ҶАШНВОРАИ ФАРҲАНГӢ ВА ДӮСТӢ

Алҳол дар мамлакати мо намояндагони беш аз сад халқу миллат дӯстонаву аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд.

Ба онҳо барои посдорӣ ва пешбурди расму ойин, урфу одат, забон, маданият ва таърихи худ шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар вилояти Намангон қариб 90 миллату халқият аҳлона зиндагӣ карда, барои фаровонии кишварамон ҳисса мегузоранд. Ҳоло дар вилоят бахшҳои марказҳои милливу фарҳангии тоҷикон, русҳо, қирғизҳо, корейсҳо фаъолият мебаранд.
Ба қарибӣ таҳти шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» ҷашнвораи фарҳангиву дӯстӣ баргузор шуд.
Дар Донишгоҳи давлатии Намангон таҳти унвони «Ҳамҷиҳатии миллатҳо ва кушодадилӣ – омили барқарорӣ» мулоқоти кушод барпо гардид. Дар он зикр шуд, ки осоиштагӣ неъмати бебаҳову бузург буда, ба пойдории дӯстию бародарӣ ва баробарии халқҳо хидмат мекунад.
– Дар донишгоҳи мо донишҷӯён аз миллатҳои гуногун таҳсил доранд ва ҳамчун фарзандони як оила таълиму тарбия мегиранд,– гуфт донишҷӯй Саидакбар Муталов.
Дар вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкадаҳои муҳандисиву технологӣ ва муҳандисиву сохтмони Намангон бобати таъмин кардани сулҳу осоиштагӣ аз воситаи муҳимтарин будаи дӯстию ҳамҷиҳатии халқҳо зикр гардид.
– Дар вилоят даҳ фоизи аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд. Онҳо дар ҳама соҳаҳо фаъол иштирок карда, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти вилоят саҳм мегузоранд. Ҷашнвораи мазкур барои дар рӯҳи арзишҳои миллию маънавӣ тарбия намудани насли наврас аҳамияти бузург дорад, – гуфт раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилоят А.Ғафуров.
Иштирокдорони ҷашнвора ба Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи шаҳри Чуст рафта, бо навъҳои гуногуну зебои маҳсулоти ҳунармандони чустӣ шинос шуданд.
Гурӯҳҳои ҳунарии марказҳои милливу фарҳангии вилоят ва дастпарварони мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқии рақамҳои 15, 16-уми ноҳияи Чуст бо рақсу сурудҳои тоҷикӣ, русӣ, туркӣ, гурҷӣ, озарӣ, қирғизӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва ғайра хотири иштирокдоронро шод карданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: