МАРДУМ БОЯД АЗ ҲАЁТИ ИМРӮЗАИ ХУД РОЗӢ БОШАНД ВА БО ЭЪТИМОД БА ФАРДО ЗИНДАГӢ КУНАНД

30 июн дар Нурафшон таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки фаъолони вилояти Тошканд, ҳокимон ва роҳбарони секторҳо, шахсони масъули вазорату идораҳо машварат баргузор шуд.

Роҳбари давлат таъкид сохт, ки шахсан худаш бо вазъияти корҳо дар маҳалҳо шинос мешавад, ба ин ҷо роҳбарони дараҷаи ҷумҳуриро равона мекунад, ҳамин тариқ масъалаҳои рӯзмарратарин ҳаллу фасл мешаванд. Дар ҳама ҷо тағйирот рух медиҳанд, вале вилояти Тошканд ҳеҷ «аз хоб бедор намегардад».
Вақт тез мегузарад, ҳар як рӯз, ҳар як дақиқа ғанимат аст. Мо сиёсатро муайян мекунем, шароит фароҳам меоварем. Шахсони масъул бояд қатъиян талаб кунанд, роҳбарони дараҷаи поёнӣ бошанд, ӯҳдадоранд мунтазам кор кунанд ва натиҷаҳоро таъмин намоянд. Мардум ба суханони хушку холӣ тоқат намекунанд. Дар вилояти Тошканд бошад, пешравӣ эҳсос намегардад. Рақобат куҷост, илм куҷост, натиҷаҳо куҷоянд, ташаббусҳо канӣ, бо чунин суолҳо ба иштирокдорони машварат муроҷиат кард Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки дар минтақае, ки иқтидори бузурги иқтисодӣ дорад, захира ва имкониятҳои мавҷуда пурра истифода намешаванд, саноат ҳанӯз бо чанд корхонаи бузург маҳдуд мегардад. Сатҳи рушди истеҳсолоти саноатӣ дар ноҳияҳои Бӯка, Пискент, Оҳангарон, Бекобод, Чирчиқи поён, Оққӯрғон ва Чиноз суст боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои Чирчиқи поён, Бекобод, Оҳангарон, Пискент ва Бӯка ҳаҷми хидмат ба сари ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи мамлакат ду-се баробар кам мебошад.
Дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳибкорӣ ва кишоварзӣ, шуғл ва беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. 
Президент вазифаҳои муҳимро оид ба рушди иқтисодиёти вилояти Тошканд, ташкил намудани корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ муайян кард. 
Дар машварат бо фаъолони вилоят зикр шуд, ки барои солҳои 2019-2020 барномаи нави минтақавӣ андешида шудааст, ки аз 784 лоиҳаҳои сармоявӣ ба маблағи умумии 39 триллиону 833 миллиард сӯм иборат мебошад. Дар байни онҳо 15 лоиҳаи бузурги таъиноти давлатӣ ва 769 лоиҳаҳое мавҷуданд, ки аз ҷониби тиҷорати хусусӣ ва сармоягузорон татбиқ хоҳанд шуд.
Он санад танқид карда шуд, ки фаъолияти 17 фоизи субъектҳои тиҷорати хурди ба қайдгирифташуда қатъ гардидааст, дар Ангрен ва ноҳияи Чиноз ин нишондиҳанда то ба 33 фоиз мерасад. Бобати барқарор кардани фаъолияти онҳо, ҷудо кардани вомҳо бинобар барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба оилаҳое, ки мехоҳанд кори худро ба роҳ монанд, супоришҳо дода шуданд. Барои ин мақсадҳо дар соли равон ҷудо кардани 350 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст, дар зарурат маблағҳои иловагӣ ҷудо карда хоҳанд шуд. 
Мо барои чӣ ба рушди соҳибкории оилавӣ, паррандапарварӣ, чорвопарварӣ, боғдорӣ дар хонаҳои аҳолӣ саъй менамоем? Бояд даромад ва иқтидори пардохти мардум боло бардошта шавад, гуфт роҳбари давлат.
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Ангрен» 470 гектар, дар минтақаи «Бӯстонлиқ-фарм»-20 гектар замин «бекор» мондаанд. Ба ин муносибат таъкид гардид, ки минтақаи озоди иқтисодии «Ангрен» ба идораи муътамади минтақаи озоди иқтисодии «Инчон»-и Куриёи Ҷанубӣ супурда шуд. 
Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, муовини ҳокими вилоят оид ба сармояҳо супурда шуд, ки 20-30 соҳибкори вилоятро интихоб кунанд ва онҳоро бо сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Куриё фиристонанд, дар он ҷо онҳо бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Инчон» бевосита шинос мешаванд. 
Роҳбари давлат ба ҳолати корҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва коммуналӣ эътибори махсус дод. 
Маркази таъминоти оби ошомиданӣ 64 фоизи аҳолии вилоятро дарбар мегирад. Ин дар ҳисобот чунин нишон дода шудааст. Дар асл бошад ин нишондиҳанда 40-50 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Бӯка, Чирчиқи поён, Чирчиқи боло ва шаҳри Нурафшон бошад, ба 30 фоиз ҳам намерасад. Дар чунин вазъият роҳбарон дар кабинетҳои худ чӣ гуна ором менишинанд, ман намефаҳмам, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур соли равон сохтмон ва таъмири 440 километр шабакаҳои нақли об ва 301 иншооти обӣ пешбинӣ гардидааст. Дар давраи аввал, ки бо иштироки Бонки рушди осиёӣ ба маблағи 144 миллион доллар татбиқ мегардад, корҳои дахлдор оғоз шуданд.
Боз як мушкилоти барои вилоят муҳим ба экология вобаста мебошад. Майдони воқеъ дар ноҳияи Оҳангарон, ки ба он ҷо партовҳои маишӣ аз Тошканд оварда мешаванд, 98 фоиз пур шудааст. Онро бояд пӯшид ва майдони навро ташкил намуд. Ин барои тозагӣ ва саломатии аҳолӣ муҳим мебошад, гуфт роҳбари давлат. 
Бинобар ҳаллу фасли ҳарчи зудтари мушкилоти нафақат бо оби ошомиданӣ ва иншооти обҳои нӯшокӣ, балки низоми таълими миёна ва нигаҳдории тандурустӣ, ҳамчунин роҳҳои автомобилгард вобаста супоришҳо дода шуданд. Барои ин барилова 1 триллиону 100 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. 
Президент бо лоиҳаҳое, ки мувофиқи дурнамои генералии Нурафшон татбиқ мегарданд, шинос шуд. 
Соли 2017 шаҳри мазкур маркази маъмурии вилояти Тошканд гардид, соли гузашта бошад, нақшаи генералии он кор карда баромада шуд. Алҳол дар ин ҷо корҳои васеъмиқёси сохтмон амалӣ мешаванд. 
Ба мақсади фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ барои аҳолӣ, навсозии инфрасохтор ва коммуникатсияҳо, васеъ ҷорӣ намудани ҷараёни созандагӣ дар пойтахт, дар маркази нави маъмурӣ дар 246 гектар сохтмони «Smart city» ба нақша гирифта шудааст. 
Ин «шаҳраки оқил» дар се давра сохта мешавад. Дар давраи аввал хонаҳои 9 ва 12 ошёна барои 1792 ҳуҷра бунёд меёбанд. Донишгоҳи нави Нурафшон ба соҳиби касбҳои замонавӣ шудани ҷавонон асос мегузорад, дар маҷмӯи пӯшидаи варзишӣ бинобар хелҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гимнастикаи бадеӣ, теннис, гӯштин ва шамшербозӣ мусобиқаҳои бузург гузаронида мешаванд,
Ба қарибӣ, ҳангоми шиносшавӣ бо хонаҳои 9 ошёна, ки дар кӯчаи Боғистони ноҳияи Чилонзори Тошканд сохта мешаванд, Президент зикр сохт, ки бояд чунин хонаҳо дар марказҳои вилоят низ бунёд карда шаванд. Дар пояи ин тавсияҳо лоиҳаи сохтмони 21 адад чунин хонаҳо дар Нурафшон андешида шуд. Ғайр аз ин дар ин ҷо кӯдакистон барои 360 нафар, мактаб барои 1200 нафар, иншооти маданиву маишӣ, минтақаҳои истироҳат сохта мешаванд. 
Нурафшон дар шаҳрсозии ватанӣ таҷрибаи нав ба шумор меравад. Иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, шароитҳое, ки дар онҳо фароҳам оварда мешаванд, бояд аз имкониятҳое, ки дар Тошканд мавҷуданд, кам набошанд, балки баръакс бо онҳо рақобат кунанд. Бешубҳа, барои ин бояд дар сари ҳар як лоиҳа ҷиддӣ кор карда шавад.
Низоми канализатсия дар Нурафшон умуман ба талабот ҷавоб дода наметавонист. Иншооти мавҷудаи софкунӣ имкон надорад тамоми шаҳрро фаро гиранд. Бинобар ҳамин ҳам дар ҷараёни сохтмон коммуникатсияҳои муҳандисӣ куллан нав карда мешаванд. 
Ҳамчунин кӯчаи марказии шаҳр – Тошкент йӯли бозсозӣ карда хоҳад шуд. Ба ҷойи хонаҳои куҳнаи якошёнаи шафати роҳ сохтмони хонаҳои 7 ва 9 ошёна, нуқтаҳои хидматрасонӣ, марказҳои саломатӣ, мағозаҳои бузург оғоз ёфт. Дар назди ҳар кадом иншоот бунёди хиёбонҳои автомобилнигаҳдорӣ пешбинӣ шудааст.
Баробари роҳи чорсамтаи автомобилгард роҳҳои дохилӣ сохта мешаванд. Пайроҳаҳои велосипедронӣ ва пиёдагард низ бунёд меёбанд. Барои низомҳои ирригатсионӣ ҷӯйборҳои нави пӯшида устувор карда шуданд.
Ба мақсади пешгирӣ намудани тирбандӣ дар кӯчаи Тошкент йӯли сохтмони роҳи нави 4 километра, ки ба маркази «Smart sity» мебарад, пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, ба мақсади бо кор таъмин намудани аҳолӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавӣ бобати ташкили хиёбони техникӣ ба майдони 100 гектар барои сохтмони корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ андешида мешавад.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо бинобар бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони вилоят баргузор шуд. Барои лоиҳаҳои мазкур, ки мувофиқи супоришҳои роҳбари давлат имкон медиҳад дар соли 2022-юм дараҷаи таъминоти аҳолии вилоятро ба оби ошомиданӣ тақрибан то 92 фоиз таъмин намояд, маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар 50 гектар замини ноҳияи Чирчиқи миёна сохтмони маҷмӯи савдои инноватсионӣ пешбинӣ мегардад. Дар маҷмӯи арзиши лоиҳавиаш 50 миллион доллар тақрибан 5 ҳазор дукон ҷойгузин мешаванд, беш аз 10 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам меоянд. Дар маҷмӯъ, ки соли 2021-ум ба истифода супурда хоҳад шуд, савдои маҳсулоти ғайриозуқаворӣ, молҳои маишӣ, маводи сохтмон ба роҳ монда мешавад. 
Шавкат Мирзиёев таъкид сохт, ки вилояти Тошканд маркази муҳими логистикии мамлакат ба шумор меравад, инро ҳангоми сохтмони маҷмӯъҳои бузурги савдо ва хидматрасонӣ бояд ба инобат гирифт. Ӯ бобати босифат ва саривақт татбиқ намудани ҳар кадом лоиҳа супоришҳо дод.

Зиёдулло 
ҶОНИБЕКОВ, 
Матназар 
ЭЛМУРОДОВ, 
хабарнигорони махсуси ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: