ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба воситаи телефон мулоқот кард.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фаро расидани моҳи муқаддаси Рамазон муборакбод намуда, таманноҳои неку самимиашонро изҳор карданд. 
Президентҳои ду мамлакат пайваста мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ, рушди ҳамкории тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва маданиву гуманитариро бо қаноатмандии амиқ қайд намуданд. 
Муҳим будани тайёрии  ҳамаҷониба дидан  ба ҷамъомади якуми Шӯрои шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия алоҳида таъкид гардид. Инчунин, рӯзномаи вохӯриҳои оянда дар сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот, ки дар муҳити анъанавии дӯстӣ гузашт, сарони давлатҳо ба халқҳои Ӯзбекистон ва Туркия беҳбудӣ, сулҳ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: