ШУКРИ РӮЗҲОИ ОРОМУ ОСУДА

Имсол ба саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳафтоду чор сол ва ба ғалаба аз болои фашизм ҳафтоду ҳашт сол пур мешавад.

Ҳарчанд мо ҷангро бо чашми худ надидаем, аммо ваҳшонияту оқибатҳои ногувори онро тавассути филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ, аз китобҳои таърихӣ ва нақлу саргузаштҳои ҷангии ҷанговарон шунида дарк намудаем.
Ҷанги хонумонсӯз ба сари одамон дарду ташвиш ва кулфату ғам овард. Хабари омадани «Хати сиёҳи ҷанг» осоиштагии басо оилаҳоро аз байн бурд ва ба мотам бадал кард. Модарон дар роҳи фарзандони аскари худ чашмашон чор мешуд. Бо умед аз дар даромада омадани  писарони худро интизор мешуданд. 
Сол то сол шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон кам мегардад. Ҳар як сухани онҳо барои мо чун панди зиндагӣ қимат аст. Ҳамсояи хонаи падариам Дармонбобо Ниёзов (Худо раҳмат кунад!) ҳам ба ҷанг рафта, дар муҳорибаҳои хунин ширкат намуда буд. Окопканӣ, гоҳо рӯзи дароз гуруснаву ташна яроқ дар китф алайҳи душманон мубориза бурдан, дар яке аз муҳорибаҳо тирхӯрӣ, ярадоршавӣ ва дар госпитали ҳарбӣ хобидан, бо пойи ланг оқибат ба Ватан баргаштанашро дар аснои суҳбат мегуфт. 
Хонандагони мактаби рақами 14-уми деҳаи Ӯхм бо ёрии устоди худ Қӯшоқ Қазоқов дар айёми иди Наврӯз бахшида ба ҷонфидоиҳои ҷанговарон, минҷумла, Дармонбобо шеърҳо мебофтанд. 
Писари хурди Дармонбобо Қӯқонбой ҳоло чароғи хонаи падарро меафрӯзад. Лаҳзаҳои ҳаёти падари ҷанговари худро ёд оварда мегӯяд:
– Боре ба аёдати падарам аз деҳаи ҳамсоя Бобомахсум ном шахс омад. Ман хостам аз хонаи назди онҳо пораҳои нонро ғундошта гираму нони яклухт орам. Ҳамин вақт падарам бо зарда гуфт:
«Ту зиндагиро, ҳатто мисли  ин меҳмон намедонӣ, сахтиро надидаӣ. Баръакс  ин одам шебу фарози рӯзгорро дидааст. Мон, нонпораҳо истанд. Нон ҳам нон, нонреза ҳам нон,  – мегӯянд.
Аз ин суханони падарам ман ибрат гирифтам. Ва то ҳанӯз паси гӯшам ин суханҳо садо медиҳанд...»
Назар ба маълумотҳо аз вилояти Ҷиззах қариб чил ҳазор нафар ба размгоҳҳо рафта, зиёда аз ёздаҳ ҳазор нафари онҳо беному нишон гаштаанд. Ҳафт ҳазору чорсад нафар ҷанговарон дар майдони ҳарб ҷони худро қурбон намудаанд.
Тибқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр», аз 23 апрели соли 2019, дар ҳудуди вилоят бо сарпарастии як қатор ташкилоту муассисаҳои масъул маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Бо иштироки оркестри  ҳарбии қӯмондони марказӣ дар маркази ноҳияи Зомин – шаҳри Зомин консерти идона баргузор гардид. Дар он  сурудҳо дар мавзӯи ватанпарварӣ садо доданд. 
Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон», ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба миқдори ҳафт миллиону панҷсад ҳазор сӯм супорида мешавад. 
Нормуҳаммад Аязов сокини деҳаи Нураки маҳаллаи Эгизбулоқи ноҳияи Фориш мебошад. Наваду ҳашт баҳорро имсол паси сар мекунад:
– Ҳангоми ҷанг ба чилу ду нафар аскар қӯмондонӣ кардам. Ҷанг ҳамеша талафот меоварад. Ба ҷавонон насиҳат мекунам, ки ба қадри рӯзҳои орому осуда расанд. Номи ҷанг гум шавад. Ба Сарвари давлат ташаккур, ки моро қадрдонӣ менамоянд, – мегӯяд мӯйсафед аз дасти масъулони ҳокимият мукофоти пулии сарвари давлатро гирифта...

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори  
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: