НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ КОРЧАЛЛОНИ ОЛМОН БО ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДИИ ӮЗБЕКИСТОН ШИНОС ШУДАНД

Дар доираи ташрифи расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба Ӯзбекистон 28 май дар Тошканд бо иштироки намояндагони доираҳои корчаллони ду мамлакат бизнес-брифинг ба амал омад.

Ба чорабинӣ раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов роҳбарӣ кард.
Олмон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳо яке аз мамлакатҳои пешрав ба ҳисоб меравад. Мамлакат инчунин дар ҷаҳон бино бар ҳаҷми содироти мол ва воридоти ашёи хом ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Чи хеле ки дар брифинг таъкид гардид, дар васеъ гардондани равобити тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Олмон, ки нерӯи баланди иқтисодӣ дорад, захираҳои ғании ресурсҳои табиӣ, сармояи инсонӣ, инфрасохтори соҳавӣ, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ҳамчун асос хидмат мекунад.
Дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор маросими тақдимоти иқтидор, имкониятҳои фароҳам овардашуда ва лоиҳаҳои навро дар соҳаҳои молия, сармоя, тиҷорати хориҷӣ, сайёҳӣ, саноат, логистикаи нақлиётӣ баргузор намуданд.
– Соҳибкорони олмонӣ ислоҳоту тағйиротҳои мамлакатамонро бо шавқу рағбати баланд мушоҳида менамоянд, – мегӯяд муовини вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одилбек Исоқов. – Дар доираи бизнес-брифинги имрӯза намояндагони доираҳои корчаллони Олмон инчунин бо рушди макроиқтисодии мамлакатамон, ислоҳоте, ки дар самти мазкур татбиқ мегарданд, имкониятҳои барои шарикони хориҷӣ фароҳам овардашуда, аз ҷумла навгониҳо дар соҳаи шарикии давлативу хусусӣ шинос шуданд. Маълум аст, ки мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ» ба барнома қариб 15 лоиҳаи нав ворид карда шудааст, ки дар яке аз онҳо сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ пешбинӣ гардидааст. Ба лоиҳаи мазкур низ ширкатҳои олмонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: