АСАРҲО БЕШТАР ЧОП МЕШАВАНД

Ҳоло дар байни аҳолӣ, хоссатан, ҷавонон шумораи китобхонон зиёд мегардад.

Номгӯй ва теъдоди нашри китобҳо далели ин гуфтаанд.
Мо бо чанд мутасаддии соҳа оиди нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб ва баланд бардоштани маданияти китобхонӣ дар байни аҳолӣ суҳбат оростем, ки ҳоло пешкаши шумо мегардад.
Умед Холиқов, директори Маркази китоби «Шарқ зиёкори»:
– Дукони китоби «Шарқ зиёкори» аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Солҳои аввал дар дукон китобҳое, ки дар нашриёти «Шарқ» чоп мешуданд, фурӯхта мешуд. Соли 2006 ба он мақоми Маркази китоб дода шуд. Баъзан  аз қимат будани нархи китоб сухан ба миён меояд, ки ин ба аз хориҷи кишвар оварда шудани 70 фоизи маҳсулот – коғаз, ранг ва дастгоҳҳо вобаста аст. Дуконҳои китоб ва корхонаҳое, ки ба паҳн кардани он сарукор доранд, харидори асосии мо мебошанд.
Китобҳо асосан бино ба талаби китобхонон чоп мешаванд. Масалан, солҳои охир асари «Одамийлик мулки» («Мулки одамият»)-и Тоҳир Малик чор маротиба, ҳар кадом бо теъдоди 10 000 нусха чоп шуд. Нашриёти «Шарқ» дар тарғиби маданияти мутолиа низ аз қатори пешсафон ҷой гирифтааст. Моҳи январи ҳар сол байни хонандагон викторинаҳо гузаронида шуда, ба ғолибон китоб туҳфа карда мешавад. Ташкил додани  «Рӯзи соядаст» низ ба китобхонон маъқул шуд. Хонандагон баробари соядаст гирифтан аз эҷодкори дӯстдоштаашон, бо ӯ аз наздик шинос  мешаванд. Ба ҷуз ин, гурӯҳи махсуси сайёр низ ташкил карда шуд, ки аз рӯйи нақша дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёна, коллеҷҳои касбиву литсейҳои академӣ, осорхонаву дигар созмонҳои давлатӣ, аз ҷумла дар ҳабсхонаҳо, ярмаркаи китоб ташкил мекунад.
Баҳодир Редҷепов, сарвари шуъбаи маркетинги хонаи табъу нашри «Ӯзбекистон»:
– То ба соҳа эътибор додани ҳукумат китобҳоямон, асосан, дар бозори «Солнечний»-и ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд фурӯхта мешуд. Ҳоло дар як сол беш аз 3 ҳазор шартнома бо соҳибкорони хусусӣ баста мешавад, ки бо ин мушкилоти паҳн кардани китоб низ ҳаллу фасл мегардад. Зиёда аз 60 фоизи китобҳои дарсӣ низ дар ҳамин ҷо чоп мешаванд. Нархи китоб аз тарафи маркетологҳо, баъд аз омӯхтани сарфу хароҷоти китоб ва талабу таклифи харидор, муайян карда мешавад.
Даврон Улуғмуродов, сармуҳаррири хонаи  эҷодии табъу нашри  Чӯлпон:
–Дар нашриётамон асосан китобҳои бачагона чоп мешаванд. Моҳи сентябри соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи бачаҳо аз ахбори ба сиҳатии онҳо зараррасон», қабул шуда буд. Мақсади асосӣ аз қонуни мазкур ҳифзи бачаҳо аз ахборест, ки ба саломатӣ, ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури онҳо зарар мерасонад. Мувофиқи он асарҳо аз рӯйи синну сол ба 5 тоифа ҷудо карда шуд: 0+, 7+, 12+, 16+, 18+. Агар дар асари бадеӣ аломати «18+» гузошта шуда бошад, мутолиаи он барои бачаҳо манъ аст.
Тибқи талаботи вазоратҳои таълими томактабӣ ва миёна чопи асарҳои бадеии бачагона ва китобҳои дарсӣ бештар ба роҳ монда шуд. Масалан, дар 6 моҳи аввали соли 2018 68 номгӯй асар бо теъдоди 2 млн. нусха чоп шуд, ки ин нишондиҳанда аз солҳои пеш 4-5 маротиба зиёд аст.
Гулҳаё Исроилова, мудири дукони хусусӣ дар шаҳри Тошканд: 
– Нархгузорӣ ва сифати маводи китобҳо таҷдиди назар мехоҳанд. Сарфу хароҷоти молиявӣ дар дуконҳои хусусӣ ва давлатӣ бояд яксон бошанд.
Баъзан китобҳое ба дастамон мерасанд, ки бехаридоранд. Масалан, «Маҷмӯи маърӯзаҳо аз забони ӯзбекӣ»-и Н. Расулова ва Б. Супиева, ки тавассути нашриёти «Наврӯз» соли 2016 чоп шудааст, солҳост, ки харидорони худро интизоранд.
Асарҳо бояд ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакл эътибори хонандаро ба худ ҷалб кунанд.

Ориф ҶУМЪАЕВ. 
Шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: