«БА МАН ГАП МЕРАСАД»

Мехостам яку якбора ба сараш дод занаму дашном диҳам, аммо худдорӣ кардам.

Андешаи нек ғолиб омад, ҳамон як дона китобамро, ки дар саҳифаи аввалаш «Бо орзуҳои нек, тақдим ба дӯсти солҳои бачагиам Равшанҷон» гуфта соядаст гузошта будам, дар рӯзномаи дарозкардааш печонда ба ӯ додам. Бо димоғи гирифта дигар ҳарфе назадам ва пушти фармон нишастам. Дарро бастаму ҳамон дам гумоне ба мағзам зад: «чаро як он фикри Равшан иваз шуд?» Худравро равшан накарда, аз паси ӯ саре ба тарафи дарвоза тофтам. Ошноям бо шитоб аз зинаҳои назди даромадгоҳ боло рафт, вале ба дохил надаромада, ду қадам онсӯтар ба тарафи қуттии партовҳо по бардошт ва коғазпечи дасташро бо зарб ба он андохт. Сипас, гӯё нафасе осуда кашид, дастҳояшро афшонда, қоматашро рост карду худро ба дохил зад. «Эҳ, номард, гумон кардӣ дар назди ҳамдеҳагон шармандаат мекунам? Охир, агар ба ту гап расад, нагир, вассалом!». Аз мошин пиёда шудам ва тозон рафта китобамро аз қуттии ахлот гирифта ба пас гаштам. Дарбон ҳама баҳсу амалҳои моро дида меистод магар, ба ман чизе нагуфт, танҳо бо нигоҳи хайрхоҳонаю лабханди мулоим маро гусел кард...
Бисёр шунидаам, ки аз дасти курсию мансаб одам хароб мешавад, на танҳо хӯю хислат, ҳатто тинату ниҳоди худро батамом дигар мекунад. Он рӯз бо рафтори ошнои сартосам рӯ ба рӯ омада ба хубӣ дарк намудам, ки одам, дар ҳақиқат, бо мурури замон тағйири рафтору пиндор мекардааст. Ба хусус, агар мансабу мақоме дорад, ба хотири «гап нарасидан» аз виҷдону имон ва ҳатто забонаш, ки бо шири сафеди модар дар вуҷудаш нумӯ мекунад, даст мекашад.
Он рӯз бо ҳоли гирифта, аз шаҳри Баҳор набаромада, барои наҳорхӯрӣ ба як чойхонаи миллӣ даромадам. Сари як пиёла чою як луқма кабоб фақат Равшану бархӯрди ӯро дар пеши назар ва зеҳни худ тасаввур мекардам. Он ҳама хурсандие, ки дар деҳа бароям даст дода буд, як тарафу ин ниқоби тозаи ошноям як тараф буд. Ҳеҷ боварам намеомад, ки касе мисли Равшан, ки ҳафт пушту аҷдодаш тоҷик буданду худаш ҳам ба тоҷикӣ хонда калон шудааст, ба ин роҳатӣ аз ҳама чиз даст мешӯяд. На ин ки аз гирифтани китоб тарсид, ҳатто аз такаллуми тоҷикӣ ор кард. Аз ин ҳол сахт ба шигифт омадам, магар мешавад чунин бошад? Охир, дар ҳамин ҷамъияте, ки ӯ умр ба сар мебарад, ман ҳам ҳастам, ман ҳам дар канори ӯ бузург мешавам. Чаро ба ман касе «ту» намегӯяду гиребони ӯро мегирифтаанд? Магар мешавад як бому ду ҳаво бошад?...
Оғушта дар гирдоби хаёл, мустақим ба сӯям омадани мардеро пай бурдам. Оре, ӯ ба пеши ман меомад, бо чеҳраи боз, бо лабханд. Ситорааш гарм намуд, дар куҷое ӯро дидаам. Ҳамин ки наздик шуд, шинохтам. Бале, ҳамхидмати худ Садриддин – ҳамон ҷавони баҳории лоғару устухониеро, ки хеле газгӯшту тану тӯшдор шудааст, шинохтам. Ба пешвозаш аз ҷо парида хестам, чанд муддат дар оғӯши якдигар сари по рост истодем. 
– Бо кадом шамолҳо, дӯстам? Дар шаҳри мо сари танҳо? – ниҳоят пас аз салому ҳолпурсиҳо ба асли матлаб омад Садриддин.
– Бо коре омадам... шояд барои ту ҳам ҷолиб набошад, – каме бо дудилагӣ гуфтам ман.
– Яъне чӣ, магар мешавад кори дӯсти азизам барои ман ҷолиб набошад?
– Ёдат ҳаст, бароят таронаҳо мегуфтам, қиссаҳо нақл мекардам...
– Эҳ, қадрдони ман! Фикр мекунӣ, он рӯзҳо аз хотири ман фаромӯш мешавад, асло! Ҳар замон туро ба ёд меоварам, ҳанӯз ҳам ба бачаҳоям достону қисса нақл мекунам, агарчи мисли ту маҳорат надорам. Бовар мекунӣ, ҳатто ба онҳо гуфтаам, ки ин дӯстам нависандаи замон мешавад!
Ман об шудам. Аз суханҳои муҳаббатомези ҳамхидматам ба шигифт омадам, гумон кардам дар гӯшаи биҳиштие нишастааму бароям париён суруд мехонанд. Ҳушу ҳавосам моломоли  шавқу сурур шуд. Бо хушҳолӣ арз кардам:
– Бо дуоҳоят, дӯсти азиз, нахустин китобам ба табъ расид.
Гӯё теғе ба ҷабин хӯрд, Садриддин парида аз ҷо баланд шуд ва дубора маро ба оғӯш кашида, бо эҳсос гуфтан гирифт:
– Офарин, дӯстам, боракаллоҳ! Ман медонистам, ҳамон замон ман туро шоиру нависанда хонда будам, қанд зан! Китобат муборак, дастёбӣ ба орзуҳои некат муборак! Офарин, бародар, агар ту донӣ, чӣ қадар ин рӯзро орзу мекардам... – ӯ лаҳзае аз сухан воистод ва бо меҳр ба сӯям нигоҳ карда пурсид: – Хуб, канӣ китобат, ҳаст ин ҷо?
– Маро хурсанд кардӣ, Садриддин, аз суханҳои ширинат гардам! Ҳоло ҳамин ҷо бош...
– Не, дӯстам, бо ту меоям, дигар тоқатам тоқ шуд, – гуфт ӯ ва ҳар ду ба берун, ба назди мошин рафтем...
Он рӯз медидам, ки ҳамхидматам гӯё асари худро чоп карда бошад, гаштаю баргашта китоби маро ба чашмонаш мемолид, беохир хурсандӣ мекард, дастамро дошта, ба оғӯш гирифта табрику таҳният мегуфт, бо ҳазору як сухан маро ситоиш мекард. Вақте ки ба ӯ як дона китобро бо соядаст додам, ғайриинтизор, хоҳише кард, ки дар пешаш забонам лол шуд. Ӯ мехост тамоми китобҳои бурдаамро барояш диҳам!
– Дӯстам, ту чӣ кор мекунӣ китобҳои маро забонашро нафаҳмӣ? – бо тааҷҷуб пурсидам ман.
– Ба ин тарафаш корат набошад, ман асари туро ба нуқтаҳои даркорӣ мерасонам, – гуфт ӯ ва аз ҷайбаш як даста пулро бароварда ба ман дароз карду афзуд: – Ҳоло ин аз нӯги хамир фатир, каму костиашро баъдан пур мекунам.
Ман дасти ӯро гардондам, бо лаҳни норизо гуфтам:
– Ин хел намешавад, дӯстам, аввал китобҳоро гузарон, баъд...
– Гузарондан кори ман, агар нагирӣ, сахт нороҳат мешавам, дастамро нагардон.
Медидам, ки пули дасташ бештар аз қимати он се баста китобе буд, ки барояш медодам. Хиҷолатомез арз кардам:
– Ин ки хеле бисёр аст, чаро ин корро мекунӣ, Садриддин?
Ӯ ба истодагарии ман нигоҳ накарда, дари худравамро кушоду пулашро дар сандуқчаи ҷилав андохт.
Пас аз наҳори хушмаза ва ҳамдамию суҳбати самимӣ ману Садриддин аз ҳам ҷудо шудем, ӯ ба хонааш рафту ман роҳи пойтахтро пеш гирифтам. Дар тӯли роҳ пайваста ибораи нози Ҳазрати Мавлоно – «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» марҳами хаёлҳои озурдаи бесару нӯги ман буд... 
***
Умри инсон чун оби ҷӯй мегузарад. Гӯё дирӯзакак буд ба шаҳри Баҳор рафта, бо ду рафиқам вохӯрӣ карда будам. Нафаҳмидам, ки аз он дам як сол сипарӣ шудаасту дубора бо тақозои кор ба он шаҳри азиз по мениҳам. Иттифоқан, ҳангоми адои сафари хидматӣ яке аз ҳамсинфонам хабар дод, ки ҳамаашон дар шаҳри Баҳор ҷамъ шудаанд. Тахмин мекунед дар куҷо? Дар хонаи Равшани сартос! Ӯ ба писараш арӯс мефаровардааст. Агарчи аз он ҷашн хабаре надоштам ва аз ошноям ҳам дилам монда буд, хеле ҷоҳоро фикр кардаму ба рафтан розӣ шудам. Бо дилгармӣ, барои расидан ба дидори ҳамдеҳагон ба хонаи Равшан шитофтам.  
Меҳмонхонаи ошноям пур аз одам буд. Дами ҳангомаю гуфтугузори онҳо торафт метафсид, ҳама бо шӯру ҳаяҷон дар хусуси кордонию пулёбии Равшани сармоядору шуҳратманд гап мезаданд. Мегуфтанд, ба базми оншаба якуним-ду ҳазор одам меомадааст, ҳунарпешаи номдоре ҳамроҳи чанд гурӯҳи дигар дар хидмат мешудаанд. Мисли ин ки сартос фақат ба овозхону ровиёни базм даҳ ҳазор ҷудо кардааст, ба харҷи тӯй ҳам даҳ ҳазор, панҷ ҳазори дигар барои пешкашу туҳфаҳо...
Аз ин ҳама таъриф сарам дард гирифт, оҳиста, бо баҳонаи дастшӯйӣ ба даҳлез баромадам. Писари хурдии сартос давида ба наздам омаду салом дод. Аз рӯйи одати ҳамешагиам, ки ба ҳар манзиле равам сараввал китобхонаи соҳибхонаро зиёрат мекунам, аз писарак хоҳиш кардам, ки маро бо китобҳои падараш шинос кунад. Бо ӯ ба хонаи дигар гузаштем. Мошоллоҳ, ошнои сартосам китобхонаи бузурге дошт! Як ҷевони баланди деворӣ пур аз маҷаллаю рӯзнома ва китобҳои ранг ба ранг буд. Тамошокунон то охир омадаму ҳавсалаам пир шуд. Бо чӣ забон гӯям, дар он ҷевони баланду тӯлонӣ ҳатто як дона китоб ё маҷалла ва ҳатто рӯзномаи тоҷикӣ надидам. Э вой, аз ҳазор-ҳазор гап мезананду аз шуури холии ошноям на. Агар ӯ ба хотири «гап нарасидан» ёрои ҳарф задан ба забони модарӣ ё қурби нигаҳ доштани як китобро ба забони модарӣ надорад, чӣ инсоне аст?! Бо дили ғамгин ба қафо гаштанӣ шудам, ки ногоҳ китобе дар як кунҷаки ҷевон ба назарам гарм тофт. Бе истиҳола онро ба даст гирифтам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, он китоби тоҷикӣ буд, ҳамон нахустин китоби банда, ки соли гузашта ба дасти мухлисон расонида будам. Беихтиёр онро боз кардам, дар саҳифаи аввал соядасте диққатамро ҷалб кард: «Бо салом ва эҳтироми бепоён, ин китоби дӯстамро ба зодрӯзи бародари равшанфикри тоҷикам Равшан тақдим мекунам. Садриддин...»
Юнуси ИМОМНАЗАР

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: