АЙЁМИ ШУКРГУЗОРӢ

Моҳи шарифи Рамазон ба поён расид

Азизон! Инак, як моҳ шуд, ки мардуми мусулмон дар моҳи Рамазони шариф бо ихлосу муҳаббат рӯза гирифтанд, сарватмандону ҳимматбаландон ба ҳадди имкон аз аҳволи муҳтоҷон хабардор шуданд, дастурхони ифтор боз намуда, аз амволи худ закот доданд ва бо хайру эҳсон амалҳои нек зоҳир карданд. Ба дармондагон кӯмак расонданд.
Аз Абу Ҳурайра р.а. ривоят аст: «Пайғамбар с.а.в. гуфтаанд: ҳар касе муъминеро аз ягон машаққати ин дунё раҳонад, Аллоҳ таъоло рӯзи қиёмат яке аз машаққатҳои ӯро кам мекунад, касе, ки ташвиши камбизоатеро сабук созад, Аллоҳ ин дунё ва охирати ӯро сабук хоҳад кард, ҳар шахс нуқси мусулмонеро пинҳон дорад, Аллоҳ айби ӯро дар ин дунёю охират ниҳон хоҳад дошт. Бандае чун дар андешаи имдод ба бародари мусулмони худ бошад, Аллоҳ низ ба ӯ ёрӣ мерасонад».
Шукри беҳад, ки бо шарофати истиқлол баробари дигар орзую умедҳои мардумамон арзишҳои миллию диниамон низ рӯйи об баромаданд. Барои мусулмонон имкониятҳои бемисл фароҳам омаданд. Дар қатори силсилаи чорабиниҳои зиёд мувофиқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷараёнҳои ободгардонии «Ҳафт пир»-и Бухорои шариф дар марҳалаи нав ҷомаи амал пӯшид. Аз ҷумла зиёратгоҳи Хоҷа Орифи Моҳитобон ар-Ревгарӣ бинобар бунёдкорию бозсозиҳои зиёд зебо ва ҷозибаноктар гардид.
Сарвари давлат моҳияти тарбиявию инсонпарваронаи дини мубини исломро алайҳи каҷбинию каҷфаҳмиҳо аз минбари волои СММ таъкид сохт. Ҷараёнҳои амалӣ, бешубҳа, ба рушду такомули анъанаҳои бостонии мо мусоидат мекунанд.
Эҳёи Иди рамазон низ неъмати истиқлол аст. Пас ин неъмат, ин Ид муборак бод, дӯстон!

Ҷасурбек ЛАТИПОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Ориф ар-Ревгарӣ (Моҳитобон)
дар ноҳияи Шофиркон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: