси муносиб барои ояндаи кишвар саҳми худро мегузорад.
Дар 290 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоят то ҳол қариб 20 интихобот шуда гузашт. Маъракаи интихобот идома дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: