МАҚСАДИ АСОСӢ – РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР МАМЛАКАТАМОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 май бахшида ба вазифаҳои рушди соҳаи илм ва таълими олӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар он таклифҳо ва масъалаҳои муҳиме, ки дар рафти вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ, академикҳо, олимон ва тадқиқотгарони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон 24 май садо доданд, баррасӣ гардиданд.
Дар ҳамон вохӯрӣ сарвари давлатамон таклиф намуд, ки Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба илму технологияҳо ба мақсади фароҳам овардани майдони махсус барои мавриди муҳокимаи таклифоти ба рушди илм ва инноватсияҳо алоқаманд таъсис дода шавад, олимон инро дастгирӣ карданд.
Дар ҷамъомад вазифаҳои асосии шӯрои мазкур муайян шуданд. Аз ҷумла, бинобар куллан ривоҷ додани соҳаи илмӣ бо роҳи ташаккул додани барномаҳои давлатӣ ва бо тартиби мутамарказ бо маблағ таъмин намудан, ташкил кардани низоми миллии лабораторияҳо бинобар соҳаҳои ба илм такякунанда, тиҷоратигардонии коркардҳои илмӣ, баланд бардоштани мавқеи низоми ватании илм дар рейтингҳои байналхалқӣ супоришот дода шуданд.
Самти корҳо бинобар рушди соҳаҳои барои иқтисодиёт аҳамиятнок ва ҳаллу фасли илмии масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин шахсони барои ин кор масъул муайян шуданд.
Зарурати созмон додани мактабҳои илмӣ дар пойгоҳи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, ташаккул додани авлоди нави олимон дар соҳаи нанотехнологияҳо, маводшиносӣ, физикаи нимноқилҳо, биофизика ва биохимия, биотехнологияҳо таъкид гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ бо олимон оиди бинобар чор самт созмон додани комиссияи доимӣ мувофиқа шуда буд. Дар рафти ҷамъомад вазифаҳои комиссияҳои мазкур, тартиби кор ва масъулияти аъзои онҳо муайян шуданд.
Комиссияи якум бо таҳлили доимии фаъолияти муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ машғул шуда, дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ёрии амалӣ мерасонад.
Вазифаи комиссияи дуюм аз таҳлил ва арзёбии ҷараёни таҳсил ва сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ иборат аст.
Комиссияи сеюм бо таҳлили корҳои маънавиву маърифатӣ ва татбиқи панҷ ташаббус дар мактабҳои олӣ шуғл меварзад.
Бо ҷалб намудани ҳамватанонамон дар хориҷ, ки дар соҳаи таълими олӣ ва илм муваффақиятҳои назаррасро ба даст овардаанд, комиссияи чорум шуғл меварзад.
Мақсади асосии корҳои мазкур рушди сармояи инсонӣ дар мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Бо ашёи хом ва азнавкоркарди он ба дур рафтан мумкин нест. Бар замми ин, инноватсияҳо барои фароҳам овардани арзиши иловагӣ дар истеҳсолот лозиманд. Аз ин рӯ илм самти асосӣ, нуқтаи такягоҳии рушди мамлакатамон хоҳад гардид, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Зарурати пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии академикҳо, профессорон ва омӯзгорон, фароҳам овардани шароитҳои замонавӣ барои донишҷӯён, зоҳир намудан ва тайёр кардани истеъдодҳои ҷавон – олимони оянда таъкид гардид.
Супориш дода шуд, ки самтҳои устувори рушди илми ватаниро дақиқ муайян намуда, низоми нави маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ ҷорӣ карда шавад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: