ВАО-И АМРИКО ДАР БОРАИ ТАҒЙИРОТЕ, КИ ДАР ӮЗБЕКИСТОН АМАЛӢ МЕШАВАНД, ҲИКОЯ МЕКУНАНД

Дар нашрияҳои номдори Амрико – маҷаллаи The Diplomat ва International Trade Today мақолаҳое чоп гардидаанд, ки ба иқдоми кишвари мо бинобар пешгирӣ намудани меҳнати иҷборӣ ва натиҷаҳои ба дастомада дар ин соҳа бахшида шудаанд.

Мақолаҳои мазкур дар асоси  ҷамъбасти брифинги THE DIPLOMAT, ки дар Клуби матбуоти миллии ИМА баргузор шудааст, омода гардиданд.
Дар мақолаи «Ӯзбекистон саъй дорад бойкоти пахтаро бекор кунад»-и хабарнигори нашрияи  The Diplomat  дар бораи ҷараёнҳои мусбати хусусигардонӣ, бозсозии технологӣ ва механиконидани тамоми силсилаи истеҳсолот ҳамчун самтҳои асосии рушди минбаъдаи маҷмӯи агросаноатии Ӯзбекистон муфассал ҳикоя карда мешавад. Дар мавод ҳамчунин аз хусуси бартариҳои кишвари мо бинобар пешбурди содирот ва ҷалби сармояҳо, ки омилҳои муҳими бо кор таъмин сохтани аҳолии қобили меҳнат ба шумор мераванд, сухан меравад. 
Дар мақола махсус таъкид шудааст, ки риояи манфиатҳои инсон – раванди асосии тамоми ислоҳотест, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд ва он иқдоми қатъии роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҳар қадом мансабдор, коргузор ва ҳама гуна шахсест, яъне меҳнати иҷборӣ манъ аст ва он бо тамоми ҷиддияти қонун таъмин карда мешавад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби муаллифи мавод даъватҳо бобати ҳарчи зудтар бекор кардани «бойкоти пахта»-и коалитсияи ба ном  Cotton Campaign, ки рӯзмаррагии худро куллан аз даст додааст ва ба манфиатҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷавобгӯй нест, садо додаанд.
Чунин фикру ақидаҳо дар мақолаи барандаи навгониҳои рӯзномаи Warren Communications News таҳти унвони «Ӯзбекистон аз саноати бофандагӣ бекор кардани бойкотро тақозо менамояд» низ ифода ёфтаанд. 
Аз ҷумла, дар матолиб «ба қадри назаррас зиёд гардидани арзиши пардохти меҳнати чинакчиён – то 85 фоиз нисбат ба соли 2017-ум» таъкид карда мешавад. Муаллиф бо назардошти маърӯзаи МОТ бинобар натиҷаи мониторинг дар соли 2018-ум таъкид менамояд, ки «меҳнати мунтазами бачагон минбаъд дар Ӯзбекистон мушкилоти ҷиддӣ намебошад», ҳамчунин хеле коҳиш ёфтани ҳодисаҳои меҳнати иҷборӣ қайд карда мешавад.
Муаллифи мақола ба ҷараёнҳои хусусигардонӣ дар Ӯзбекистон, суръати афзоиши содироти калоба ва маҳсулоти тайёри бофандагӣ, ҳамчунин пешомадҳои фаъолона ба бозори кишвари мо ворид гардидани брендҳои амрикоӣ эътибор додааст.

ОИ «Дунё», 
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: