«БА МАН ГАП МЕРАСАД»

Он рӯз медидам, ки ҳамхидматам гӯё асари худро чоп карда бошад, гаштаю баргашта китоби маро ба чашмонаш мемолид, беохир хурсандӣ мекард, дастамро дошта, ба оғӯш гирифта табрику таҳният мегуфт, бо ҳазору як сухан маро ситоиш мекард.

Вақте ки ба ӯ як дона китобро бо соядаст додам, ғайриинтизор, хоҳише кард, ки дар пешаш забонам лол шуд. Ӯ мехост тамоми китобҳои бурдаамро барояш диҳам!
– Дӯстам, ту чӣ кор мекунӣ китобҳои маро забонашро нафаҳмӣ? – бо тааҷҷуб пурсидам ман.
– Ба ин тарафаш корат набошад, ман асари туро ба нуқтаҳои даркорӣ мерасонам, – гуфт ӯ ва аз ҷайбаш як даста пулро бароварда ба ман дароз карду афзуд: – Ҳоло ин аз нӯги хамир фатир, каму костиашро баъдан пур мекунам.
Ман дасти ӯро гардондам, бо лаҳни норизо гуфтам:
– Ин хел намешавад, дӯстам, аввал китобҳоро гузарон, баъд...
– Гузарондан кори ман, агар нагирӣ, сахт нороҳат мешавам, дастамро нагардон.
Медидам, ки пули дасташ бештар аз қимати он се баста китобе буд, ки барояш медодам. Хиҷолатомез арз кардам:
– Ин ки хеле бисёр аст, чаро ин корро мекунӣ, Садриддин?
Ӯ ба истодагарии ман нигоҳ накарда, дари худравамро кушоду пулашро дар сандуқчаи ҷилав андохт.
Пас аз наҳори хушмаза ва ҳамдамию суҳбати самимӣ ману Садриддин аз ҳам ҷудо шудем, ӯ ба хонааш рафту ман роҳи пойтахтро пеш гирифтам. Дар тӯли роҳ пайваста ибораи нози Ҳазрати Мавлоно – «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» марҳами хаёлҳои озурдаи бесару нӯги ман буд... 
***
Умри инсон чун оби ҷӯй мегузарад. Гӯё дирӯзакак буд ба шаҳри Баҳор рафта, бо ду рафиқам вохӯрӣ карда будам. Нафаҳмидам, ки аз он дам як сол сипарӣ шудаасту дубора бо тақозои кор ба он шаҳри азиз по мениҳам. Иттифоқан, ҳангоми адои сафари хидматӣ яке аз ҳамсинфонам хабар дод, ки ҳамаашон дар шаҳри Баҳор ҷамъ шудаанд. Тахмин мекунед дар куҷо? Дар хонаи Равшани сартос! Ӯ ба писараш арӯс мефаровардааст. Агарчи аз он ҷашн хабаре надоштам ва аз ошноям ҳам дилам монда буд, хеле ҷоҳоро фикр кардаму ба рафтан розӣ шудам. Бо дилгармӣ, барои расидан ба дидори ҳамдеҳагон ба хонаи Равшан шитофтам.  
Меҳмонхонаи ошноям пур аз одам буд. Дами ҳангомаю гуфтугузори онҳо торафт метафсид, ҳама бо шӯру ҳаяҷон дар хусуси кордонию пулёбии Равшани сармоядору шуҳратманд гап мезаданд. Мегуфтанд, ба базми оншаба якуним-ду ҳазор одам меомадааст, ҳунарпешаи номдоре ҳамроҳи чанд гурӯҳи дигар дар хидмат мешудаанд. Мисли ин ки сартос фақат ба овозхону ровиёни базм даҳ ҳазор ҷудо кардааст, ба харҷи тӯй ҳам даҳ ҳазор, панҷ ҳазори дигар барои пешкашу туҳфаҳо...
Аз ин ҳама таъриф сарам дард гирифт, оҳиста, бо баҳонаи дастшӯйӣ ба даҳлез баромадам. Писари хурдии сартос давида ба наздам омаду салом дод. Аз рӯйи одати ҳамешагиам, ки ба ҳар манзиле равам сараввал китобхонаи соҳибхонаро зиёрат мекунам, аз писарак хоҳиш кардам, ки маро бо китобҳои падараш шинос кунад. Бо ӯ ба хонаи дигар гузаштем. Мошоллоҳ, ошнои сартосам китобхонаи бузурге дошт! Як ҷевони баланди деворӣ пур аз маҷаллаю рӯзнома ва китобҳои ранг ба ранг буд. Тамошокунон то охир омадаму ҳавсалаам пир шуд. Бо чӣ забон гӯям, дар он ҷевони баланду тӯлонӣ ҳатто як дона китоб ё маҷалла ва ҳатто рӯзномаи тоҷикӣ надидам. Э вой, аз ҳазор-ҳазор гап мезананду аз шуури холии ошноям на. Агар ӯ ба хотири «гап нарасидан» ёрои ҳарф задан ба забони модарӣ ё қурби нигаҳ доштани як китобро ба забони модарӣ надорад, чӣ инсоне аст?! Бо дили ғамгин ба қафо гаштанӣ шудам, ки ногоҳ китобе дар як кунҷаки ҷевон ба назарам гарм тофт. Бе истиҳола онро ба даст гирифтам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, он китоби тоҷикӣ буд, ҳамон нахустин китоби банда, ки соли гузашта ба дасти мухлисон расонида будам. Беихтиёр онро боз кардам, дар саҳифаи аввал соядасте диққатамро ҷалб кард: «Бо салом ва эҳтироми бепоён, ин китоби дӯстамро ба зодрӯзи бародари равшанфикри тоҷикам Равшан тақдим мекунам. Садриддин...» 
Юнуси ИМОМНАЗАР.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: