ДАР РОҲИ ҲАМҶИҲАТИВУ ҲАМГАРОӢ

Ҳар сол дар саросари ҷумҳуриамон ҷашнвораи дӯстӣ ва фарҳангӣ таҳти шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» баргузор мегардад.

Ин дафъа ҳам ин чорабинӣ дар вилояти Ҷиззах бо рӯҳияти идона гузашт. Рӯзи аввал саҳни ҳавлии бинои Донишкадаи давлатии политехникии Ҷиззах бо намунаҳои ҳунармандии иттиҳоди «Ҳунарманд», мактаб-интернати ихтисосонидашудаи санъати шаҳри Ҷиззах ва марказҳои миллӣ-мадании вилоят оро ёфта буданд. Меҳмонон, иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан карданд. Китобҳои ба маърази тамошо гузошташударо аз назар гузарониданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи донишкадаи номбурда таҳти мавзӯи «Нақш ва аҳамияти стратегияи амалиёт дар мустаҳкам намудани сулҳ ва ҳамгароии байнимиллӣ ва байнидинӣ» семинар барпо гардид.
Дар суханрониҳои мутахассиси Кумитаи  муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон Умедҷон Турсунов ва раиси Маркази миллӣ-мадании қирғизҳои ҷумҳурӣ Раҳматулло Ҷабборов аҳамияти сулҳу осоиштагӣ ва ҳамҷиҳативу ҳамгароии байналмиллӣ таъкид гардид. Инчунин гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ бо саъю эҳтимоми сарвари давлат барои ҳифз ва рушди арзишҳои милливу мадании миллатҳои гуногуни  ҷумҳурӣ аҳамияти алоҳида нигаронида шудааст.
Дар чорабинӣ доир ба бандҳои асосии Сарқонуни ҷумҳурӣ, ки дар он инкишоф додани фарҳанг, забон ва арзишҳои маънавии миллатҳои гуногун мустаҳкам гардонида шудааст, сухан карданд.
Муовини ҳокими вилоят Эштемир Исматов низ гуфт, ки дар вилоят барои фаъолияти марказҳои миллӣ-маданӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар хиёбони «Хотира» бинои нав ва хонаҳои он дар ихтиёри ин марказҳост. Намояндагони миллатҳои гуногун барои рушду равнақи кишвар якҷоя меҳнат мекунанд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии маркази маънавият ва тарғиботи ҷумҳурӣ Баҳодур Мавлонов ва корманди Садорати адлияи вилоят Орифҷон Ҳасанов дар мавзӯъҳои марбут ба соҳа баромад карданд.
Дар ноҳияҳои Зомину Мирзочӯл чорабинӣ идома ёфт.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: