«ӮЗБЕКИСТОН ВА СММ ҲАМКОРИҲОИ ВАСЕЪМИҚЁСРО ВУСЪАТ МЕБАХШАНД»

Дар саҳифаҳои маҷаллаи иттилоотиву таҳлилии Political Events-и Ҳиндустон таҳти чунин сарлавҳа маводи ахборӣ бахшида ба ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва СММ чоп шудааст.

Дар мақола зикр мегардад, ки қабул шудани баённомаҳои таърихии Ассамблеяи генералии СММ «Мустаҳкам сохтани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бобати таъмин намудани сулҳу субот, эътидол ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва «Маърифат ва кушодадилии динӣ» эътирофи байналхалқии саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон ба шумор мераванд.
Муаллиф дар бораи сиёсати мустақими Ӯзбекистон, ки ба кӯмакрасонии бисёршарикии Бунёди трастовии Наздиарал таҳти васояти СММ нигаронида шудааст, ҳикоя мекунад. Чораҳо бинобар баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолии Наздиарал, дар минтақа бунёд кардани манзилҳои замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтори саноатӣ, ҳамчунин умуман коҳиш додани оқибатҳои нохуши фоҷиаи Арал, ки дар Ӯзбекистон андешида мешаванд, махсус таъкид мегардад. 
Ғайр аз ин дар матолиб хабар дода мешавад, ки соли 2020-ум дар Тошканд конфронси байналхалқӣ оид ба масъалаҳои татбиқ намудани Ҳуҷҷати Монриал бинобар воситаҳое, ки қабати озониро  хароб мекунанд, баргузор мегардад.
Дар хотима муаллиф таъкид менамояд, ки ташаббусҳои Ӯзбекистон дар таҳкими амнияти байналхалқӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи таълим, маънавият, экология ва сайёҳӣ, ҳамчунин вусъат ёфтани ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо кишварҳои минтақа мақоми муҳим доранд.

ОИ «Дунё», 
ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: