ДӮСТӢ – САРВАТИ БУЗУРГИ МАЪНАВӢ

Соҳибкори ҷавон, марди маърифатпарвару равшанфикр Акбарҷон Маҳмудов раиси Маркази миллию мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд интихоб гардид.

 Мо оид ба чорабиниҳое, ки аз тарафи марказ ба нақша гирифта шудааст, бо раиси нави он суҳбат оростем.
– Акбарҷон, аввало худро ба мухлисони рӯзнома муаррифӣ мекардед.
– Банда дар деҳаи Талибарзуи ноҳияи Самарқанд, дар оилаи марди маърифатпарвар Ғафурҷон Маҳмудов чашм ба олами ҳастӣ кушода, таълими ибтидоиро дар мактаби таълими умумии рақами 41-и зодгоҳ гирифтаам. Баъди хатми мактаб таҳсилро дар шуъбаи ҳуқуқшиносии омӯзишгоҳи хӯрокворӣ давом додам. Фаъолияти меҳнатиро чун коргар ва дертар ба сифати ҳуқуқшинос дар заводи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Тайлоқ оғоз намудам.
Соли 2004 шомили филиали самарқандии Донишгоҳи технологияи ахбори Тошканд гардидам. Вақти холиам дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва китобхонаҳо мегузашт. Воқеан,  падари бузургворам одати аҷиб ва услуби ба худ хоси тарбия доштанд. Барои омӯхтани ҳаёт байни мардум будан ва фаъолиятро аз кори оддӣ сар кардан фоида дорад. 
То ҳол насиҳатҳои қиблагоҳам роҳнамои ман мебошанд. Ҳар субҳ аз модари азиз дуо гирифта, ба корхона мешитобам.
– Аҳли Самарқанд хуб медонанд, ки падари шумо барои пешравии адабиёт, матбуот ва фарҳанги ин шаҳри қадимӣ хидматҳои зиёд кардааст. Хурсандиовар аст, ки шумо чун вориси муносиби падар ин анъанаро идома медиҳед ва барои боло бардоштани сатҳи фарҳанги мардум заҳмат мекашед.
– Асоси пешравӣ ва равнақи оламе, ки моро иҳота кардааст, пеш аз ҳама, ба сулҳу ваҳдат, дӯстии халқҳо, истиқлолу озодӣ, оромиву осоиштагии кишварҳо вобаста мебошад. Сарвари давлатамон дар ин самт ба як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ имзо гузошт, ки яке аз онҳо фармон «Дар бораи Стратегияи амалиёт оид ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021» мебошад. Дар ин фармон панҷ равияи устувори он доир ба ривоҷи минбаъдаи Ӯзбекистон баён гардида, равияи панҷуми он «Таъмини бехавфӣ, ҳамҷиҳатии миллӣ ва фарохдилии динӣ» мебошад. Асос ва мақсади он мустаҳкамсозии истиқлолият ва озодии давлатӣ, ташаккул додани муҳити бехавфӣ, барқарорӣ ва дӯстӣ дар ҷомеа, таҳкими нуфузи байналхалқии мамлакатро фаро мегирад. Моро зарур аст, ки инро на танҳо дастгирӣ намоем, балки барои дар амал татбиқу тарғиб намудани он аз дониш ва таҷрибаҳои худ пурсамар истифода барем. Тавре ки Президент таъкид намудааст, «Сарватҳои Ӯзбекистон зиёданд, лекин сарват ва дастоварди бузурги мо – осоиштагии ҷомеа, дӯстӣ ва ҳамгароии миллатҳост».
– Шумо ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа шароитеро, ки дар кишварамон барои намояндагони миллатҳои гуногун муҳайё карда шудаанд, чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Фазилатҳои некӯ, чун эҳтироми ҳамдигар, меҳру оқибат, дӯстиву рафоқат, посдошти арзишҳои миллӣ ва башарӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо, на танҳо аз ҷониби намояндагони миллату халқияти гуногуни кишвар, балки аз тарафи мардуми ҷаҳон эътироф мегарданд. Натиҷаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамдилонаи байни миллатҳост, ки дар ҷомеа муҳити маънавию маданӣ устувор гардида, сол то сол рӯзгори мардум фаровон мешавад. 
Дар кишвар 138 маркази миллию ­маданӣ фаъолият дорад, ки барои таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии миллатҳо хизмат менамоянд ва яке аз онҳо Маркази миллию мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд аст.
– Акбарҷон, марказ чӣ нақшаҳо дорад?
– Самарқанд шаҳри қадимиест, ки дар он олимон, адибон, ҳунармандон, санъаткорон, сиёсатмадорон умр ба сар бурдаанд ва мебаранд. Ман чун раиси навинтихоби марказ сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамонро, ки ба иттиҳоду ҳамҷиҳатӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунам ва дар асоси он, мувофиқи тартиби низоми марказ фаъолият мебарам. Инчунин, ният дорам, ки дар арафаи 28-умин солгарди истиқлолияти кишварамон баёзи эҷодкорони тоҷикзабони Самарқандро омода ва нашр намоям. Мо чорабиниҳои худро низ оғоз намудем. Аллакай дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Каттақӯрғон, Ургут ва ғайра зери шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» тадбирҳо гузарондем. Маҳз барои ҳамин марказ аз ҷониби ҳокимияти вилоят бо ифтихорнома сарфароз гардид. Инчунин, ба муносибати зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ якҷо бо  рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар чанд мактаби таълими умумӣ тадбирҳои фарҳангиро ташкил кардем...
– Барои суҳбати пурмазмун ташаккур мегӯям.
– Саломат бошед.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: