ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев тавассути телефон мулоқот кард.

Дар аввали суҳбат сарвари давлатамон Президенти Қазоқистонро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, ба вай сиҳатии мустаҳкам ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои бузург таманно намуд.
Бо қаноатмандии амиқ қайд гардид, ки равобити мунтазам ва сермаҳсул дар дараҷаи олӣ ба рушди муназзам ва пайваста мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон мусоидат мекунанд.
Алоҳида қайд гардид, ки ташрифи аввалини давлатии Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ барои ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсионӣ, инчунин амиқгардонии мулоқоти маданиву инсонпарварӣ имкониятҳои васеъро боз намуд.
Президентҳо инчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар хотимаи суҳбат сарвари давлатамон ба Қасим-Жомарт Тоқаев бобати гузарондани интихоботи президентӣ, ки 9 июни соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мегардад,  комёби таманно намуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: