ИНТИХОБОТ ДАР РӮҲИЯИ ОШКОРОӢ

Тибқи қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 15 феврали соли 2019 «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» дар маҳаллаи «Хоҷаи пок»-и ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё интихобот баргузор гардид.

Мо бо роҳбаладии мардони равшанзамир Тоҳир Зокиров ва Рӯзибой Тошматов саҳарӣ аз маркази ноҳия баромада, зиёда аз 30 км роҳҳои пасту баландеро тай намуда, аввал ба деҳаи Хоҷаи пок расидем ва муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаби рақами 60 Хуршед Фахриддиновро бо худ гирифта, ниҳоят ба мактаби рақами 32-и деҳаи Ҳавз, ки дар он ҷо интихобот баргузор мешуд, расидем.
Ин маҳалла дар минтақаи кӯҳии ноҳия ҷойгир буда, аз 11 деҳаи хурд: Кетар, Фангат, Бештахта, Ҳавз, Оқсув, Чилдара, Хоҷаи пок, Ҳалқаҷар, Ҳалвочӣ, Танги бодом, Паси шӯра иборат аст. Дар ин маҳалла аз 442 хонадон 2236 нафар аҳолӣ сарҷамъона зиндагӣ ба сар мебаранд. Деҳаҳо байни ҳамдигар дар масофаи хеле дур ҷойгир шудаанд. Байни баъзе деҳаҳоро агар роҳҳои ноҳамвори автомобилгард пайваст созад, баъзеашонро роҳҳои пурпечутоби пиёдагард мепайвандад.
Баробари расидани мо интихобот ҳам оғоз гардид. 
Дар асоси дастури давлатӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти мардуми ин минтақаи кӯҳистон лоиҳаҳои бисёре дар амал татбиқ мешаванд. Дар соли сипаришуда дар деҳаҳои Чилдара ва Ҳалвочӣ ду қабристони нав бунёд ёфт. Таъмири роҳҳо ҳамеша дар мадди назари ҳукумат аст. Дар зиёратгоҳи Хоҷаи пок бунёди иншооти замонавии солимгардонӣ дар назар аст. Ҳамаи ин чорабиниҳо баҳри некӯаҳволии мардум аст.
Раиси комиссияи интихобот – директори мактаби рақами 32 Зикрилло Каримов риштаи суханро ба даст гирифта, иштироки фаъоли вакилонро хоста, ба мизони адолат риоя кардан, номзадҳои муносибро интихоб намудан даъват карда, тартибу низоми интихоботро бори дигар ба вакилон ёдрас намуд ва ному насаби 7 нафар номзадро, ки аз рӯихат гузашта буданд, эълон кард. Сипас, сухан ба номзадҳо дода шуд. Ҳар яке дар баромади хеш баҳри ободии маҳалла бо халқ ҳамфикру ҳамрой кор карданашонро иброз доштанд.
Ниҳоят, фурсати овоздиҳӣ ҳам фаро расиду аз 158 нафар вакили дар рӯихатбуда 105 нафар ширкат варзида, ба номзадҳо овоз доданд. Дар боло зикр намудем, ки байни деҳаҳои маҳалла масофа хеле дур буда, ҳатто дар баъзе деҳаҳо роҳи автомобилгард ҳам нест. Вакилон масъулиятро хуб дарк намуда, соатҳо пиёда роҳ тай намуда ба интихобот ширкат варзиданд. Аз рафти интихобот, ки ошкоро ва бисёр шаффоф мегузашт аён буд, ки вакилон на манфиати гузар ё деҳаи худ, балки тамоми маҳалларо пеши назар оварда, ба номзадҳо одилона овоз медоданд. Ниҳоят, бо аксарият овоз (75 фоиз) Боймуҳаммад Абдуллоев раиси маҳалла интихоб гардид. Чун оина равшан буд, ки мардум аз натиҷаи интихобот қаноатманд буданд.
Баъд аз интихобот мо бо иштироки раиси нав интихобшуда Боймуҳаммад Абдуллоев ва гурӯҳе аз муаллимону маъмурияти мактаб суҳбат ороста, оиди нақшаҳо ва муаммоҳояшон пурсон шудем.
– Ҳар қадар имконоте, ки дорам, баҳри ободии маҳалла равона месозам, – гуфт раиси нави маҳалла Боймуҳаммад Абдуллоев. – Ба шодиву ғами мардум ҳамеша шарик хоҳам буд. Бо оила, мактаб ва маҳалла дар якҷоягӣ кор хоҳем кард.
Вақте ки бо ҳаёти мактаб аз наздик шиносоӣ пайдо намудем, директор бо ифтихор лаб ба сухан кушод:
– Мактаби мо таърихи хеле қадима дорад. Дар ҳамин кӯҳистони дурдаст ин мактаби овозадор соли 1936 ташкил шудааст. Дар заминаи мактаби мо солҳои баъдина 4 мактаби дигар – мактабҳои рақами 9, 41, 53 ва 60 бунёд ёфт. Аз ин мактаб шахсиятҳои машҳур, олими соҳаи хоҷагии қишлоқ, академик Амирқул Қарақулов, мантиқшинос Ҷумъақул Шамсиддинов, шоир Пиримқул Сатторӣ, Муаллими хизматнишондодаи Ӯзбекистон Саидмурод Ғаниев, устоди ҳамаи мо Хӯҷақул Сатторов, раиси шӯро Қурбон Саломов ва дигарон баромадаанд, ки номбардори халқу Ватан ва мактаби азизи худ буданду ҳастанд.
Намуди ҳозираи мактаб, ки дар болои деҳа ҷойгир аст, замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар он 27 нафар омӯзгорон ба фарзандони деҳа таълиму тарбия медиҳанд. Мактаб бо аёниятҳои технологияи нави таълим, китоби дарсӣ пурра таъмин аст. Фақат муаммои норасоии китобҳои бадеии тоҷикӣ ҳанӯз бояду шояд ҳаллу фасл нагардидаанд. Аз куҷо дастрас намудани китобҳоро маслиҳат додем, хеле мамнун шуданд. Чун сухан дар бораи обунаи рӯзномаи «Овози тоҷик» рафт, узрхоҳӣ намуданд, ки аз сабаби суст шудани эътибор ба масъалаҳои обуна имсол ба ин рӯзнома обуна нашудаанд ва ваъда доданд, ки ҳатман барои нимсолаи дувуми соли ҷорӣ  обуна мешаванд. Дар хусуси обуна роҳбаладҳоямон Тоҳир Зокиров, Рӯзибой Тошматов, ки худ шахсони фарҳангӣ ҳастанд,  ба суҳбат ҳамроҳ шуда, фикрҳои ҷолиб гуфтанд. Аз мактаб баромада, хостем бо мардони рӯзгордидаи ин ҷо ҳамсуҳбат шавем, то ки нақшаҳоямон оиди обуна самарабахш гардад. Моро саркор, усто Зоир Муҳаммадиев хайрамақдам гуфт. Дар маҳалла ҳама ӯро ҳурмат мекардаанд ва ӯ тасмим гирифт, ки дар масъалаҳои ташвиқу тарғиби рӯзномаҳои тоҷикӣ, обунаи онҳо ҳатман ба мо кӯмак мерасонад. Ниҳоят, дуои ин марди шарифро гирифта аз кӯҳпора ба самти поён ҳаракат намудем. Манзараҳои дилфиреби ин диёри ҷаннатмонанд моро беш аз пеш ба худ мафтун менамуд. Накҳати сабзаву гулу гиёҳҳои сари роҳ, тамошои гирду атроф ба дил шодиву фараҳ мебахшид. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: