УСТОД ВА ШОГИРД

Людвиг дар хоначаи нимторик клавесин менавохт.

Чунон дода мешуд ба навохтан, ки гузаштани вақтро, гурусна шудани шикамро пай намебурд.
Ҳанӯз хурдсол аст, вале муносибаташ ба мусиқӣ он қадар ҷиддӣ, ки аз ин ҳама дар ҳайрат. Ба вай супориш додаанд, ки мусиқӣ офарад.
Вазъи иқтисодии оилаашон нохуб. Аз кӯтоҳдастӣ зиқ шуда, падар алами худ аз нӯшидан меситонд. Модарро лозим меомад бардошт кунад.
Ҳамаи умедаш, ба Людвиг...
Писараки боистеъдодро ба дарбор ҷалб карданд.
Шабу рӯз бо оҳангсозон, ки ҳамсинни падараш буданд, кор мекард. Гоҳ бо ҳофизон машқ менамуд, гоҳ нотаҳоро рӯйбардор месохт. Хуллас, дами холӣ надошт. Дастёрӣ ба калонсолон низ бар зиммаи ин писараки нимгурусна. Либосҳояш фақирона. Ба нафаре, ки аз рангпаридагии либосаш даҳон кушод, гуфт: «Вақте бастакори бузург мешавам, ба ин касе аҳамият намедиҳад, куҳнагии либосҳоям фаромӯш мешавад...»
Ӯ инро лутфомез, бо оҳанги ҳазл ба забон оварда буд. Кас ба хаёл намеовард, писараки назарногире, ки аз клавесин дур намерафт ва таври худ оҳангсозӣ мекард, воқеан, мусиқори бузург мешавад.
Людвиг орзу дошт ба Вена, ки маркази мусиқии Аврупо ҳисоб меёфт, пайвандад.
Бори нахуст аз ин шаҳр соли 1787 дидан кард. Бо мусиқорҳои номвар Гайдн ва Мотсарт аз наздик шинос шуд. Қобилияти Людвигро пай бурда, онҳо изҳор карданд ба кӯмак ва ба шогирдӣ гирифтани ӯ омодаанд. Сараш ба осмон расид. Чӣ қадар мехост ҳамин ҷо монда, сир ва нозукиҳои мусиқӣ аз Гайдну Мотсарт омӯзад. Вале модараш Мария Магдалинаро фикр кард. Бе ӯ душворӣ намекашад? Бо ҳамин хаёл ба зодгоҳ, ба назди волидон баргашт.
Аз байн панҷ сол гузашт ва Людвиг боз роҳи Венаро пеш гирифт. Акнун ӯро чун мусиқинавозе, ки ном баровардааст, пешвоз гирифтанд. 
Бо Гуммел, ки яке аз шогирдони Мотсарт буд, дар бадеҳанавозӣ мусобиқа мекард. Ҳамеша дастболо ва эътибори умумро ба худ мекашид.
Шиносоӣ бо Ҷулетта ном маҷордухтар ҳаёти Бетховенро куллан дигаргун сохт. 
Ҷулеттаи аз хурдсолӣ ба навохтани роял шавқмандро Людвиг ба шогирдӣ гирифт. Ин вақт, тавре қайд намудем, Бетховен чун соҳиби истеъдоди нодир аллакай ба даҳон афтода ва осораш барои фортепиано берун аз Аврупо низ диққати дӯстдорони мусиқиро ба худ мекашид.
Ҳозир ӯ иҷрои навозандаи ҳаваскорро гӯш мекунад.
– Офарин! – таҳсин кард духтарро Людвиг.
– Ба куҷои ин офарин, – хоксорона лабханд намуд Ҷулетта. – Ин ҳама машқҳои нимкора-ку.
– Не, асар.
– Асар?
– Рӯзе омада ту ҳам ба рушди мусиқии фортепианӣ саҳм мегузорӣ, Ҷулетта!
Таъриф ба духтар хуш омад, чашмонаш ба тарзе дурахшиданд, панҷаҳои боз ҳам гирошудааш рӯ-рӯи пардаҳои роял моҳирона метохт, мувофиқ ба ҳавои оҳанг қомати ниҳолаш ба таври дилкаш пасту баланд мешуд.
Духтар дар боби ҳусн ҳам ягона буд. 
Устод номаълум зеҳн мемонд ва пай мебурд, эҳсосе ширин дар қалбаш ба таҳрик омада.
Людвиг, ҳамин тавр, рӯзона ба духтар аз мусиқӣ дарс медод. Шомгаҳ бо хаёли ӯ ба кӯча мебаромад. Дар хиёбонҳои Вена сайр месохту беихтиёр ба осмон, ба моҳ ва ситораҳои дурахшон дида дӯхта, ба фикру хаёли ширин ғарқ мегашт.
Ӯ Ҷулеттаро дӯст дошта буд...
Шабро бо хаёли духтар ба субҳ пайваста, устод омадани шогирдро интизорӣ мекашид. Вай дарро мекушод ва чашмони Людвиг барқ мезад. Дунё ба назараш чароғон шуда мерафт.
Хаёли духтаре, ки назди роял нишастааст, дар мусиқӣ. Навои аҷибе паҳн мешавад. Ҷулетта мисле ин ҷо нест, дар олами мӯъҷизаомези оҳангҳост.
Людвиг, ҳамчунин, дар олами дигар аст. Дар вазъе, ки ҳастиаш аз эҳсоси наҷиб лабрез, аз моҳчеҳра чашм намеканад. Дар қалбаш як ҷаҳон орзу. 
«Кош, бахшида ба ӯ асаре нависам. Соната. Сонатае, ки парда ва навоҳои ширин, нозук ва дилкаши достони муҳаббатро дар худ таҷассум кардааст...»
Вай танҳо нест – паҳлӯяш Ҷулетта. Оҳиста қадамзанон пеш мераванд. Ба шаҳр торикӣ мефурояд. Вале ба назари Людвиг ҳама ҷо рӯз барин равшан. Дар қалбҳо низ чароғи мӯъҷизаомез нурпош аст. Дар ҳастӣ чизе ҷӯш мезанад. Туғёни оҳангҳо. Асари нав рӯи дунё диданист! Ба он чӣ ном мегузорад?
Людвиг як ба моҳчеҳра нигарист ва як ба моҳи пурраи болои сар.
– Ёфтам, – гуфт вай бо ҷӯшу хурӯш.
Аз олами хаёл ба воқеият баргашта, Людвиг бо шавқи тифлона такрор намуд:
– Ёфтам!
– Чиро? – гӯён бо ҳайронӣ сар аз роял бардошт Ҷулетта.
– Номи сонатаеро, ки бояд нависам:
«Сонатаи маҳтобӣ!»
Людвиг дилашро ба Ҷулетта кушод.
Вале ӯ... рад намуд.
Дунё ба назари мусиқор торик гашт. 
Он асно нав ба сӣ қадам гузошта буд оҳангсози бузург. Гулғунчаи шонздаҳро пур карда вақте муҳаббаташро рад намуд, дилашро мисле шамоли сарди зимистон лесида гузашт. Аъзои баданаш ларзид.
Пианино кушод истодааст. Бе духтари навозанда хона ҳуввос мезанад. Ҳаёт ҳам гӯё беҳаракат аст. Зимистон, зимистон, зимистон... 
Лекин «Сонатаи маҳтобӣ» – меваи талхи муҳаббати Ҷулетта навишта шуд. Людвиг онро бо ҷӯши илҳом не, бо дили пур хун, бо ҳазор азоб ва изтироб эҷод кард.
Нолаи оҳанг, гиряи ошиқ, фиғони қалби маҷрӯҳ, эътирозҳо алайҳи бозиҳои булъаҷабонаи тақдир...
Бояд зист, илоҷи дигар нест. Бетховен ҳам мезист, аммо дар олами ғам ва андӯҳ. Дамҳои шодӣ, мамнунӣ ва хушҳолиҳо бо Ҷулетта будааст.
«Сонатаи маҳтобӣ» вақте дар Вена нашр гашт, Бетховен бо аламу изтиробҳо ин шаҳрро тарк карда, ба Олмон баргашт. Хост худро даст гирад. Бефоида. Дар ибтидо фикр мекард ин ҳама эҳсоси даргузар аст. Ин хел набудааст. Дарк кард, муҳаббати оташини Ҷулетта мағз-мағзи устухонаш сӯзонда. 
Дар ин байн солимиро низ бой дод. Дӯсти наздике надорад. Ба андак меҳри дӯст, як даҳон сухани тасаллиомез муҳтоҷ мешудааст кас дар ин гуна дамҳо. Аз чӣ бошад, шиносҳояш худро дур мекашанд.
Худаш ҳам одамгурез шуда монд. Дар ҳабси танҳоӣ менишаст ва худро мехӯрд. Дили худро мехӯрд...
Баъде Людвиг аз олам гузашт, Ҷулетта якбора ба худ омад. Ту чиҳо кардӣ, Ҷулетта, ба худ суол мекард вай.
Ба чӣ ҳол андохтӣ бечораро?
Дуруст, ин муҳаббат яктарафа буд. Вале наход нисбати устод, ки туро ин қадар дӯст медошт, дар қалбат ягон зарра меҳр ҳис накардӣ? «Сонатаи маҳтобӣ»-ро шунидӣ? Шунида ҳам дардҳои сӯзноки ӯро пай набурдӣ? Дар ҳар парда, охир, як шарораи ғам. Дар ҳар наво як фарёди дил. Ҳамин дараҷа сангдил будӣ, моҳчеҳра? Ду чашми бемори бистарӣ ба дар ... Нигарони ту. Вале як бор хабар нагирифтӣ!
Устод ба ту номаҳо навишт. Афсӯс, онҳо то ту нарасиданд. Номаҳо баъди марги ӯ аз ғаладони миз ёфт шуданд. Ношунаво низ шуда буд Людвиг. Ғами ту ӯро адо кард.
Агар дар вақташ ба садои дили вай гӯш мекардӣ, эҳтимол, ҳамааш дигар хел мешуд. Бетховен бармаҳал хазон намешуд ва эҷод мекард. Эҳтимол чун «Сонатаи маҳтобӣ» шоҳасарҳо, балки аз он маълум ва машҳуртар дурдонаҳо офарида мешуданд. Аз он асарҳо низ  эҳтимол, навои меҳр, оҳанги муҳаббати дилҳоро баларзишорандаи ту садо медод, Ҷулетта!..

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: