АЗ ДАҲОНАШОН БӮЙИ ШИР МЕОМАД

Ба ёд орам чу шири хушгуворон, Фаромӯшам макун чун ширхорон. Низомӣ.

Борони тирамоҳи соли 1943 ду шабонарӯз беист борид.  Оби  борони дар окоп(хандак) ҷамъшуда, то зону мерасид ва равуойи сарбозону командиронро мушкил мекард. Ҳамаи ҷанговарон дар майдони васеъе, ки бино бар маълумоти разведкачиён,бо ҳамин роҳ омадани душман аниқ буд, шинак гирифта буданд. Дар охири ин паҳно бешазор буд. 
Дар оқиби хандак,  гурӯҳи тӯпчиён бо ду тӯп ҷойгир буданд. Командири тӯпчиён Раҳмонзода ноором менамуд, зеро мавқеи онҳо аз дур намоён ва хавфнок буд. Нишонгири тӯпи якум Славик ном дошту нишонгири тӯпи дуюм Камоли кӯлобӣ буд. Сарбозоне, ки  тирдонро бо снаряд пур мекарданд ва тир мекашонданд, навомадагон буданд.
– Бачаҳо наҳаросед, гӯшҳоятонро эҳтиёт кунед, – мегуфт фармондеҳ.
Дар сафи сарбозони хандак Маъруфҷони тошкандӣ ва  Рафиқи самарқандӣ низ буданд. Рафиқ пулемёти дастии Дегтярёвро идора мекард, дар паҳлӯи чапи ӯ Витя бо автоматаш шинак гирифта буд. Ин ҷавонписарон   якҷо бо Камол дар вақти фориғ аз набардҳо бо ҳамдигар ҳазлу шӯхӣ ва суҳбат мекарданд. Айни ҳол бошад, фикру хаёли ҳама банди ҷанги пешистода буд. Ҳама хомӯш буданд, фақат ҳангоми равуойи командирон шалап-шалап овоз баровардани оби даруни мӯзаҳо оромиро халалдор мекард. Борон аз шинелҳо гузашта бошад ҳам, ҷанговарон ин намиву хунукиро ҳис намекарданд.  Тамоми осмон бо абрҳои сиёҳ пӯшида буд, гӯё ӯ ҳам ғам  мехӯрд. Борон бозмонд, ҳама бо як овоз акнун «меҳмонҳо» меоянд, гуфтанд. Ҳамин хел ҳам шуд. Аз бешазор танкҳо намоён шуданд. Ҷанговарон бо овози баланд як, ду, се, – гӯён танкҳоро мешумурданд, маълум шуд, ки ҳашт танк бо аскарони пиёда қатор меомад. Командирон бо як овоз «бе фармон тир накушоед» гуфтанд. Командири  тӯпчиён, дурбинро  аз чашмаш наканда масофаро маълум мекард: 1000,  800...
– Тирдонҳоро бо снаряд пур кунед! 
– «Есть бронебойним» –  ҷавоб дод, снарядчӣ.
Қоидаи тӯпчиён чунин буд, иҷрокунанда мебоист фармонро такрор кунад, то ки командир бовар ҳосил намояд, ки ӯ фармонро шунидааст.
Командир дурбинро аз чашмаш нагирифта:
– Барои ҳар дуятон нишон 500.
– Нишон 500, – ҷавоб доданд нишонгирҳо.
– Оташ! – бо овози баланд фармон дод ӯ. Аз ин тирпарронӣ ду танки душман оташ гирифт ва аз даруни танки сӯхтаистода танкчиёни фашист, паси ҳам худро ба берун андохтанд. Онҳоро Рафиқ бо пулемёт ва дигар тирандозон бо автомат  ба он дунё гусел карданд. Ду снаряди танкҳо омада, дар хандак таркид ва аз ин як тирандоз ҳалок шуду ду нафар сарбоз маҷрӯҳ гардиданд.
Хулоса, тӯпчиён 5 танкро аз кор бароварданд, тӯпи дуюм аз таркиши снаряди танкҳо «хомӯш» монд. Аз таркиши снаряду тири пулемёти танкҳо чанд сарбоз ҳалоку захмин гардиданд.   
Ҷанговаре бо милтиқи зидди танкиаш (ПТР) як танкро зада оташ гиронд. 
Банохост аз дур танки истеҳсоли нави фашистон – «Пантера» пайдо шуд, ки бо суръати баланд сӯйи хати мудофиа ҳаракат мекард. Танкчиёни «Пантера» хеле ботаҷрибаву маккор буданд, онҳо тӯпи якумро нағзакак ба нишон гирифта парронданд. Аз таъсири пурқуввати снаряди «Пантера» тӯп чаппа шуд.
Славик ба 4-5 қадам парида рафту дасташ аз оринҷ поён канда шуда, сӯйи дигар парид. Дар як лаҳза синаи рост ва пойи рости Раҳмонзода ҳам оғуштаи хун гардид.
«Пантера» хеле наздик меомад, аз таъсири тирборони пулемёти он сарбозони дар хандак буда сар боло карда наметавонистанд. Аз тири пулемёту таркиши снаряди «Пантера» боз ду нафар сарбоз ва Катяи ҳамшира захмӣ гардиданд. Акнун аз тӯпчиён  умед набуд. Ҳолати хеле вазнин ва хавфнок ба миён омад.  
Дар  майдон ҷо-ҷо алафу буттачаҳои зардшуда буданд, аз ин истифода бурда, як сарбози ҷавон дар дасташ граната гаваккашон ба «Пантера» наздик шуд. Баъд ба зону рост шуду хост гранатаро ба болои танк партояд, аммо тири пулемёти танк синаи ҷавонро ғалбер кард, ӯ ба замин рӯболо ғалтид ва оринҷак дар дасташ таркид.  Аз паси ин ҷавон сарбози дигаре бо як оринҷак дар бағалу як оринҷак дар даст гаваккашон мерафт. Пас аз дар пеши танк таркидани оринҷаки он ҷавон дуди сиёҳу чанги хок биниши танкчиёнро душвор гардонд. Сарбози пуртаҷриба аз ин ҳолат истифода бурда, дар ҳолати гаваккашӣ оринҷакро ба зери тасмачархи танк партофт. Аз ин таркиш тасмаҳои чарх канда шуду аз кор баромад. Танк бо як тасмачархи сиҳҳат дар ҷояш чарх заду бозистод. Сарбоз аз ин лаҳзаи қулай истифода бурду бо тамоми қувва оринҷаки дуюмро устокорона ба болои  танк партофт. Аз таркиши оринҷак алангаи калон ба вуҷуд омад. Тавре, ки дар мӯрчахона об резед, мӯрчаҳо ба рӯй мебароянд, танкчиён низ саросемавор, люкро кушода, паси ҳам берун баромаданд. Якеро тахтапушташу дигареро сару рӯ месӯхт. Тирандозони мо тир кушода онҳоро ба он дунё равона мекарданд.
Хулоса,  ҳафт танки душман аз кор баромад. Ду танки боқимонда қафо гашт, фашистони  пиёдагард саросема мегурехтанд. Душмани гурехтаистодаро ҷанговарони мо бо овозҳои баланд ҳақорату дашном медоданд. Хусусан Рафиқ, Витя, Маъруфҷон бо забонҳои русиву тоҷикиву ӯзбекӣ ҳақоратҳои обдору болохонадор  мекарданд. Витя аз Рафиқу Маъруфҷон хоҳиш мекард, ки онҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ боз дашном диҳанд.   
Аҳволи Славики тӯпчӣ хеле бад буд. Командир – Раҳмонзодаро ҳама мурда пиндоштанд.  Дар ҳамин лаҳза Сашаамаки пуртаҷриба ҳозир шуду гӯшашро ба синаи командир гузошта хурсандона:
– Бачаҳо, лейтенант зинда-зинда, – гуфта овоз баровард, хостанд мӯзаашро кашида ёрии тиббии якумро расонанд, аммо ба ин эҳтиёҷ набуд, чунки мӯза пора-пора шуда буд. Дар ҳамин лаҳза мошини тиббӣ ҳам ҳозир шуд. Ӯ ва дигар захмиёнро ба мошин бор карданд.
То ба госпитал расидан афсӯс, ки Славики қаҳрамон ҷон дод.  
... Раҳмонзода, ки ба хизмати ҳарбӣ соли 1939 сафарбар шуда буд, соли 1947 ба ватан баргашт. Дар идораи корҳои дохилии вилоят кор кард. Дар ҷустуҷӯйи рафиқони ҳамяроқаш шуд.   Манзили Рафиқ, дар паҳлӯи гузари Ашӯрмаҳмади шаҳри Самарқанд  ҷойгир буд. Як рӯзи истироҳат Раҳмонзода ба онҷо раҳсипор шуд. Командир роҳ мерафту ҳазлу шӯхиҳои Рафиқу Маъруфҷон пеши чашмонаш падидор мешуданд:
– Арӯси ман аз гузари худамон, ӯ интизори ману рӯзи ғалаба аст. Пас аз ғалаба тӯямон мешавад. Агар худо писар диҳад, албатта, ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ мехононам, духтар бошад, ба донишкадаи тиббӣ, – мегуфт Рафиқ.
Дар навбати худ Камолу Маъруфҷону Витя ҳам орзуҳояшонро баён мекарданд.
Раҳмонзода бо ҳамин хел хаёлҳо назди дари Рафиқ омада монданашро нафаҳмида монду дарро кӯфт. Дарро як ҷавони тахминан 17 сола кушод, гарму ҷӯшон вохурӣ кард, маълум гардид, ки ӯ додарзодаи Рафиқ будааст. Ҳангоми пурсу пос ибораи «ҳамяроқ»-ро шунида зани солхӯрдаи нобинову мӯйҳояш мисли пахта сафед наздик шуд, ӯ дарк кард, ки ин мард, ҳамяроқи писараш аст. Меҳмонро намонда дароварданд ва ба айвон шинониданд. Модар бо хурсандӣ лаб ба сухан кушод:
– Мо бо падари раҳматиаш ду писар доштем, Раббим ва Рафиқ. Шавҳарам аз соли 1920 дар корҳои дохилӣ хизмат мекард, дар вақти заду хӯрд бо босмачиён ҳалок гардид. Ман дар артел меҳнат карда, ду писарамро ба воя расонидам. Пеш аз рафтани Рафиқ, аввал Раббимам ба фронт рафт ва соли 1944 аз ӯ хати сиёҳ гирифтам. Ин ҷавон писари Раббим Раҳим ном дорад, дар заводи «Красний двигател» кор мекунад ва ҳафтаи гузашта ба нияти тӯйи Рафиқ амакаш, ҳӯ ана он гӯсфандро харид карда омад. Модар нобино бошад ҳам, ба тарафи гӯсфанди баста ишора карду суханашро давом дод. 
– Сандуқи арӯсӣ тайёр, Рафиқам, ки омад, ҳамоно тӯйро сар карда, албатта, шуморо хабар мекунем.
– Албатта, меоям, холаҷон, худо хоҳад дар атрофи гулхан рақсу бозӣ мекунем...
Пас аз нӯшидани як-ду пиёла чой Раҳмонзода иҷозати бозгашт пурсид. Раҳим меҳмонро то кӯчаи калон гусел кард ва ҳақиқати ҳолро гуфт:
–  Вақте аз Рафиқамакам хати сиёҳ гирифтем, бо маслиҳати дӯстон хатро пинҳон кардем, то ки  алами бибиям дучанд нашавад. Пас аз хати сиёҳи падарам, бибиям аз андӯҳу гиря нобино гаштанд...
Раҳмонзода ба ҷустуҷӯи Маъруфҷон ба Тошканд омад. Маҳаллаи Чиғатойро дарёфт кард, вале Маъруфҷон ҳам бо дӯсташ Рафиқ дар Будапешт ҳалок шуда будааст. Ба мисли Рафиқу Маъруфҷон, ҳазорҳо ҳамватанамон барои маҳв кардани фашизм ва озодии имрӯзаи мо ҷони ҷавонашонро дареғ надоштанд. Ба қавле аз даҳони онҳо ҳанӯз бӯйи шир меомад. Онҳо дар кишварҳои бегона хок шуданд. Рӯзҳои ид болои қабри онҳо мардуми бегона гулҳои тару тоза мегузоранд ва таъзим мекунанд. Биёед, мо ҳам ба ҳурмати шири модарҳоямон, ба ҳурмати хуни рехтаи он шаҳидон, ба пеши рӯҳи покашон  ба зону нишинем, сари таъзим фуруд орем ва ба қадри зиндаҳо бирасем.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ,
ноҳияи САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: