ҶАМЪОМАДИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ МУШТАРАК

30 май дар шаҳри Урганҷ ҷамъомади аввалини Комиссияи муштараки ӯзбекистониву русиягӣ дар сатҳи сарони ҳукуматҳо баргузор шуд.

Дар чорабинӣ аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои бузурги иқтисодии ду кишвар ширкат ҷустанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Орипов ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, ки ба дӯстии бисёрҷанбаи амалии тарафайни байни кишварҳои мо такя мекунад, бо суръатҳои баланд инкишоф меёбанд. 
Зикр шуд, ки робитаҳои сарони давлатҳо, ки ҷиҳати мунтазамро касб кардаанд ва муоҳидаҳои баимзорасида муносибатҳои шарикии байни вазоратҳову идораҳо, минтақаҳои кишварҳои моро бо мазмуну муҳтавои наву амалӣ пурра мекунанд. Рафтуои фаъоли ҳайатҳои дараҷаи гуногун ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ барои идома ёфтани робитаҳои муттасили тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарварӣ асоси мустаҳкам мегузоранд.
Соли 2018-ум ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол 25 фоиз афзуд. Аз моҳи январ то моҳи апрели соли равон нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз афзуд ва ду миллиард долларро ташкил дод.
Дар мамлакати мо бо иштироки ширкатҳо ва бонкҳои бузурги Русия лоиҳаҳои азими сармоявӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, мошинсозӣ, электротехникӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра бомуваффақият татбиқ мегарданд.
Шакли нави мулоқоти тарафайн – Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳо ба вусъатёбии миқёси ҳамкориҳои бисёрҷанба аз ҳисоби самтҳои иловагӣ, татбиқи бомуваффақияти муоҳидаҳое, ки ҳангоми сафарҳои дараҷаи олӣ ба имзо расидаанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъомад масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн аз ҳисоби самтҳои нав дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоя, бофандагӣ, нақлиёт, энергетика ва хоҷагии қишлоқ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки дар ин бобат натиҷаи ҷамъомади 20-уми Комиссияи байниҳукуматӣ бино бар ҳамкории иқтисодии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия, ки 24 апрели соли 2019 дар Маскав баргузор шуд, нақши муҳим дорад.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки бобати афзун кардани ҳаҷми савдо, вусъат додани робитаҳои байниминтақавии тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ дар соҳаҳои мухталиф чораҳои заруриро меандешад.
Дар анҷоми ҷамъомад, ки дар рӯҳи ошкоро ва пурмуҳтаво гузашт, дар байни ҳукуматҳо, вазорату ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия як қатор ҳуҷҷатҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонку молия, сармоя, савдо, саноат, энергетика, таълим, нақлиёт, гумрук, ҳамчунин дар самтҳои нигаҳдории тандурустӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, инфрасохтор имзо шуданд.
Бино бар натиҷаи ҷамъомади аввалини Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони давлатҳо Баённомаи муштарак имзо гардид.
Ҳайат бо сарварии Дмитрий Медведев ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои дидании шаҳри Хиваро тамошо кард.

У.ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: