ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БИНО БАР ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ДАР АСОСИ САНҶИШҲОИ ТЕСТ

Бояд қайд намуд, ки дар соли хониши 2018/2019 бори аввал санҷишҳои тестӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ бино бар самтҳои таълими бакалавриат дар биноҳои павилонҳояшон кушод гузаронида шуданд.

Ба мақсади ошкоро ва шаффоф гузаронидани санҷишҳо ҳангоми ворид шудан ба бино довталабон бо кӯмаки асбобҳои ташхисӣ санҷида, санҷишҳои тест бо кӯмаки камераҳои мушоҳидакунӣ назорат карда шуданд. Барои падару модарони довталабон ҷараёнҳои мазкур  дар мониторҳои бузург, аз тариқи шабакаҳои Интернет ва телевизион бевосита намоиш дода шуданд. 
Баробари ин ислоҳоти соҳаи мазкурро идома додан, барои мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ гузаронидани санҷишҳои тест, ки ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ гузаронида мешаванд, рағбатноксозии саъю кӯшиши ҷавонон ба таълим гирифтан, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои иштироки довталабон ба озмун бино бар чандин самтҳои таълими бакалавриат тақозо мегардад.
Ба мақсади тарбияи ҷавононе, ки қодир бошанд дар сатҳи касбӣ вазифаҳои бартаринокро бино бар рушди минбаъдаи мамлакат ҳаллу фасл кунанд, таъмин сохтани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо кадрҳои баландихтисос, ҳамчунин мувофиқи Барномаи давлатии оид ба татбиқ кардани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ»: 
1. Таклифи Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Маркази давлатии тест), Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус, Вазорати таълими халқ, Вазорати молия, ҳамчунин Вазорати иқтисодиёт ва саноат дар бораи:
пешниҳоди имконият ба довталабон аз оғози қабули соли хониши 2019/2020 ҳуқуқи иштирок дар озмуни то се самти таълими бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ бо номгӯйи ягонаи фанҳо, ки бино бар онҳо санҷишҳои тест  гузаронида мешаванд;
аз оғози қабули соли хониши 2019/2020 баргузор кардани санҷишҳои дохилшавии тест бино бар қабул дар моҳҳои июл-август ба муассисаҳои таълими олӣ;
аз ибтидои қабули соли хониши 2020/2021 ба ду номгӯй тақсим кардани фанҳо, ки бино бар онҳо санҷишҳои тест гузаронида мешаванд, бо ба номгӯйи аввал дохил кардани се фанни барои тамоми фанҳои тест ҳатмӣ – забони модарӣ (забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ё худ қароқалпоқӣ), математика ва таърихи Ӯзбекистон, ба номгӯйи дувум – ду фан, ки ба самтҳои таълими бакалавриате, ки довталаб интихоб намудааст, мувофиқат мекунанд;
аз довталабоне, ки муассисаи таълимиро дар солҳои хониши пешина тамом кардаанд, ба роҳ мондани санҷишҳои тест (ғайр аз ногироҳо ё худ онҳое, ки пурра дар таъминоти давлат қарор доранд) ситондани пардохт барои иштирок дар санҷишҳои тест дар ҳаҷми нисфи музди меҳнати камтарин;
дар веб-сайти Маркази давлатии тест чоп кардани маълумот дар бораи холҳое, ки довталаб дар санҷишҳои тест ҷамъ овардааст, дар рӯзи баъди баргузор кардани санҷишҳо, дар бораи натиҷаҳои мувофиқи тартибот тасдиқшудаи озмун дар бораи тавсия ё худ тавсия накардани ӯ барои ба қайд гирифтан дар таркиби донишҷӯён – дар зарфи як ҳафта пас аз пурра анҷом ёфтани ҷараёни баргузор кардани санҷишҳои тест  маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
номгӯйи фанҳое, ки бино бар онҳо санҷишҳои тест гузаронда мешаванд, самтҳои дахлдори таълими бакалавриат, маҳаки баҳогузорӣ, миқдори супоришҳои тест, ҳамчунин муҳлатҳои дақиқи баргузор кардани санҷишҳои тест  аз ҷониби Комиссияи давлатӣ бино бар қабул ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар карда мешаванд;
аз оғози қабули соли хониши 2019/2020 довталабон барои дохилшавӣ ба бакалавриати муассисаҳои давлатии таълими олӣ танҳо аз тариқи Маркази хидматрасонии давлатӣ ё худ Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат мекунанд.
3. Ба маълумот гирифта шавад, ки дар назди Маркази давлатии тест Бунёди рушди фаъолияти Маркази давлатии тест (минбаъд – Бунёд) бидуни маълумоти шахси ҳуқуқӣ ташкил шудааст. Инҳо манбаъҳои ташаккулёбии Бунёд муайян карда шаванд:
даромадҳо барои таълим дар муассисаҳои таълими олӣ бино бар миқдори зиёдшудаи қарордодӣ (дар ҳаҷми то 5 фоиз);
маблағҳое, ки аз хидматҳои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои хидматрасонӣ ба Маркази давлатии тест дар асоси қарордод ворид шудаанд;
пардохтҳое, ки аз довталабон барои иштирок дар санҷишҳои тест ситонида мешаванд;
даромадҳое, ки аз тақсимоти маблағҳои муваққатан озоди Бунёд ба даст омадаанд;
хайрияҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ;
грантҳои созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин маблағҳои кӯмаки техникӣ;
маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
4. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои Бунёд бидуни ҳисоби саҳм бино бар фоизҳо барои инҳо харҷ карда мешаванд:
мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии Маркази давлатии тест;
 омӯзондан, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзонии кормандони Маркази давлатии тест, аз ҷумла дар муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, таълимӣ ва муассисаҳои дигари давлатҳои хориҷӣ;
пардохти иловапулиҳои ҳармоҳа ба музди меҳнати кормандони Маркази давлатии тест, ки дараҷаи илмии номзади илм ё худ доктори фалсафа (PhD), ё худ кормандоне, ки дараҷаҳои дигари ба онҳо баробари давлатҳои хориҷиро доранд, дар ҳаҷми 30 фоиз, ба ходимоне, ки дараҷаи илмии доктори фан ё худ доктори илм (Doctor of Science), ё худ ба кормандоне, ки дигар дараҷаҳои илмии ба онҳо баробари давлатҳои хориҷиро доранд, – дар ҳаҷми 35 фоиз;
пардохти иловапулиҳои ҳармоҳа ба кормандони Маркази давлатии тест дар ҳаҷми то 200 фоизи маоши вазифавӣ ва пардохтҳои дигари ҳавасмандгардонӣ;
барои кор ба Маркази давлатии тест дар пояи шартномаҳои шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ мекунанд;
пардохти музди меҳнат ба иштирокдороне, ки ба ҷараёни санҷишҳои тест (роҳбарони биноҳо ва гурӯҳи мушоҳидон) ҷалб  шудаанд;
пардохти музди иҷора барои биноҳое, ки дар гузаронидани санҷишҳои тестӣ истифода шудаанд;
чорабиниҳои дигари вобаста бо фаъолияти Маркази давлатии тест, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
5. Ба муҳлати то 1 январи соли 2022-юм аз пардохти пулҳои гумрукӣ (ғайр аз боҷҳои гумрукӣ) таҷҳизот (воситаҳои ташхиси шахс, санҷиши пайи ангуштҳо ва бастани мавҷи алоқаи мобилӣ, асбобҳои сабти видеоӣ, детекторҳои филизӣ ва мониторҳо), ки дар Ӯзбекистон истеҳсол нашудаанд ва ба мақсади муҷаҳҳаз сохтани биноҳое, ки дар баргузории санҷишҳои тестӣ истифода мешаванд, бино бар номгӯйҳо ва тартибе, ки Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар намудааст, оварда шудаанд, озод карда шаванд.
6. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар зарфи як моҳ бо назардошти вазифаҳое, ки қарори мазкур муайян кардааст, қарори ҳукуматро дар бораи чораҳои такмил додани фаъолияти Маркази давлатии тест  қабул кунад ва сохтори нави онро бо шумораи ниҳоии кормандон ба миқдори 186 нафар тасдиқ намояд;
дар муҳлати як моҳ ба мақсади ҷойгузинкунии шуъбаҳои минтақавии Маркази давлатии тест  дар марказҳои маъмурии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ва минбаъд баргузор кардани санҷишҳои тест дар тӯли сол ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи сохтмони биноҳо ва иншоот бо гунҷоиши зиёд аз маводи тарроҳии сабук пешниҳод намояд.
7. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 ноябри соли 2017 №ҚП-3389 «Дар бораи такмил додани тартиби баргузор кардани санҷишҳои тести дохилшавӣ  ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ» мувофиқи замима тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
8. Ба Маркази давлатии тестӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуваҳитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
14 майи соли 2019.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: