БИНОБАР РУШДИ СОҲАИ ЗАРГАРӢ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ ГУЗОШТА ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 май бахшида ба масъалаҳои рушди соҳаи заргарӣ, васеъ гардондани шароит барои истеҳсолгарони маснуоти заргарӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Маҳсулоти заргарӣ дар ҷаҳон яке аз молҳои серхаридортарин маҳсуб меёбад. Факти дар саноати ҷаҳонии заргарӣ соле 5-6 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот, аз 250 миллиард доллар гузаштани муомилоти мол аз иқтидори бузурги содиротии он далолат медиҳад. 
Дар мамлакатамон то ба қарибӣ ин соҳа аз эътибор дур монда буд. 80 фоизи таҷҳизоти корхонаҳои заргарӣ фарсуда шуда,  дар  баъзе корхонаҳо истеҳсолот таваққуф карда буд. 
Дар фурӯши сангҳои қиматбаҳо ба заргарон маҳдудиятҳои зиёд вуҷуд доштанд. Аз 1 марти соли ҷорӣ  ба фурӯши маъданҳои қиматбаҳо ба истеҳсолгарон тавассути биржа рухсат дода шуд.
Мақсади оянда – ба дараҷаи саноати ҳақиқӣ табдил додани заргарист. 
Дар ҷамъомад сарвари давлатамон зарурати самарабахш истифода бурдан аз ашёи хом, фаъол ҷалб намудани сармоя ба соҳа  ва ташкил кардани истеҳсолоти замонавиро таъкид кард. 
Баланд будани нархи тилло,  тиллои сафед ва нуқра имконияти корхонаҳои соҳаро оид ба ташаккул додани сармояи гардон маҳдуд мегардонад. Ба ин муносибат супориш  шуд, ки сарбори андоз ба соҳаи заргарӣ аз нав мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ашёи хоми воридотӣ  ва таҷҳизот аз пардохти  гумрукӣ озод карда шавад. 
Қайд гардид, ки бояд ба корхонаҳои давлатии заргарӣ ҷалб намудани сармояҳои ширкатҳои ба ҷаҳон машҳур рағбатнок гардонда, истеҳсолгарон дастгирӣ карда шуда, ба онҳо барои хариди маъданҳои қиматбаҳо вомҳои имтиёзнок дода шаванд.  
Дар мамлакатамон истеҳсолоти заргарӣ асосан ба тайёр кардани зебу зевар ихтисосонида шудааст. Дар асл ин соҳа самтҳои зиёди дигар дорад. Масалан,  ба соат, ручка ва туҳфаҳои гуногуни хотиравии тиллоӣ, ҷиҳозҳои ошхонаи аз нуқра тайёршуда талаб калон аст. 
Масалан, маҷмӯи ошхонаи нуқрагин, ки барои тайёр кардани он 4 килограмм нуқра  сарф шудааст, ба ҳисоби миёна 4 ҳазор доллар арзиш дорад. Бо назардошти соле дар мамлакатамон истеҳсол шудани беш аз сад тонна нуқра,  содироти  ин намуди маҳсулотро  ба якчанд миллион доллар расондан мумкин. 
Дар Ӯзбекистон захираҳои берилл, аметист, фирӯза, малахит, лазурит, опал барин маъданҳои қиматбаҳо мавҷуд бошанд ҳам, онҳо то дараҷаи саноат ривоҷ наёфтаанд. 
Дар ҷамъомад оид ба рушди тамоми самтҳои заргарӣ, ташкил кардани истихроҷи маъданҳои қиматбаҳои ба соҳа зарурӣ супоришот дода шуданд. Дар айни ҳол заргар-соҳибкорони хусусӣ барои фурӯши бевоситаи маҳсулоти худ ҳуқуқ надоранд ва маҷбуранд аз хидматҳои мағозаҳои воситачӣ истифода баранд. Баробари ин муайян намудани дараҷаи тамғаи маҳак, ба хориҷ баровардани маҳсулоти тайёри заргарӣ   ҳам барои аҳолӣ ва ҳам соҳибкорон ноқулайиҳо пеш меоранд.
Президент таъкид намуд, ки барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо бояд маҳдудиятҳои ба бозор расонда додани маҳсулоти заргарӣ аз байн бардошта, ба истеҳсолгарони хусусӣ ҳуқуқи фурӯши маҳсулоти худ  дода шавад.
Таъкид гардид, ки корхонаҳои ватанӣ бояд тамғазании маҳсулоти худашонро худашон амалӣ намоянд, тартиби аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ба хориҷ баровардани маҳсулоти заргарӣ содда гардонда шавад. Бинобар роҳандозии ҳисобу китоби электронии қабул ва фурӯши маҳсулоти заргарӣ дар нуқтаҳои савдои  чакана, гирифтани пеши роҳи савдои ғайриқонунии онҳо   супоришот дода шуданд.
Ба масъалаҳои такмил додани фаъолияти ассотсиатсияи “Ӯзбекзаргарсаноати”  эътибори алоҳида дода шуд.
Супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарор, ки барои иҷрои супоришоти дар ҷамъомад додашуда чораҳои заруриро пешбинӣ менамояд,  тайёр карда шавад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: