Муҳаммад Шодӣ

Асали бибӣ

Ман наботи бибиҷон,
Ман шаккараки бибӣ.
Гӯям, ман духтараки кӣ?
Ман духтараки бибӣ!

Онем ҷанг кунанд, арз
Мекунам ба бибиям.
Эркадорам бибиҷон,
Мекунанд он чӣ гӯям.

Чун гирям, чун ғаш кунам,
Бибиҷонам ҷигархун.
Мушти худ боло карда
«Бас кун!» мегӯянд онем.

Медавам, гӯён дирӯз
Пеши по хӯрдам ногоҳ.
Дар кӯча, назди ҳама,
Афтодам ба рӯи роҳ.

Ман мегирям, бибиҷон,
Дар атрофам парвона.
«Бадтар шав!» 
гӯён раванд
Модарам сӯи хона.

Зоча

«Иғға-иғға» гӯитон,
Ин қадар аст ширин.
Рӯятон себи хубон,
Мӯи шумост заррин.

Дили худ мекушоед,
Ба ман, ки рӯ ба рӯед.
Ба ғайр аз «иғға», вале,
Чизи дигар нагӯед.

Кай забон мебароред,
Шумо, эй зочаҷонам?
Оғӯш мекушоед,
Мегӯед: «Очаҷонам!»

Маҳпора

Нисфи шаб. Ҳама хобанд
Бедор, аммо, Маҳпора.
Барояд садои ӯ
Аз даруни гаҳвора.

Маҳпора чӣ мехонад?
Чӣ мегӯяд худ ба худ?
Маҳпораҷони асал,
Мехонад ширин суруд!

Сарро ба болочӯби
Гаҳвора модар монад.
Дар даруни гаҳвора
Маҳпора алла хонад!

Ҳар гаҳ ба «алла» гӯӣ,
Маҳпора созад оғоз.
Модараки ӯ Маҳтоб
Меравад ба хоби ноз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: