МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ИДМ ДАР ТОШКАНД

Дар Тошканд маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Дар он вазирони корҳои дохилии Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳайати политсияи Арманистон инчунин идораи мувофиқсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар ҳудуди Иттиҳод, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Маркази аксултеррор иштирок намуданд.
Дар маҷлис вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Пулод Бобоҷонов дар бораи мустаҳкамсозии ҳуқуқу тартибот ва таъминсозии бехатарӣ дар Ӯзбекистон корҳое, ки зери роҳбарии Президент ба амал татбиқ мегарданд, нақл намуд. Дар бораи ҷорӣ гардидани низоми профилактикаи поймолсозии ҳуқуқ, чорабиниҳои амалие, ки барои ҷилавгирии ҷиноят андешида шудааст ва ба туфайли ин ҳама ба тарзи назаррас кам гардидани поймолсозии ҳуқуқ ва содир гардидани ҷиноят ҳарф зад.
Иштирокдорон алоҳида таъкид намуданд, ки дар ҳудуди мамлакатҳои Иттиҳод барои таъминсозии осудагӣ ва барқарорӣ ҷойгоҳи идораҳои ҳуқуқу тартибот ва хусусан мақомоти корҳои дохила ва ҳамкории онҳо бо хидмати политсия алоҳида аст.
Дар маҷлис дар бобати аз ҳар ҷиҳат такмил додани чунин ҳамкорӣ, масъалаҳои устувори ҷорӣ намудани барномаи байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар амалиёт баррасӣ гардиданд. Қайд гардид, ки чорабиниҳои зуд ва профилактикӣ ва амалиёти махсус натиҷаҳои эҷобӣ мебахшад.
Аъзои Шӯро консепсияро оид ба ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ ва политсия ва ҳамчунин ягона тартиби пурсишҳоро зери назорати байналхалқӣ ба амал ҷорӣ намудан муҳокима намуданд ва тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо дар заминаи мустаҳкамсозии бехатарии иҷтимоӣ ва барқарорӣ дар ҳудуди Иттиҳод ва дигар масъалаҳои муҳимро доир ба ҳамкории байни худ дар бобати таъмин намудани устувории қонун низ мубодилаи афкор намуданд.
Маҷлис ба тарзи анъанавӣ тезутунд, муфид ва дар рӯҳи ҳамфикрӣ баргузор шуд.

Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: