ҲАФТАИ АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГ

Дар шаҳри Марғилон ҳафтаи адабиёт ва фарҳанг баргузор мегардад.

Он таҳти шиори «Ватан дар дилҳо, дилҳо дар Ватан аст» роҳандозӣ шуд. Дар он намояндагони адабу фарҳанг, шогирдони мактаби эҷодии ба номи Эркин Воҳидов, шефтагони назму наср ва сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Туркистон»-и ин шаҳр ширкат доранд. 
– Адабиёт ойнаест, ки дар он ҳар як қавму миллат акси худро мебинад. Ин ҳарфҳоро алломаҳои машҳур беҳуда нагуфтаанд. Тавассути адабиёт ва фарҳанг эҳсосоти ботинии одамон ошкор мегардад. Адабиёт хазинаеро мемонад, ки дар тарбияи инсонҳои хурду бузург нақши муассир мебозад,– гуфт ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев дар маросими кушодашавии он.
Баъд иштирокчиёни маросим аз чакидаҳои хомаҳои шоирони шинохта Умеда Абдуазимова ва Хосият Рустамова баҳра бурданд. Муҳтавои ин шеърҳо ба ривоҷу равнақи Ватан, дигаргуниҳои азим ва фаровонии ҳаёти мардуми кишвар бахшида шудаанд. 
Дар пайи он сарояндаи мумтоз Розияхон, ки ғолиби якчанд озмунҳои дохиливу хориҷӣ гаштааст, ба таври зинда якчанд суруди худро замзама намуд ва боиси ба ваҷд ва шавқу шӯр омадани аҳли ин маҳфил гардид.
– Барои мо барин ҷавонон роҳандозии чунин маҳфилу маросимҳои адабиву фарҳангӣ хеле зарур аст. Ин чорабиниҳо дар замири мо нисбат ба Ватан-Модар меҳру муҳаббатро меафзоянд. Ҳамчунин барои наздик шудани мо ба китобу китобхонӣ, адабу фарҳанг хеле мусоидат мекунанд,– мегӯяд Шерзод Маҳмудов ном сокини шаҳри Марғелон.
Ҳафтаи адабиёт ва фарҳанг дар саросари шаҳру ноҳияҳои вилоят идома хоҳад кард.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи соли дувуми гурӯҳи тоҷикии 
факултети филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: